Кишоварзони ноҳияи Данғара барои имсол беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили гандум рӯёндаанд, ки барои ҳар як сокини ноҳия тақрибан 1 тонна рост меояд.
Ноҳияи Данғара 126 ҳазор аҳолӣ дошта, сокинон усулан ба ғаллакориву чорвопарварӣ шуғл доранд. Гузашта аз ин, замони ахир бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ин ҷо даҳҳо корхонаву ташкилотҳои саноативу сохтмонӣ бунёд ёфта, аҳолиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, мушкили бекориро то андозае коҳиш медиҳанд.
Тибқи иттилои Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси вақти ноҳия, соли равон кишоварзони ноҳия дар якҷоягӣ бо заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар майдони наздик ба 40 ҳазор гектар кишти ғалладона гузаронида, ҳосили фаровон ба даст овардаанд. То рӯзи 30-юми август ҳосили умумӣ беш аз 100 ҳазор тоннаро ташкил дод. Вале Сайдалиев мегӯяд, ҳоло гандуми нокӯфта зиёд аст ва шояд зиёда аз 10-ҳазор тонна гандуми дигар ба даст биёяд: «Кормандони идораи кишоварзӣ дар якчоягӣ бо намояндагони ҳукумат бо деҳқонон вохӯрда, моҳияти истифодаи замин ва корҳои таблиғотиро бештар мекунанд. Банда ҳам бо кишоварзон иртиботи доимӣ дорам, барои дастрасӣ ба тухмии хушсифат, техникаи корӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвориву обёрии замин ҳамеша ба онҳо кӯмак менамоям».
Гуфтанист, кишоварзони ин минтақа аз тухмиҳои кишвари Русия истифода мебаранд ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Сайдалиев мегӯяд, бо ташвиқоти ҳукумати маҳаллӣ хоҷагидорон аз вилояти Краснодари ин давлат тухмиҳои суперэлитаи навъҳои Ясавул, Первитса, Дратсия, Гром ва Краснодар-99 харидорӣ намуда, кишт мекунанд.
Ба саволи хабарнигори Озодагон, ки чаро аз тухмии худӣ данғарагиҳо истифода намебаранд, ҷаноби Сайдалиев гуфт, «ин ҷо танҳо як сабаб аст, он ҳам бошад сифати паст ва ҳосилнокии паст. Мо ҳам бисёр мехоҳем, ки аз тухмии худамон кишт намоем, вале он самараи дилхоҳ намедиҳад. Дар ин маврид институтҳои тухмипарвариро зарур аст сари ин масъала ҷиддӣ кор кунанд».
Дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кило тухмии аз Русия харидорӣ мешуда бо ҳама харчҳояш то ба ноҳияи Данғара 3 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ бошад аз ҳар гектар то 50 сентнер ва дар баъзе маврид беш аз 60 сентнерро дар бар мегирад. Ба иттилои аз идораи кишоварзии ноҳия расида, имсол 12 хоҷагӣ ҳосили аз 60 то 66 сентнерӣ гирифтаанд. Ин ҳам бошад дар заминҳои лалмӣ. Воқеан, қисмати зиёди заминҳои ғаллакории ноҳия заминҳои лалмӣ мебошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, аз тухмии воридшуда танҳо 5 сол истифода бурдан мумкин аст. Баъди ин муддат, ҳатман онро иваз намудан даркор будааст то боз ҳам ҳосили бештар ба даст овард.
Раиси ноҳия мегӯяд, тайи солҳои дароз кишоварзони ноҳия инчунин ҳосил нагирифта буданд. Танҳо соли 2008-ум низ боду ҳавои мусоид омада буду деҳқонон наздики 100 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ карда буданд. Аммо соли равон бо истифода аз коркарди хуби замин, шудгори саривақтӣ ва таъмини нуриҳои минералӣ ҳосили гандум аз 110-ҳазор тона боло рафт.
Бояд гуфт, ҳукумати маҳаллӣ баҳри беҳбуди кори кишоварзӣ дар ноҳия ва андӯхтани таҷрибаи кории дигар, бо кишоварзони давлати Чин ва Ҳиндустон дар ҳамкорӣ мебошад. Тайи 2 сол кишоварзони хитойӣ дар заминҳои Данғара кишти помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти полезӣ, инчунин истеҳсоли таги плёнкагии ин маҳсулотро гузаронида, ба ҳамтоҳоёни тоҷики худ нозукиҳои онро омӯзонидаанд. Дар идораи кишоварзӣ гуфтанд, ки шартномаи корӣ бо чиноиҳо ба анҷом расида, ҳамакнун дар ин заминҳо деҳқонони тоҷик кор мекунанд. Ҳиндуҳо низ шартномаи 2 сола ба имзо расонида, дар ҳоли ҳозир дар якчоягӣ бо деҳқонони маҳаллӣ ба ниҳолшинониву картошкапарварӣ машғуланд.
Аслиддин Достиев