Имрӯз дар боғи «Рӯдакӣ» бахшида ба рӯзи китоб, ки ҳар сол 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, намоиши китоб баргузор гардид, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор китоби тозанашр ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоишгоҳи мазкур Фароғат Азизӣ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Маҳмадсаид Пиров мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Абдулҳамид Самадов муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ташкилоти ҷамъятии «Истиқбол» ба нашри китобҳо ва маҷалаҳои бачагона ва нашри маҷалаи «Истиқбол» машғул аст, ки имрӯз ба намоиш зиёда аз 100 намуд китобҳои кӯдакона овардаанд.
Мавҷудаи Соҳибназар корманди маҷаллаи «Истиқбол» мегӯяд: «ман имрӯз мебинам аз мактабу донишгоҳҳо толибилмонро маҷбур карда ба намоиш овардаанд. Ба сухани ҳар яки онҳо гуш меандозам, мегӯянд, ки «Э инҷо китобҳои кӯдакона асту … барои чӣ моро оварданд?» Онҳо ҳамин хел мегарданду боғро тамошо мекунанду мераванд».
«Ба ҳама маълум аст, ки аз Вазорати маъориф ба мактабҳо супориш медиҳанд, ки ба намоишгоҳ аз рӯи нақша ҳамин қадар мактаб иштирок намоянд. Ин ҳамаш худнамоишдеҳӣ аст. Мо одат кардаем, ҳамаи чорабиниҳоро сатҳӣ мегузаронем, яъне, барои нақша ҳамин рӯз ҳамин чорабинӣ шуд, ҳамин қадар одам иштирок кард, тамом»-афзуд ӯ.
Бахтиёр Зоиров иштирокчии намошгоҳи мазкур аз гарон будани нархи китоб дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.
Ӯ гуфт: «Чандмаротибамешавад, ки дар намоигоҳи китоб иштирок намуда ба худ китобҳои заруриро харидорӣ менамоям. Дар ин ҷо китобҳои нав ва дорои арзишҳои маънавии зиёдро ёфтан мумкин аст. Аммо бояд гуфт, бо дарназардошти маоше, ки дар Тоҷикистон аст, як китобро ба 30 сомон харидан хеле гарон мебошад».
Дар мавриди ҳавасманд будани ҷавонон ба китоб БахтиёрЗоиров афзуд, ки ҷавонони тоҷик ба китоб камтар аҳамият медиҳанду мақсади ба ин ҷо омадани онҳо танҳо вақтгузаронист.
Шариф Комилзода муовини директори Китобхонаи миллӣ изҳор намуд, ки дар китобхонаи онҳо беш аз 2 ҳазор нусха китоби тозанашр ба намоиш гузошта шудааст. Илова бар ин дар осорхонаи китобхонаи мазкур намоиши 95 дастхати нодири мутаалиқи асрҳои 13 ва 19 низ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳадафи асосии намоишгоҳ ин ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷомеъа ба китобхонӣ мебошад.
Нилуфари КАРИМ