Ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва камии маълумоти расмӣ боиси он гардидааст, ки мардум барои дарёфти маълумот рӯ ба сомонаҳо ва расонаҳои дигари хориҷӣ биёранд. Хабарнигори "Озодагон" низ бо назардошти вазъ бо таҳлилгари масоили минтақавӣ, коршиноси рус Аркадий Дубнов суҳбат намуд.
-Мӯҳтарам Аркадий Юриевич, вазъият дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, шумо огоҳӣ доред. Воқеа бо куштори генерал Абдулло Назаров шурӯъ шуд, ки суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Ҳоло ҳам дақиқ нест, ки бо марҳум Назаров ҳамон рӯз кӣ буд, зердастон ва ё муҳофизон. Ба иттилои расмӣ, онҳо дар муноқишаи ба вуҷуд омада, раҳбари худро дифоъ накарданд, ки ин хеле аҷиб аст… Пас марги Назаров ба кӣ лозим буд? Метавонем бигӯем, ки марги генерал тасодуфӣ набуд?-Ман ҷонибдори фарзияҳои тавтеаомез нестам ва аз ҳамин сабаб наметавонам бигӯям, ки ба марги генерал Назаров кӣ даст дорад. Танҳо як чӣ рӯшан аст: куштор ҳамчун баҳонае барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ истифода карда шуд. Ман намедонам, ки дар куштор Толиб Айёмбеков даст дорад ва ё на. Танҳо бароям як чиз рӯшан аст. Генерал дар натиҷаи даргирии эҳсосӣ аз захми корди бародари Толиб Айёмбеков (исмашро намедонам, (А.Д) ҷон додааст. Инро бароям сарчашмаи мӯътамад аз Хоруғ гуфт, ки ман ба онҳо комилан эътимод дорам.
-Толиб Айёмбеков дар сӯҳбатҳои худ бо хабарнигорон аз зарурияти баргузор намудани ташхиси тиббӣ таъкид мекард. Аммо мақомот гузаронидани чунин як амалиётро зарур нашумориданд, ба ҳар сурат ин масъала барои мо норӯшан аст. Метавонем ҳадс бизанем, ки масъулин махсус ташхиси тиббӣ нагузарониданд? Агар ҳа, паси ин амалҳо чӣ ниҳон буда метавонад? - Асли қазия норӯшан аст. Аз ин хотир метавонем тахмин бизанем, ки: ҳукумат чизеро пинҳон кардан мехост… Варақаи матбуотие, ки аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон мунташир шуд, гумонҳоро бартараф накарда, баръакс тасдиқ намуд.
-Маълум аст, ки шумо аз авзъои Тоҷикистон ба хубӣ огоҳӣ доред. Чаро ҳукумат якбора тасмим бигирфт, ки дар Шарқи кишвар амалиёти ҳарбӣ гузаронад? Зоҳиран хатаре вуҷуд надошт. - Пурсиши "чаро ҳукумат тасмим гирифт, ки аз собиқ қумондонҳо минтақаро "тоза" кунад" ва ин ҳам дар шароити ҳукмравоёни феълии Тоҷикистон бепосух аст. Ман ҳам аз шумо суол мекунам, ки чаро ҷонибдорони зиёди раисҷумҳури феълӣ ва ҳамчунин мухолифини маъруфи ҳукумати Тоҷикистон бо солҳои зиёде зиндонӣ шудаанд?
Фарзияҳо атрофи гузаронидани амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон зиёд аст:
А) Мегӯянд, ки ҳукумат тасмим гирифт, то минтақаро аз собиқ қумондонҳо "пок" намояд, чаро?
Б) Амалиётро ба баргузории интихоботи президентии соли 2013 рабт медиҳанд. То куҷо ин воқеъият дорад?
В) Коршиносон бар ин назаранд, ки дар вазъияти мазкур неруҳои хориҷӣ даст доранд. Дар бисёр маврид аз Русия ном гирифта мешавад. Мегӯянд, ки дар ҷавоб ба талаби иҷорапулӣ барои пойгоҳи 201 аз ҷониби Тоҷикистон Кремл авзоъро бӯҳронӣ кард. Шумо чӣ назар доред?
-А) Шояд барои он, ки раисҷумҳур онҳоро ба бевафоӣ муттаҳам мекунаду аз онҳо ҳарос дорад? Эҳтимолан ба он хотир, ки бо онҳо ба таври бояду шояд созиш карда натавонист?...Б) Ин ҳамчунон метавонад ҷавоб ба ин суол бошад, ки амалиёти мазкур ба интихоботи президентии соли 2013 иртибот дорад ё на. Дар ҳоле, ки майдони сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ холӣ шуда, дар интихобот ҳеч рақибе ба ӯ таҳидид намекунад, пас, ягона хатари воқеъии ҷиддӣ ин безарар кардани гурӯҳҳои силоҳбадаст ва ҷонибдорони онҳо, ки аз ҳукумати феълӣ чандон розӣ нестанд. Ман наметавонам онҳоро мухолиф бигӯям. Зеро аз барномаашон огоҳӣ надорам. Беш аз ҳама онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки аз ҳукумат фиреб хӯрда, ранҷидаанд. Ва ин гурӯҳ ба ҷуз аз ҳушдор додан аз худ бо чунин шева, дигар имконе надорад.
В) Фарзияи дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба вазъияти кунунии Тоҷикистон ба назари ман боварибахш аст. Ба андешаи ман нуфузи Маскав бузургнамоӣ мешавад. Маскав чандон имкони амалиёте надорад, ки битавонад вазъро дар минтақа, он ҳам Хоруғ бӯҳронӣ кунад. Ин фарзияҳо ба манфиати Душанбе аст. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад тавуаҷҷӯҳро аз мушкилоти воқеъӣ дар кишвар ба дигар самт бурда, ҳукуматро ғасб намояд. Айнан ҳамин тариқ ҳукумати Маскав талош дорад, то нуфузи ҳаракати "дасисаҳои амрикоӣ"-ро дар Русия мушахас намояд. Ҳаросам аз он аст, ки мардум чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон аз беадолатӣ, фасод, додгоҳҳои сохта, дастдарозии мансабдорон ва тақалубкорӣ дар интихобот хаста шудаанд…
-Дар яке аз сӯҳбатҳои худ шумо гуфтед, ки амалиёт метавонад бойиси ҷанги шаҳрвандии дуввум гардад. Оё ин имконпазир аст? - Бо таваҷҷӯҳ ба суханони қабл, хатари ҷанги шаҳрвандии навбатӣ дар Тоҷикистонро имконпазир медонам. Ҳоло ташвиқоти ҳукумат низ дар мавриди он, ки тоҷикон дигар бар зиди якдигар силоҳ намебардоранд ва аз ҷанг хаста шудаанд, хеле кам ба чашм мерасад… Нахуст, ҳоло насли тоҷике бузург шудааст, ки аз ҷанг хотираи бад ва ҳарос надорад. Дуввум: чӣ гуна метавон аз фармони Душанбе дар мавриди оғози амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ, ки онҷо мардуми осоишта ба сар мебаранд, бардошт кард? Ҳукумат мардумро огоҳ накарда, танҳо кафолати ҷони хориҷиёнро дод, онҳоро интиқол дод. Чун ин амалиёт мисли амалиёти навоҳии Рашт дар кӯҳ анҷом наёфт.
-Дар як матлабатон зикр кардед, ки гуиё, ҳукумат ба хотири интихоботи президентӣ тасмим гирифт, то минтақаро аз ҷангҷӯён тоза намояд. Ин то куҷо воқеъият дорад? Чаро ҳукумати Тоҷикистон рақибони худро ҳамоно дар симои қумондонҳо меҷӯяд? - Нобоварӣ нисбати ҳукумат авҷ мегирад, аммо Душанбе ҳеч талоши гуфтушунидро бо мардум надорад. Ҳоло аз иттилои расмӣ дар мавриди маҳдуд будани иртибот бо Хоруғ метавон хубам хандид. Кадом тири аблаҳе бар сим бархӯрдааст. Вале агар чунин хандаҳо зиёд шавад, пас барои ханда ҷой боқӣ намемонад…
-Чӣ гуна аз ин вазъият ҳукумат худро бо камтарин зарар бар нуфузи худ метавонад берун кунад, чун интихоботи президентӣ наздик аст?-Ба назарам барои бартараф намудани қазияи мазкур миёнравони байналмилалиро, ки ҳарду ҷониб ба онҳо эътимод доранд, бояд даъват кард. Барои мисол дар Ишқобод дафтари Маркази дипломатияи пешгиронаи СММ фаъол аст. Ҳамчунин эҳтимолан Шоҳзода Оғохони 4 ҳам метавонад миёнҷигар бошад…
-Метавон хулоса баровард, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳоло дар вазъияти ногувор қарор дорад. Дар қиёс бо амалиёти солҳои қаблӣ ин навбат ҳукумат муваффақ нашуд. Изҳороти созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва эътирози шаҳрвандон дар робита ба қурбониёни осоишта хеле зиёд садо дод. Иштибоҳ дар чӣ буд?- Инҷо ташаббус дар дасти ҳукумат аст. Душанбе метавонад эътироф намояд, ки Бадахшони Кӯҳӣ аз он манотиқест, ки нуфузи ҳукумат маҳдуд буда, ҳали мушкилот бештар сиёсист, то ин ки ҳарбӣ? Агар на, пас пешгӯйии ман хеле нигаронкунанда мебошад. Агар имрӯз бо истифодаи силоҳ барои муддате низоъ хомӯш мегардад, бигузор низоъ бо гурӯҳҳои ҷинояткори Помир, ин пирӯзии мувақатӣ хоҳад буд. Бо ин роҳ мушкилро бартараф на, танҳо ба умқ мебаранд, ки дар натиҷа он дубора авҷ мегирад. Ин ба "цугцванг"- и бозии шоҳмот монандӣ дорад, яъне дигар роҳ нест.
-Як суоли дигар дар мавриди муносиботи Маскав ва Душанбе, ки дар робита ба пойгоҳи низомӣ мухолифати хеле зиёд ҳаст. Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва мантиқӣ мебуд агар Русия ва ё ҳар кишвари дигар барои истифодаи ҳудуди давлати дигар маблағ пардохт намояд. Мехостам андешаи шахсии шуморо дар ин робита бипурсам. - Дар мавриди тиҷорати пойгоҳи ҳарбии 201 ҳаминро метавонам гӯям, ки мушкил дар нуфуз аст. Таҳдид ва сафсата аз ҳарду ҷониб аст. Душанбе мехоҳад мустақилии худро ба Маскав исбот намуда, бо ин роҳ бигӯяд, ки шумо ҳам ба мо ниёз доред. Аз ин хотир ба мо маблағ пардохт намоед (бояд гуфт, ки 250 миллион доллар қимати осмонӣ аст). Метарсам, ки ин иштибоҳ набошад. Генералҳои Маскав дар воқеъ метавонанд Кремлро мутмаин созанд, ки Пойгоҳи низомӣ 201-ум ба ҷуз аз дарди сар дигар чизе надорад. Баъд чӣ мешавад? Наход, афроди наздики Раҳмон бовар дошта бошанд, ки ба ҷойи русҳо амрикоиҳо меоянд? Агар дар Душанбе ба ваъдаҳо ҷиддӣ бархӯрд доранд, пас ҳарфҳои Дэн Бэртон, масъули амрикоиро набояд фаромӯш созанд. Ин ҷаноб гуфта буд, кӯчонидани пойгоҳи "Манас" аз Қирғизистон иштибоҳе беш нест. Нахуст ҷумҳурихоҳ Бэртон дар Вашингтон кам касеро намояндагӣ мекунад, вай ҳатто дар даври навбатии интихоботи Конгрес ширкат намекунад. Сониян пойгоҳи "Манас" баъди соли 2014 аз Қирғизистон ба ҳич куҷое намеравад.
Талаби иҷораи пойгоҳ аз ҷониби Руссия барои 49 соли дигар, ин воқеан зиёд аст. Дар ин авохир чунин мӯҳлат ба мисли мерос буда, барои эътимоди кишварҳо ба якдигар таъсири хуб намегузорад.
-Дар охир назари шумо дар бораи интихоботи президентии соли 2013. Бо дарназардошти авзъои Тоҷикистон, пешгӯйии шумо чист? Оё пас аз интихобот дар Тоҷикистон вазъият тағйир меёбад? -Мӯъҷиза ба вуҷуд намеояд: тағйирот баъди интихобот дар ҳоле мешавад, ки агар он то интихобот сурат бигирад. Бисёр мехостам бар ин чиз умед бандам.
Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр