Ҳамсафарам як ҷавони хуҷандӣ гӯё аз вазъам огоҳ шуд, ки гуфт: ин ҳамаш нишони ҷанг, ако, ҳоло ҳамаш нағз мешавад.
Охири ҳафтаи гузашта пас аз сафари чандрӯза ба Бишкек, аз тариқи Бодканд ба ватан баргаштам. Ман ин шаҳракро бори аввал се даҳа пеш дида будам ва таи ин солҳо борҳо аз он гузаштаам. Аммо ҳеч гоҳ дар фурудгоҳи ин шаҳрак, ки имрӯз маркази вилояте ба ҳамин ном аст, ҳузур надоштам ва ба ростӣ шояд қаблан ин ҷо фурудгоҳе ҳам надошт, зеро зарурат набудаву аҳолии ин шаҳрак аз нуқтаҳои дур то Хуҷанд бо ҳавопаймо меомаданд. Ба ҳар ҳол аз фурудгоҳи кучаки Бодканд сабукраверо то Исфара кироя кардем. Шаҳраки Бодканд назар ба солҳои пеш хеле обод шуда ва ба худ симои шаҳр гирифта. Хиёбону кучаҳо қиррезӣ шуда ва тарҳи биноҳо, рангу тозагӣ низ далел аз талош барои арзандаи мақоми маркази вилоят шудани ин шаҳрак мебошад. Вақте ба нуқтаи назорати марзӣ расидем ва чашмам ба бинои муносиб ба чунин маконҳо афтод, бори дигар ба худ иқрор кардам, ки ҳамсояи мо барои боло бурдани ҷойгоҳи худ дар назари меҳмонҳо талош мекунандва дарк кардаанд, ки ин гунна нуқтаҳо нишонгари симои давлату давлатдорист. Дохили биное шудем, ки ҳеч камаз ҳеч биное дар ҳамаи кишварҳои пешрафта надошт ва нуқтаи назорати марзӣ дар он ҷойҳо чунин муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар як сӯ назорати гузарнома, дар як сӯ гумрук ва гӯшаҳои дигар соири хадамоти назоративу амниятӣ. Бидуни ҳеч пурсуҷӯи зиёдӣ мӯҳр дар сафҳаи гузарномаи мо зада шуду чаҳор мусофир паи ҳам аз бино берун омадем ва ба мошини кироя савор шудем. Шояд наздики як келометр масофа тай кардем, ки расидем ба нуқтаи марзии Тоҷикистон. Банда нуқтаҳои дигари марзбонии кишварро таи солҳои ахир надидаам, аммо ин нуқта шояд яке аз ҳақиртарин ва ноободтарин бошад. (Агар аз ин ҳам бадтараш бошад, пас, вой бар ҳоли мо!) Он сӯ сарбозони қирғиз зери сояи сақфи бино қарор доштанду ин ҷо як сарбози хастаи мо "Калашников" дар даст зери офтоби сӯзон буд. Бинои назорати гузарнома як ҳолати ҳақире дошту аз тирезачае гузарномаи моро гирифтанд. Чанд дақиқа дар офтоби сӯзон мунтазир шудем. Вақте мусофирҳои дигар низ савори мошин шуданд, нафаре бо либоси маъмулӣ омаду аз мо гузарнома талаб кард. Чун хеле ба худ мутмаин буду муаррифӣ ҳам накард, мо ҳадс задем корманди амният бошад. Вақте гузарномаи инҷонибро дид, пурсид, ки барои чи ба Бишкек рафтам. Ронандаи рамузфаҳм маънии нигоҳи маро хонд магар, ки гуфт: ин кас корманди гумруканд. Ва банда ҳам бадоҳатан ба ин гумрукчӣ гуфтам: барои коре, ки ба шумо ҳеч дахле надорад.
Мо аз байни сафи тӯлонии мошинҳои боркаш гузаштем ва баробари берун шудан аз нуқтаи марзӣ ронандаи шӯхтабъ, ки қирғиз буду роҳат ба тоҷикӣ сӯҳбат мекард, гуфт: Тоҷикистонба хуш омдид! Ҳангоми ба нуқтаи марзӣ наздик шудан ҳам чунин гуфта буд ва баъдтар мо маънии ин киноя ӯро фаҳмидем. Ҳоло манзураш роҳи харобе буд, ки то расидан ба Исфара тӯл дошт. Сари роҳ фурудгоҳи Исфара, балки суроби онро дидам, ки атрофаш боғ шудаву чанд хонаи истиқоматӣ низ сохтаанд. Ғамгину нороҳат атрофро назора мекардам. Ҳамсафарам як ҷавони хуҷандӣ гӯё аз вазъам огоҳ шуд, ки гуфт: ин ҳамаш нишони ҷанг, ако, ҳоло ҳамаш нағз мешавад.
Бо нигоҳе саршор аз ғусса ба чеҳраи ӯ нигаристам. Ба ҳадде нороҳат будам, ки намехостам ҳарфе бизанам. Вале ба худ меандешидам, ки ҳамаи норасоӣ ва ноуҳдабароиро то кай ба номи ҷанги ду даҳа пеш рухдода тамом мекунем? Магар асароти ин ҷанг чанд соли дигар давом хоҳад кард? Гузашта аз ин магар дар Қирғизистон ҷанг нашуда? Ҳама медонанд, ки таи ин бист сол ду бор ҷанги шаҳрвандӣ ва се бор инқилоб дар ин кишвар рух дод. Албатта ҳар воқеа дар ҳар кишвар вижагии худро дорад, аммо чаро ниҳодҳои зирабти кишвари ҳамсоя ҳеч гоҳ фалаҷ нашудаву норасоии худро ба дӯши ҷанг ё ҳодисаи дигар нагузоштанду намегузоранд? Чаро онҳо обрӯи кишвар, ҷойгоҳи миллаташонро болотар аз манфиати худу ҳаммаҳаллаҳои худ мегузоранд ё ҳадди ақал ба зоҳир чунин намоён мекунанду мо…
Роҳи Исфара - Бодканд ҷодаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад ва нишонгари тавони мо низ ҳаст. Агар бихоҳем ҷойгоҳи мо бошукӯҳ бошад, бояд салобату шаҳоматро дар ҳар чиз зоҳир созем. Ҳам роҳ обод бошад, ҳам биноҳо, ба хусус нуқтаи назоратӣ, ҳам кормандон воқеан масъул бошанд, на нафаре, ки ду чашмаш ба кисаи мусофиру ронанда… Хуллас, бояд миллати мутамаддину покдасту покқалб ва соҳиби собиқаи чандҳазорсолаи давлатдорӣ буданамонро дар амал собит кунем. Иддаои пучи меросбари фалон давлату фалон афрод будани мо ва шиор доданҳо дар ин маврид ба ҳеч ваҷҳ дар боло бурдани ҷойгоҳи мо дар назди ҳамсояҳо ва онҳое, ки ба кишвари мо меоянд, ёрии нахоҳад кард.
Зафар Суфӣ