Аниқтараш, Иззат Давлатов, сардори Раёсати молия, бо сабабҳои гуногун зиёда аз 9 моҳ мешавад, ки ваъда медиҳаду аммо маблағгузорӣ намекунад. Ин дафъа ҳам ваъдаи пардохт кардааст, аммо…
Зафар Давлатов, сармуҳандиси ширкати «Руд» мегӯяд, ҳанӯз соли гузашта табақаи 3-юми бинои коллеҷи омӯзгориро дар шаҳри Кӯлоб таъмиру тармим ва барқарор карда будем. Ба қавли ӯ, сафари райисҷумҳур ба минтақа суръати корҳоро афзоиш дода буд ва аз сохтмончиён тақозо мегардид, ки ҳар чӣ зудтар корро анҷом диҳанд: «Ширкати мо ҳам дар ин маврид ҳар чӣ тавонист корҳоро босифат ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонид. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 115 ҳазор сомониро ташкил дод, ки фармоишгар қисмати зиёди онро пардохт намуд. Аммо чун корҳо ба анҷом расиданд ва сафари кории президент низ сурат гирифт, дигар маблағи боқимондаро, ки 18 ҳазору 640 сомонӣ мебошад, Раёсати молияи минтақа пардохт кардан намехоҳад. Аниқтараш, Иззат Давлатов, сардори Раёсати молия, бо сабабҳои гуногун зиёда аз 9 моҳ мешавад, ки ваъда медиҳаду аммо маблағгузорӣ намекунад».
Ба гуфтаи Амирхон Хидиров, сардори ширкати «Руд», боз ҳам дафъаи навбатӣ сардори Раёсати молия ваъдаи пардохти маблағро кардааст, аммо медонем, ки боз фиребамон медиҳанд. Зимнан, Ҳабибуллоҳ Валиев, сардори ширкати сохтмонии «Сайёр» мегӯяд, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта бо фармоиши ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар қабристони масеҳиёни шаҳр корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд. Вале Бахтиёр Назаров, сардори идораи молияи шаҳр бо баҳонаи набудани маблағ дар буҷа, беш аз яку ним сол аст ҳаққи ҳалоли корашонро намедиҳад. Ба қавли ҷаноби Валиев, тайи ин муддат ӯ зиёда аз 20 маротиба барои гирифтани маблағи корашон, ки ҳамагӣ 16 ҳазор сомонӣ аст, ба Назаров муроҷиат намудааст, вале бенатиҷа: «Ба монанди мо даҳҳо корхонаҳои сохтмонӣ муддатҳои зиёд наметавонанд маблағашонро аз идораи молияи шаҳр гиранд. Дар ин ҳолат, корхонаҳо низ аз пардохти андози давлатӣ баромада наметавонанд. Наход тайи яку ним сол маблағи кориро пардохт карда натавонанд? Аммо мо ба хубӣ медонем, ки ягон «тағо» ва ё нафари миёнарав пайдо шавад, маблағгузорӣ низ мешавад».
Суоле кушода боқӣ мемонад: Оё Раёсат ва идораҳои молияи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд, ки ҳаққи меҳнати ташкилоту идораҳои сохтмониро баъди анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ, ки дар аксари маврид ба қавли роҳбарони ин ташкилотҳо масолеҳи сохтмониро ба таври қарз аз мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ мегиранд, пардохт нанамоянд? Ва гузашта аз ин, ба кадом хотир ва бо чӣ ҷурм маблағгузорӣ аз ҷониби идораи молия ба дарозо мекашад, ҳатто пардохти ҳаққулзаҳмати эшон 2 ва 3 сол тӯл мекашад? Вале аҷибтар боз он аст, ки баъди ҳар санҷишу тафтиш то ҳанӯз ягон ревизор ин камбудиҳоро дар идораҳои молия ошкор накардааст ва бегумон нахоҳад кард. Ё шояд ин сирри «сирф молиявӣ» аст, ки ревизор медонаду сардорони идораҳои молия?!
Дар ҳамин ҳол, иллати муроҷиат накардани ташкилотҳои сохтмониро ба додгоҳ Валиев шарҳ дода мегӯяд, сохтмончиён аз он дар ҳаросанд, ки «дигар объекти корӣ пайдо карда наметавонанд». Ва танҳо интизори он мемонанд, ки рӯзе маблағҳояшонро идораи молия пардохт хоҳад кард ва ё ягон нафари миёнараве меёбанду маблағашонро мегиранд. Дар ин сурат, боз ҳам умеди дарёфти иншооти нави корӣ хоҳад монд. Дар акси кор, сохтмончии даъвогари ҳаққи ҳалол, роҳбарони идораҳои молияро хуш намеояд ва дигар ба ҳеч ваҷҳ «даъвочиро» барои ҳамкорӣ даъват нахоҳанд кард.
Аслиддин Достиев