Ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон кафолати амнияти Тоҷикистон, Русия ва минтақа хоҳад буд. Ин нуктаро Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Анатолий Антонов, ки ба манзури анҷоми мулоқот бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон вориди Душанбе шуд, баъди зӯҳри 9-уми август дар бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯ ба рӯи журналистон қарор гирифт. Муовини вазири дифоъ ҳадафи аслии боздидашро ошноӣ бо равандҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-фаннӣ миёни Русия ва Тоҷикистон унвон кард. ӯ гуфт ба ин манзур дар раъси як ҳайати бузург ба Душанбе омадааст. Тайи ду рӯзи фаъолият ҳайат бо сарвазир Оқил Оқилов, вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот доштанд. Ҳамчунин, як сил-сила мулоқоти дигар дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон анҷом шудааст.
Анатолий Антонов гуфт, дар ҳамаи ин дидору гуфтугӯҳо шароити ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дошт: «Пӯшида нест, мӯҳлати муайян аст, ки бо дӯстони тоҷики худ шароити мустаққар намудани пойгоҳи 201-ро баррасӣ мекунем. Бояд таъкид намоям, ки ҳузури низомии Русия кафолати амнияти Тоҷикистон, Русия ва минтақа аст. Мулоқотҳои мо бо муваффақ идома меёбанд. Ин мулоқотҳо метавон гуфт, ки хусусияти бародарона доранд. Ман зиёд мехоҳам умед бандам, ки дар фурсати хело кӯтоҳ матни шартномаи мазкур, ки амнияти миллии Тоҷикистон ва Русияро таъмин мекунад, ба итмом мерасад».
Аз муовини вазири дифои Русия пурсида шуд, ки ҷонибҳо дар кадом бандҳои шартнома ба мувофиқа нарасидаанд? Анатолий Антонов гуфт, ки дар ҳамаи мулоқотҳо як қоидаи умумӣ ҳаст «то замоне, ки ҷонибҳо комилан ба мувофиқа нарасанд, чизе мувофиқа нашудааст». Аз ин нуктаи назар ӯ дуруст нашуморид, ки дар мавриди ин ё он масъалаи ҳалшуда ё ҳалнашуда сӯҳбат кунад. Аммо вай гуфт, ки ба шарофати мулоқотҳои ду рӯзи ахир бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон пешрафтҳое дар ин замина ба миён омадааст. Муовини вазир гуфт, ки дар ҳамаи ин мулоқотҳо ҳарфе перомуни маблағ набуд. Қаблан, расонаҳо мегуфтанд, ки Тоҷикистон бар ивази ҳузури пойгоҳи низомӣ аз русия маблағи ҳангуфте талаб дорад.
«Ман қавл медиҳам, ки дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаи маблағ умуман матраҳ набуд. Бовар кунед, дар ин мавзӯъ умуман баррасӣ нашудааст. Ман намедонам, чӣ хел шуморо муътақид созам, ки ба ҳеч кас бовар накунед»,-афзуд ҷаноби Антонов.
Ҳамчунин, дар нишаст аз муовини вазир суол шуд, ки чаро Русия мехоҳад, мӯҳлати ҳузури пойгоҳи ҳарбияш дар қаламрави Русия 49 сол бошад? Муовини вазир гуфт, ки дар ҳудуди пойгоҳи 201 ҳудуди 95 дар сад бунёди манзили зист анҷом шудааст. «Агар мо дар ин ҷо як ё ду сол ҳузур дошта бошем, зарурати сарфи маблағҳои зиёд барои сохтмони чунин манзилҳои босифат ҳаст? Дар шаҳраки низомиён, ки пойгоҳи мо қарор дорад, сохтмонҳои нотамом ҳастанд, масалан дармонгоҳи ҳарбӣ, ки сохтмонаш ба итмом нарасидааст. Барои мо ҳам саволе ҷавоб мехоҳад, ки то куҷо дуруст ва мантиқӣ аст сармоягузории бузург кардан, вақте барои як мӯҳлати кӯтоҳ ин ҷо мустақарем. Фикр мекунам, шумо низ мисли ҳар инсони дигар чизеро харидорӣ намекунед, ки вақте медонад онро аз шумо кашида мегиранд ё шумо ба муддаяти як мӯҳлати муайян онро истифода намебаред. Масъалаи асосӣ ҳамин аст ва мо фикр мекунем мӯҳлати дуруст 49 сол мебошад».
-Ман мехоҳам чизи асосиро таъкид созам, бунёд ё ҳузури пойгоҳи ҳарбӣ наметавонад танҳо манфиати як ҷонибро ба инобат бигирад. Ман шунидам, ки баъзеҳо мегӯянд, ин барои он зарур аст, ки амнияти Русия таҳким шавад. Ман бо ин нафарон тамоман мувофиқ нестам, зеро мустақар шудани пойгоҳи низомӣ шояд дар дараҷаи аввал ба манфиати Тоҷикистон бошад. Ҳамчунин он ба манфиати Русия низ ҳаст.Дар он сӯи марз, дар Афғонистон маводи мухаддири зиёд аст. Масалан ман ҳарос дорам, ки баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 гурӯҳои нашъаҷаллоб таваҷҷӯҳи бештарро ба Тоҷикистон равона хоҳанд кард ва табиист, ки таъсири он ба Русия ва баъдан Аврупо низ мерасад. Мо мегӯяем, ки омодаи кӯмак ба дӯстони тоҷики худ дар омодагии бештари низомӣ ва таҳкими муқовимат бо чунин гурӯҳҳо ҳастем,-мегӯяд муовини вазири мудофиаи Русия.
Анатолий Антонов аз он изҳори хушнудӣ кард, ки тибқи иттилои дарёфт намудааш муносибати аҳолӣ бо хизматчиёни пойгоҳи 201 хело хуб аст.
Абдулазизи Восеъ