Қарор аст нимаи дуввуми моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон аз Бадахшон дидан намояд. Ҳарчанд хабари боздиди раиси ҷумҳур аз Бадахшон дар рӯзҳои аввали амалиёти махсус дар ин вилоят паҳн гардид, аммо то ба ҳол таърихи анҷоми ин сафар дақиқ эълон нашуда аст. Қаблан хадамоти матбуотии раиси ҷумҳур ҳангоми амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва вокуниши кишварҳои хориҷ дар ин бора хабаре паҳн кард. Тибқи он Эмомалӣ Раҳмон дар зудтарин фурсат, ба эҳтимоли зиёд ҳангоми таҷлил аз 80 солагии Хоруғ ба ин вилоят сафар кунад. Президенти кишвар низ дар сӯҳбати худ бо донишҷӯён дар рӯзи 1-уми сентябр гуфтааст, ки сафар ба Бадахшон баъд аз 9-уми сентябр сурат хоҳад гирифт.
М. Ҳайит: Барои қурбониёни амалиёти Хоруғ бояд рӯзи мотам эълон мегардид
Гуфта мешавад, ки дақиқ набудани таърихи сафари президенти кишвар ба Бадахшон суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дақиқ эълон нагардидани сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон вобастагӣ ба таъмини амнияти шахсии президент дорад. Дар ҳамин маврид Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ки аслан раиси ҷумҳур набояд худро дар дохили кишвар ҳамчун "меҳмон" эҳсос кунад. Ба хусус дар Бадахшон ин сафар набояд бо гулу гулдастаҳову мадҳиясароиҳо анҷом ёбад. Зеро баъди амалиёти махсус мардум аз ҳукумат хеле дилсард шуданд. Эмомалӣ Раҳмон низ бояд талош кунад, ки дар рафти сафар ин мушкилиҳоро бартараф карда, боварии мардумро ба даст орад.
"Ин сафар ба Бадахшон хеле дер сурат гирифт. Сафаре, ки бояд дар рӯзҳои аввали амалиёти махсус анҷом меёфт. Раиси ҷумҳур бояд дар рӯзи аввал барои марги мардуми осоишта вокуниш нишон медод. Аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳатто замони эълони оташбас вокуниш накард. Ба ҳар сурат дер сурат гирифтани сафар, аз набудани он беҳтар аст. Вале дар ин сафар кӯдакону наврасон набояд дар ҳар қадам гул пошанд. Вазъият ба маротиб фарқ мекунад", илова кард Маҳмадалӣ Ҳайит. Гузашта аз ин мардуми ин минтақа ҳоло мотам доранд. Аз ин хотир эҳтимоли анҷоми сафар дар рӯзи ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ низ ҳам аз нигоҳи сиёсат ва ҳам аз нигоҳи мантиқ кори дуруст нест. Маҳмадалӣ Ҳайит бар ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо нашри хабари нахустини марги мардуми осоишта бояд рӯзи мотам эълон мекард. Номбурда аз он дар тааҷуб аст, ки чаро раиси ҷумҳур бо пайдо гардидани хабарҳои маргу инфиҷор дар давлатҳои хориҷ ба мардуми он кишвар номаи тассалият равон мекунад. Вале бо анҷоми чунин амалиёти густарда ва қурбонии зиёд боре ҳам ба мардуми Бадахшон муроҷиат накард.
И. Талбаков: Мотами миллӣ дар ҳолатҳои фавқулода эълон мешавадИн ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон амалиёт дар Бадахшон ба хотири барканор кардани ҷиноят ва ҷинояткорӣ буд. Аз ҷониби дигар фиристодани номаи тассалият ҳам нозукиҳои худро дорад. Барои мисол ин нома замоне фиристода мешавад, ки вазъияти ғайримуқарраӣ ва фавқулодае ба вуҷуд омада ва ё қурбониёни зиёде дошта бошад. Воқеъияти Бадахшон бошад ҳоло баҳои ҳуқуқии худро нагирифтааст. Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки масъулини ҳукумат бояд гурӯҳи махсусеро таъсис дода воқеъияти Бадахшонро таҳлил бикунанд.
"Анҷом ёфтани чунин амалиёт дар Бадахшон амали ғайричашмдоште набуд. Ин амалиёт танҳо ба хотири таъмини амнияти мардум анҷом ёфт. Дар рафти ин амалиёт гурӯҳҳои ҷинояткор бартараф карда шуданд. Ин вазифаи ҳукумат аст. Ва ҳукумат ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми анҷоми чунин амалиёт аз нерӯҳои қудратии худ истифода кунад. Албатта, ҷои таасуф аст, ки дар рафти ин амалиёт қурбониён ҳам аз ҷониби ҳукумат, ҷинояткорон ва мардуми осоишта буд", мегӯяд Исмоил Талбаков.
И. Талбаков: Сафарҳои хориҷии президентро мавқуф гузоштан мушкил
Пурсиши дигаре, ки имрӯзҳо матраҳ мешавад, ин аст, ки чаро раиси ҷумҳур бо анҷоми чунин амалиёти густарда фавран ба Бадахшон сафаре анҷом надод. Таҳлилгарон аз он дар тааҷубанд, ки дар моҳи охир президенти Тоҷикистон аз Туркманистон, Эрон, Ҳиндустон дидан кард. Дар ҳоле, ки нахуст бояд аз Бадахшон боздид мекард. Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков гуфт, ки тамоми сафарҳои хориҷии президент тавассути шабакаҳои дипломатии байналмилали соле қабл тарҳрезӣ мешаванд. Ва рад кардани чунин сафарҳо кори чандон дуруст нест. Зеро дар рӯзи аввали мувофиқа кишварҳои хориҷ низ нақшаи кории худро тарҳрезӣ мекунанд. Илова бар ин раиси ҷумҳур ба ҷуз аз анҷоми боздид аз манотиқи дохилӣ корҳои зиёди дигаре дорад. Ба бовари номбурда вақте тамоми намояндаҳои ҳукумат дар Бадахшон ҳузур доштанд, зарурияти фавран анҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ набуд.
"Бубинед дар рӯзҳои амалиёт дар Хоруғ раҳбари кумитаи амният Саймумин Ятимов, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ва ҳамчунин намояндагони дигари аъзои ҳукумат ба монанди раҳбари фарҳангистони улум Мамадшо Илолов, муовини раҳбари МНМО Мирганд Шаҳбозов ва вазири меҳнат Маҳмадамин Маҳмадаминов ҳузур доштанд. Ва ҳеч зарурияте барои шахсан ҳузур доштани Эмомалӣ Раҳмон он шабу рӯз дар минтақа набуд", илова кард муовини раҳбари ҲКТ.
Гуфта мешавад, ҳоло атрофи равон кардани теъдоди зиёди низомиён ба Бадахшон дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон сару садо зиёд аст. Расонаҳои хабарӣ бо такя ба сарчашмаҳо менависанд, ки нерӯҳои низомӣ натанҳо аз дохили Душанбе балки аз дигар манотиқи кишвар ба Бадахшон то имрӯз ворид гардиданд. Дар ҳамин маврид суоле ба вуҷуд меояд, ки равон кардани теъдоди зиёди низомиён ба Бадахшон зарурият дорад ё на? Маҳмадалӣ Ҳайит муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки ҷустани душман миёни мардум аз ҷониби ҳукумат кори хуб нест. Раиси ҷумҳур дар кишвар бояд худро меҳмон эҳсос накарда, бо мардум бояд бо забони мардум сӯҳбат кунад.
Бархе таҳлилгарон ба Бадахшон сафар кардани раисҷумҳурро бамаврид мешуморанд. Аммо на дар доираи ҷашни 80 солагии Хоруғ, зеро пас аз фоҷиаи Бадахшон худи барпо намудани ҷашн барои мардум хушоянд нахоҳад буд.
Ҳумайрои Бахтиёр