Чанд сол қабл дар матбуоти даврӣ таҳти унвони «Табиати кўҳистон пир мешавад» навиштаи интиқодии банда ба табъ расида буд. Дар он мақола вазъияти ҷангалзорҳои ноҳияи Панҷакент зери танқид қарор гирифта буданд. Ҳадафи аслӣ он ҷо аз норасоии барқ ва ангишт дар сардии зимистон авҷ гирифтани дарахтбурӣ ва равона кардани таваҷҷўҳи мутасаддиён ба ин паҳлўи масъала буд. Имсол ҳангоми сафар ба водии Зарафшон чашм ба ҷангалзори дар минтақаи ҷамоати деҳоти Амондара барқароршуда афтоду ҳамон мақола ба хотир омад ва лозим донистам, бо яке аз ҷангалбонони минтақа, ки бо тахаллуси Максим ва «Гурги танҳо» маъруф аст, сӯҳбат ороям. Ногуфта намонад, ки ба қавли мардуми маҳаллӣ «аз дасти ў касе як хар ҳезум оварда наметавонад».
Муаррифӣ: Эгамбердиев Лутфулло (Максим) соли 1954 дар деҳаи Майкада ноҳияи Панҷакент дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома дода, пас аз он дар соҳаи маориф кору фаъолият дошт. Бо тақозои вазъият ва хоҳиши дил ба кори ҷангалбонӣ гузашта, беш аз ду даҳсола боз дар ин бахши муҳим адои вазифа мекунад. Борҳо бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Савол: Тавре медонам, шумо аввал омўзгор будед, чӣ шуд, ки роҳ сўйи касби ҷангалбонӣ бурдед?
Ҷавоб: Вақте ки мактабро хатм намудам, падарам пурсон шуданд, ки таҳсилро дар куҷо давом додан мехоҳам. Хоҳиши ман бо хоҳиши падарам рост наомад. Ман мехостам, ки дар донишкадаи хоҷагии ҷангали донишгоҳҳои марказӣ дохил шавам. Аммо падарам розигӣ надоданд.
Соли 1976 факултети филологияи руси Донишкадаи Хуҷандро хатм намуда ба кор шурўъ намудам. Дар мактаби деҳа кор карда зина ба зина то ба ҷонишини сарвари мактаб расидам. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди шўравӣ мардум роҳи зиндагии худро гум карданд. Душманони бурунмарзии Тоҷикистон мардумро ба кишт намудани маводи мухаддир – кўкнор роҳнамоӣ карданд. Дар ҷангалзор кишти кўкнору банг авҷ гирифт. Ҷангалбурӣ оғоз шуд. Ман дар он солҳо вакили шўрои шаҳрӣ будам. Ин ҳолатро дида тоқат накардам ва касби худро иваз намуда, ба хоҷагии ҷангал ба кор гузаштам.
Савол: Соҳаи тамоман бароятон бегона мушкилӣ надошт ва онро чӣ гуна пушти сар кардед?Ҷавоб: Дар ин ҷо (хоҷагии ҷангал- Қ.М) як дўсти русам, ки муҳандиси ҳифзи ҷангал шуда кор мекард, маро дастгирӣ намуд. Ман ба сифати инженери ҳифзи ҷангал ба фаъолият оғоз намудам. Вазъият ниҳоят душвор буд. Кишткунандагони маводи мухаддир кўшиш мекарданд, ки кўкнору бангро дар ҷойҳои беодам, душвору касногузар кишт кунанд. Аз ҷониби дигар, норасоии нерўи барқ, қимат будани маводи сўзишворӣ, ангишт, душманони ашаддии ҷангал буданд.
Бо мардуме, ки маърифати экологӣ надоранд, аҳамияти дарахту буттаҳоро намедонанд, кор кардан ниҳоят мушкил аст ва ҳамон вақт ҳам мақолаи шумо ба табъ расида буд
Савол: Як сабаби сўҳбати мову шумо ҳам ҳамон мақола аст. Пас аз аз чанд сол ман мебинам, ки дар соҳили дарёи Зарафшон дар минтақаи ҷамоати деҳоти Амондара бараъло ҷангалзори бунёдшуда ба чашм мерасад, ки солҳои сол замини холиву регзор ва роҳи оби дарё буд. Ин чӣ тавр ба шумо даст дод?
Ҷавоб: Албатта, танқид аслиҳаи созанда аст, вале ман фикр мекунам, ки он мақола аслан аз хотири мутасаддиён рафта ва сабаби ободиву муносибати ҷиддӣ аслан дар дигар чиз аст. Зина ба зина пойдор гардидани давлати соҳибистиқлолу навбунёди мо пеши роҳи ин бемориҳоро гирифт. Вазифаҳои масъулиятталабро дар соҳаи мо низ шахсони кордону ўҳдабаро ба зимма гирифтанд, ҳоло сарварии корхонаи давлатии хоҷагии ҷангали Панҷакентро шахси масъулиятшинос Маҳкамов ба зимма доранд. Ивазшавии роҳбар дар ташкилоту корхона ҳамеша дигаргунӣ ва пешравиро талаб мекунад, Маҳкамов низ бо кормандони собиқадору пуртаҷрибаи корхона маслиҳат намуда роҳҳои баланд бардоштани иқтисод, мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо оид ба ҷангал ва шикор, зиёд намудани майдони ҷангалзорҳоро ба роҳ монданд. Дар як муддати кўтоҳ обрўи идораи хоҷагии ҷангал ва нуфузи он баланд гардид. Идора аз ҷиҳати иқтисодӣ ва кадрӣ пурқудрат шуд. Ҳамин аст, ки дар мавридҳои чорабинӣ оид ба васеъ гардонидани майдони ҷангалзорҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ корхона ҳамеша омода ва дар паҳлўи мардум аст.
Савол: Боло рафтани тавону зарфияти идораи « Хоҷагии ҷангали ноҳия»-ро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ҷавоб: Албатта, қудратмандии корхона танҳо бо иқтидори иқтиодиаш не, инчунин бо захираи зеҳниаш низ муайян карда мешавад. Дар корхонаи мо дар ҳар ду ин самт пешравӣ ба назар мерасад. Соли 2009 дар бунёди мактаби нав дар ҷамоати селзадаи Хурмӣ корхона ва сарвари он, гардишгоҳҳои 1,2,3,4-уми минтақаи ҷангали Панҷакент саҳми арзанда гузоштанд. Соли 2011 дар деҳаи Шингак хонаеро бо як талафоти ҷонӣ сел гирифт. Хоҷагии ҷангал барои ин оилаи офатзада хонаи истиқоматӣ бино кард. Ҷангалбонони минтақа бо қувваи ҳашар бинои хонаро сохта бо соҳибонаш супориданд.
Савол: Нақшаҳои баъдӣ ва дурнамои кори идора аз чӣ иборат аст?Ҷавоб: Соли 2012 соли ниҳоят сербориш омад, ба роҳҳое, ки аз тўғайзор ва киштзор мегузаштанд, зарари зиёде ворид кард, ҳамаи инро ба назар гирифта, дар минтақаҳои мазкур корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Аз ҳама осебу зарарҳо барои ҷангал хавноктаринаш зарари инсон аст, бинобар ин ҳоло пайваста дар байни мардум, бахусус мактаббачагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сўхтор дар ҷангал, буридани дарахтони он бурда мешавад. Ҳамаи ҷангалбонон аз он ҷумла ман дафтари бақайдгирии ҳаррўза дорем. Ҳамаи супоришҳо дар он дарҷ гардида, ва сари вақт роҳи ҳалли худро меёбанд.
Ман фақат як таманно дорам, бигузор, Тоҷикистон ба ду маънӣ сарсабз бошад. Аввал, ин ки сарсабзӣ рамзи ҳаёти осоишта аст ва дуюм, ба маънии аслӣ, бигузор ҳама ҷо бешазору буттазор, марғзору киштзор бошад, ки рамзи ободии ватан аст.
Мусоҳиб: Қутбиддин Мухторӣ