Таҳаввулоти Сурия боиси эҷоди тағйироте дар ин кишвар шуда ва паёмадҳои хоси минтақаии худро низ дорад, дар ин миён яке аз мавзуоти қобили таваҷҷуҳ ,таъсири ин таҳаввулот бар ҷойгоҳи курдҳо ба унвони бузургтарин ақaлияти қавмӣ дар ин кишвар аст, ки ҳудуди 10 то 15 фоизи ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.
Дар ҳоле ки гуруҳҳои курд дар кишварҳое монанди Ироқ ва Туркия аз чандин даҳаи гузашта фаъолиятҳо ва муборизотиро барои касби ҳуқуқ ва имтиёзоти бештар оғоз карда, ки аз ҷумла дар шаклгирии минтақаҳои курдӣ дар шимоли Ироқ ва мушорикати курдҳои Туркия дар қудрати сиёсӣ мунҷар шуда аст. Курдҳҳои Сурия дорои созмондиҳии заъифтар ва фаъолиятҳои камтаре будаанд.
Бо ин таҳаввулоти ҷадид дар Сурия фазои хосеро барои фаъолият ва нақш офаринии гуруҳҳои курди Сурия ва ҳамчунин таъсир гузории бозигарони хориҷӣ дар минтақаҳои курднишин ба вуҷуд оварда ва ин гуруҳҳо ба рағми ихтилофи назарҳо ва ҷиҳатгириҳои мутафовит, давраи нaвине аз ҳаёти сиёсии худро оғоз кардаанд. Бар ин асос, посух ба ин пурсиш аҳамият пайдо мекунад, ки нооромиҳо ва таҳаввулоти ахири Сурия чи фурсатҳо ва чолишҳоеро барои курдҳои Сурия эҷод мекунад?
Бо оғози нооромиҳо дар Сурия ба ин масъала, ки курдҳо метавонанд чи нақше дар таҳаввулоти ин кишвар барои касби имтиёзот ва ҳуқуқи бештар иҷро кунанд, ба унвони масоили асосӣ дар миёни курдҳои Сурия ва минтақа, матраҳ шуд. Давлати Cурия бо дарки аҳамияти нақшофарини курдҳо ва таъсиргузории онҳо бар муъодилоти сиёсӣ ва амниятии дохилии ин кишвар саъй кард, то бо бархе истилоҳот ва додани имтиёзоти ҷадиде, монанди додани тобеъият ба беш аз 300 ҳазор курди бидуни тобеъият, ин гуруҳро ба суи худ ҷазб намояд, ё ҳадди ақал инки аз пайвастани онҳо ба мухолифин пешгирӣ кунад.
Ин эҳтимол вуҷуд дорад, то дар натиҷаи мудохилаи бозигарони хориҷӣ, монанди Туркия дар мантиқи курднашини Сурия ва даргирии он бо неруҳои ҳизби коргардони Курдистони Сурия ва неруҳои муттаҳиди он, ин минтақа бо чолишҳо ва ноамниҳои навбатӣ рубару шавад.
Гуруҳҳои курди Сурия низ ва рағми бетарафии авалия дар хусуси нооромиҳои ин кишвар, саъй кардаанд то барои ба даст овардани имтиёзоти муносиб аз фурсати мавҷуд, руйкарди фаъолонаеро дар пеш бигиранд ва дар ин росто бахше аз гуруҳҳои курдӣ дар қолиби шурои миллии курдҳои Сурия ба таъомул ва ҳомкорӣ бо шурои миллии Сурия, ба унвони аслитарин гуруҳи мухолифи давлат, пардохтанд. Бо ин ҳол мавзуъи раҳбарони ин шуро ва ихтилофоти онҳо бо курдҳо, боиси чолишҳо ва ихтилофоте байни ду тараф шуд ва ҳамчунон идома дорад.
Муҳимтарин фурсати пеши руи курдҳои Сурия дар натиҷаи таҳаввулоти ахиреро метавон баҳрагири аз фазои ихтилофоти мавҷуд байни давлат ва гуруҳҳои мухолиф барои касби имтиёзоти донист, ки дар шароити оддӣ касби онҳо душвор буда ва ҳатто ғайри мумкин буда аст. Бар асоси ин ки курдҳои Сурия бо дарки ин масъала, дар талош будаанд, ки ҳуқуқ ва имтиёзоти муносиберо касб кунанд ва дар ин хусус ба ройзанӣ бипардозанд. Созмондеҳӣ ва ҳамоҳангии гуруҳҳои сиёсӣ ва густариши таъомулоти дохилӣ ва минтақаӣ бо бозогарони муъасир дар буҳрони Сурия, дар ин маврид, мавриди таваҷуҳи курдҳо буда аст.
Вазъияти курдҳои Ироқ ва эҷоди иқлими Курдӣ дар Сурия аз чашмандозҳои матлуб ва мавриди таваҷҷуҳи курдҳои Сурия маҳсуб мешавад ва дар ин росто саъй шуда аст то аз таҷоруб ва ҳимоятҳои иқлими Курдистони Ироқ низ ба наҳви муносибе истифода шавад. Мавзуъе ки дар ҷаласоти ин гуруҳҳо дар Арбил ва бо мудирияти Масъуд Боризонӣ намудор шуда аст.
Аммо бо вуҷуди фурсатҳои қобили таваҷуҳ барои курдҳои Сурия, бояд ба чолишҳо ва мавонеи ҷиддии пеши руи онҳо низ ишора намуд. Ихтилофоти дарунӣ байни курдҳои Сурия, ба хусус дар миёни шурои миллии Курдҳо ва ҳизби иттиҳоди демукрот, ки аввалӣ таҳти ҳимояти иқлими Курдистони Ироқ ва дуюмӣ наздик ба П.К.К маҳсуб мешавадро метавон нахустин чолиш баршумурд, ки ҳатто метавонад ба сурати даргирии низомӣ байни онҳо низ ҷилвагар шавад.
Дуюмин чолиш, тафовути шароити ҷуғрофиёӣ ва ҷамъиятии курдҳои Сурия ва созмондиҳии онон дар муқоиса бо курдҳои Ироқ аст, ба гунае ки ба унвони намуна парокандагии ҷуғрофиёӣ монеъ аз якпорчагӣ ва инсиҷоми лозим барои ҳаргуна худмухтори ва ташкили иқлими Курдист. Мухолифатҳои дохилӣ ва минтақаӣ бо худмухторӣ ва федерализм Курд дар Сурия ва эҳтимоли мудохилаи хориҷӣ барои мумониъат аз амалӣ шудани ин мавзуъ низ аз чолишҳои асосӣ аст, ки курдҳои Сурия бо он ру ба ру ҳастанд.
Дар сатҳи дохилӣ, низоми сиёсии ҳоким ҳозир ба худмухторӣ дар ин кишвар нест ва руйкардҳои гузаштаи он низ чунин мавзуъеро ба хубӣ нишон дода аст. Шурои милии Сурия ба унвони аслитарин эътилофи сиёсии мухолиф низ ба шиддат бо федолисми Курдӣ дар Сурия, мухолифат мекунад, мавзуъе ки борҳо боиси ихтилофот ва фосилагирифтани Курдҳо аз ин эътилоф шуд аст.
Бурҳон Ғалюн, раиси пешини шурои миллии Сурия гуфт ки сарзвмине ба номи Курлистон дар Сурия надорем ва беҳтар аст курлҳо аз ин хаёлбофӣ берун биёянд. Абдулбосит Сайдо, раиси ҷадиди ин шуро низ ба рағми ин ки худ курд аст, дидгоҳи мусбате дар мавриди эҷоди минтақаи курдӣ ҳамонанди Ироқ дар Сурия, надорад ва дар маҷмуъи гуруҳҳои мухолифи сурӣ ба рағми ниёзмандӣ ба ҳамроҳии курдҳо бо худ дар муқобили давалт, ҳозир ба додани ваъдаҳо дар мавриди додани имтиёзоти ҷиддӣ ба курдҳо дар оянда, эҳтимолӣ нестанд.
Мухолифатҳои дохилӣ ва минтақаӣ бо худмухторӣ ва федеролисм дар Сурия ва эҳтимоли мудохилаи хориҷӣ барои мамониъат аз иҷрои ин мавзуъ низ аз чолишҳои асосие аст, ки курдҳои Сурия бо он мувоҷиҳ ҳастанд. Дар сатҳи дохилӣ, низоми сиёсии ҳоким ҳозир ба худмухтории минтақаи курдӣ дар ин кишвар нест ва руйкардҳои гузаштаи он низ чунин мавзуъеро ба хубӣ нишон дода аст.
Дар сатҳи минтақаӣ низ давлатҳои ҳомии гуруҳҳои мухолиф монанди Арабистони саъудӣ ва бахусус Туркия, ҳар гуна худмухторӣ ва федеролисми курдӣ дар Сурияро ба шиддат рад мекунад ва ҳатто мақомоти Туркия эҳтимоли дахолати худ дар манотиқи курднашини Сурияро барои муқобила бо таҳаррукоти курдӣ рад намекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо, чашандози ормонии курдҳо барои касби имтиёзоти асосӣ дар чорчуби кишвари Сурия, дар натиҷаи таҳавулоти ахир, бо воқаъиятҳои геoпoлитик ва ҳамчунин руйкарди бозигарони дохилӣ ва хориҷии таъсир гузор бар Сурия, ҳамхонии чандоне надорад.
Ҳатто ин эҳтимол вуҷуд дорад, то дар мудохилаи бозигарони хориҷӣ, монанди Туркия дар манотиқи курднашини Сурия ва даргирии он бо неруҳои ҳизби коргардони Курдистони Туркия ва неруҳои муттаҳиди он, ин минтақа бо чолишҳо ва ноамниҳои навбатӣ рубару шавад. Бар ин асос ба рағми талошҳои мавҷуд барои ҳамроҳ кардани комили гуруҳҳои курд бо мухолифини давлат дар Сурия, набуди чашмандози мусбат аз вазъияти курдҳо дар ояндаи ин кишвар, идомаи навъе норушанӣ дар мавзеъгирии ҷиддии гуруҳҳои курдро, боъис шуда аст.