"Нарх ин чашми соҳибкор аст. Танзими он чунин маъноро ифода мекунад, ки чашми соҳибкорро бо молу маҳсулот мебанданд. Эҳтимоли он ки соҳибкори "нобино" дар қаламрави хатарзо хатои бузург содир мекунад ё муфлис мешавад, хеле зиёд аст". Ярослав РОМАНЧУК, иқтисодшиноси аврупоӣ
"Лоиҳаи қонун "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ ё сади роҳи пешравии бозор набуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нигаронида шудааст". Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода зимни нишасти нимсолаи матбуотӣ зикр кард ва афзуд, ки мақсади асосӣ дуруст ба роҳ мондани кори бозор аст.
Соли гузашта дар натиҷаи якбора болоравии нарх дар бозорҳои кишвар овозаи таҳия шудани тарҳи қонуни савдо барои коҳиши қимати маҳсулоти ниёзи аввал пайдо шуд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кард, ки мизони арзиши изофӣ дар фурӯши чакана ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ маҳдуд карда шавад. Аз рӯи он агар соҳиби дӯконе аз бозори яклухт маводеро, ки вориди феҳристи маҳсулоти ниёзи аввал мешаванд, бар ивази сад сомонӣ харидорӣ кунад, вай ҳақ надорад онро бо арзиши изофаи беш аз 20 дарсад ба фурӯш гузорад. Тарҳи чунин муқарарот таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шуда буд. Аммо то хол ин лоиҳа ба шакли қонун қабул нашудааст. Вале дар атрофии он баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омадааст, ки агар чунин қонуне қабул шавад, ба фаъолияти озод дар бозор халал ворид месозад.
Танзими нарху наво дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтааст ва дар баъзе ҳолат ба назар мерасад, ки аз усули иҷбории корбарӣ низ истифода мешавад. Аммо ба андешаи коршиносон танзими нарх ба таври маҷбурӣ мухолифи шароити иқтисоди бозор аст, ки Тоҷикистон даъвои гузариш ба онро дорад.
Ба гуфтаи коршиносон нархҳо дар он ҳолат муътадил хоҳад шуд, ки истеҳсоли маҳсулот ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад. Агар маҳсулот зиёд шавад, нархи он ҳам пойин меояд. Ба андешаи Уткирҷон Умаров, коршиноси тоҷик оид ба мониторинг ва баҳогузорӣ дар Ширкати байналхалқии молӣ дар шароити бозор батанзимдарории зиёдатии давлатӣ кори нолозим аст ва дар баъзе ҳолат хароҷоти зиёдеро талаб мекунад ва мансабдорони зиёдеро беҳуда дар як сохтори нодаркор нигоҳ медорад. Роҳи ҳалли ин масъаларо ҷаноби Умаров дар дар он мебинад, ки давлат бояд аз бештари вазифаҳояш даст кашад ва онро ба ихтиёри бозор вогузорад. Захоири аз ин ҳисоб сарфашавандаро давлат метавонад барои иҷрои вазифаи асосии худ: тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар кишвар истифода кунад. Давлат барои муътадил шудани нархҳо дар бозор бояд ба рушди соҳибкорӣ аҳамият диҳад. Аз ин ҳисоб шумораи истеҳсолгарон меафзояд ва содироту воридот ва гардиши мол низ бештар мешавад, ки дар натиҷа рақобат ба вуҷуд омада, иқтисоди бозорӣ рушд меёбад. Усулҳои зиёди нархтанзимкунӣ бо сарчашмаи проблема не, балки бо паёмади он мубориза мебарад, ки ин танҳо ба раванди ҳамоҳангшавии фазои соҳибкорӣ монеа эҷод мекунад.
Бозорҳои махсус бунёд кардан даркорАммо дар ҳамин ҳол вазири иқтисод Шариф Раҳимзода чунин назар дорад, ки бозор бояд то андозае таҳти назорат бошад. "Мо бозор гуфта, ба корҳои дигар банд шуда гаштем ва гумон кардем, ки бозор ҳама чизро худаш танзим мекунад. Вале ин тавр нашуд. Аз ин рӯ бозор ҳам бояд дар асоси ягон қоидаи муайян фаъолият кунад. Бозорҳоро ба навъҳои алоҳида ҷудо кардан даркор. Ҷоиз нест, ки дар як "Султони Кабир" ҳама чизро фурӯшанд. Бозори сабзавот бояд аз бозори сохтмон ҷудо бошад. Зеро бозори сохтмон доим чанголуд аст ва инҳо ба ҳам созгор нестанд. Ин дуруст ба роҳ мондани кори бозор аст", илова кард ӯ.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки ин лоиҳаи қонун солҳои дароз дар дасти баррасист ва ҳанӯз қабул нашудааст. Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки агар стандартҳо муайян набошанд, он вақт ҳимоя кардани манфиати истеъмолкунанда ғайримумкин аст. Зеро барои ҳимояи ҳуқуқ ё исботи даъво бояд меъёрҳои муайянкунандае вуҷуд дошта бошад. Аммо вазир ба ин бовар аст, ки қабул кардани қонуни савдо маънои онро надорад, ки ҳукумат рафта ба тоҷир супориш медиҳад, ки ин молро 2000 сомонӣ неву 1800 сомонӣ фурӯшад. Ин тавр нест, вале ба қавли ӯ намояндагони сохторҳои ҳукумат бояд дар бозор бошанд ва сифати молро санҷанд, ки дар ҳақиқат фурӯхтани ҳамин мол ҷоиз аст ё не? Агар гӯшти бозорро одамон барои маърака харанд, ба ягон беморӣ сироят намешаванд? Вай мегӯяд, ки чунин қоидаҳо бояд дар бозор риоя гардад.
Ҳамчунин масъулини ин 6 вазорат мегӯянд, ки як мақоми ваколатдоре бояд бошад, ки ҳама намуди фаъолият дар бозорро назорат неву, балки ба танзим дарорад. Ҳоло нозироти савдо, Маркази санитариву эпидомологӣ, Тоҷикстандарт ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолият доранд, лекин ба гуфтаи онҳо бояд ҳамаи ин мақомотро як мақомоти ваколатдор дар як ҷо ҷамъ карда, масъалаҳои ба миён омадаро ба танзим дарорад.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи иқтисодшинос Уткирҷон Умаров ҳар як меъёри нави танзимкунӣ танҳо бюрократияро зиёд мекунад ва монеаҳои бисёре барои соҳибкорон эҷод менамояд, ки ин ҳама фақат ба рушди коррупсия мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин ба бовари ӯ бадбахтии асосӣ дар он аст, ки соҳибкорон мудом аз ҷониби ниҳодҳои назоратӣ мавриди санҷишу фишор қарор мегиранд. Ҳарчанд ҳукумат дар робита ба ин масъала моратория эълом мекунад, аммо ба андешаи ин коршинос ин роҳи ҳалли проблема нест, танҳо муваққатан раванди дахолати мақомотро бозмедорад.
"Дигар бо зӯрӣ кор пеш намеравад"
Вале Шариф Раҳимзода бо баёни ин ки бозор шахсӣ аст ва нафаре, ки дар бозор кор мекунад, ҳар тавре хоҳад тиҷораташро пеш мебарад, исрор мекунад, ки тоҷир бояд дар чаҳорчӯбаи меъёру қоидаҳо амал кунад. Вай аз ҷумла таъкид кард: "Мақоми ваколатдор бояд маслиҳат диҳад, ки роҳи дуруст кадом аст. Агар бозори яклухт бошад дар он ҷо ҳуҷраҳои зиёд лозим нест. Агар дорухона аст, бояд яхдон дошта бошад. Ҳар як намуди савдо талаботи худро дорад ва мақомоти дахлдор бояд талаб кунад, ки тоҷирон ҳамин қоидаҳоро риоя кунанд. Дахолати мақомот ва майл ба коррупсия дар аввал ба назар мерасад, дар аввал онҳое, ки дар бозор нишастаанд, ҳуқуқҳои худро хуб намедонанд. Лекин вақте ҳуқуқҳои худро пурра омӯхтанд, кори худро дуруст иҷро мекунанду забонашон дароз аст, дигар мақомот дахолат карда наметавонанд. Агар даҳ сол пеш милиса рафта аз бозор меронд, имрӯз ин кор осон нест. Оҳиста оҳиста мардум аз ҳуқуқи худ бохабар шуда истодаанд ва дигар бо зӯрӣ ронда намешавад".
Иқтисодшиноси қирғиз Улуғ Қодирбоев дар як нишасте дар Тоҷикистон гуфт, ки давлат набояд ба муносибатҳои бозории миёни соҳибкорон дахолат кунад, зеро дар ин сурат ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. Ҳамчунин ӯ бар ин назар аст, ки бо фишорҳои маъмурӣ вазъро тағйир додан душвор аст, чунки қонуни бозорро ҳеч кас тағйир дода наметавонад. Вай минҷумла изҳор дошт: "Агар нархи картошка боло равад ва соҳибкоре, ки ин зироатро кишт карда буд, фоидаи зиёд ба даст орад, минбаъд дигар соҳибкорон низ ба кишту фурӯши картошка машғул мешаванд. Дар натиҷа талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот қонеъ гардида, нархи ин маҳсулот ба танзим медарояд. Танзими ин фаъолиятҳо аз ҷониби мақомот дуруст нест, чун соҳибкор барои кишту парваришу фурӯш бо риск рӯ ба рӯ мешавад ва ба ин хотир дар гузоштани нархи озод ва ба даст овардани фоида ҳукуқи комил дорад. Аз ҷониби давлат ба танзим овардани нарх кори беҳуда аст, зеро оқибат навъҳои маҳсулоти танзимшуда дигар ба бозор ворид намешавад ва норасоиии он эҳсос мешавад".
Барои самбӯсафурӯшӣ ҳуҷҷат даркор аст?Аз сӯи дигар ба гуфтаи масъулини Вазорати иқтисод имрӯз ягон меъёри муайяни ташхиси дурусти бозор вуҷуд надорад. Масалан, субъекти савдои чакана кадом аст, субъекти савдои яклухт кадом аст, хизматрасонӣ кадом аст, ҳар яки он чиҳоро бояд дар бар гирад, муайян нест. Ҳар кас хоҳад маркет менависад, хоҳад супермаркет ва фаъолияташро идома додан мегирад. Дар бозорҳо, ошхонаҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, дар сари роҳҳо самбӯсафурӯшону қайлафурӯшон меистанд, ки тарзи савдои онҳо ба ягон меъёр дуруст намеояд. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳамидуллохон Фақеров бар ин назар аст, ки дар Аврупо барои ба намудҳои хизматрасонӣ даст задан махсус ҳуҷҷат даркор аст. Масалан, барои ошпазӣ ҳуҷҷати махсус лозим аст, аммо дар Тоҷикистон ба таври анъанавӣ дар хона ошпаз тайёр мешавад. Ба бовари ӯ стандарт барои он зарур аст, ки ошпаз лоақал бояд донад, ки як намуди маҳсулотро бо дигар маҳсулот якҷоя кардан мумкин аст ё не, ё якҷоя кунад чӣ зарару чӣ фоида дорад. Ё дар соҳаи фурӯши дорӯ дар Аврупо то фарматсевт набошад, дар дорухона ҳаққи кор кардан надорад. Ҳама рӯза чӣ қадар кӯдакону калонсолон аз ҳисоби хуроки нодуруст тайёршуда заҳролуд мешаванд. Баъзан хориҷиён дар соҳаи хизматрасониву тиҷорат аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон канораҷӯӣ мекунанд ва сабабаш маълум аст. Шароит нест, бозору бахши хизматрасонӣ ба ягон меъёр ҷавобгӯ нест, илова кард ӯ.
Аз як сӯ дахолати зиёди давлат ба фаъолияти бозор душвориҳоро пеш меорад, вале аз ҷониби дигар меъёр дар ҳама кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад ва риоя мегардад ва бе ин сифати хизматрасонии моро қабул надоранд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки бедахолати давлат ҳам ин меъёрҳоро риоя кардан мумкин аст ё бозор аз ин бештар қодир ба танзим нест?
Исфандиёр Халилӣ