Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд
Имрӯз, 5-уми сентябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН иҷлосияи дуюми ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони кишвар сурат пазируфт.
Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Вакилон пас аз ҳайати раёсат ва аъзои Комиссияи электронии овозҳо, Котибот ва Гурӯҳи кориро интихоб намуданд: «Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки ҷавобгӯи шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии кишварамон мебошад, яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ба ҳисоб меравад ва дар ин замина ҳанӯз 24 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ Комиссияи махсус таъсис гардида буд».
Гуфтанист, дар лоиҳаи нави Кодекси андоз тартиби андозбандӣ ва маъмурикунонии он бамаротиб содда гардонида шуда, шумора ва ҳаҷми андозҳои пешбинишаванда нисбат ба кодекси амалкунанда ба таври назаррас кам гардидаанд, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои некӯаҳволии аҳолӣ ва беҳтарсозии вазъи соҳибкории хурду миёна нигаронида шудааст. Сабукӣ ва имтиёзҳои дар лоиҳаи нави Кодекси андоз пешнбинишаванда, ҳамчунин барои мусоид гардидани фазои иқтисодии кишварамон ҷиҳати сармоягузорӣ заминаи мустаҳками меъёрию ҳуқуқиро фароҳам месозад.
Манбаъ афзуд, баъдан, вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Маҳмадшариф Ҳақдодов, Лутфулло Саидмуродов, Шодӣ Шабдолов, Махфират Хидирова ва Амир Катаев роҷеъ ба моҳият ва зарурияти лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав фикру андешаҳои худро пешниҳод карданд. Зикр шуд, ки аз тарафи вакилони парлумон бо мақсади ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ мутобиқ намудани Кодекси мазкур, аз байн бурдани мухолифати дохилии меъёрҳои ҳамин Кодекс ва ҳамчунин бо ҳам мутобиқ намудани матни лоиҳа бо забони давлатӣ ва русӣ 326 талифу эродҳо пешниҳод гардиданд: «Аз ин шумора 250 таклифу эродҳо қабул ва қисман қабул карда шуд, ки ин қариб 80 фоизро аз миқдори умумии таклифҳои пешниҳодшуда ташкил медиҳад».
Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокима ва баррасии боб ба боб ва модда ба модда қабул гардид.
Дар ин иҷлосия ҳамчунин дар бораи пешниҳодҳои президент «Оид ба таъин намудани Дилмурод Давлатов ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба таъин намудани Хуршед Каримов ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди ёд кардани савганд тасдиқ гардиданд.