Аз масоили нигаронкунанда ин буд ки маблағҳои буҷети маҳаллаҳо, ки хеле ҳам зиёд нест, ба дурустӣ ҳазина намешавад. Вале акнун масъалаи нигаронкунандаи дигаре ҳам пайдо шудааст: дар 6 моҳи соли 2012 маблағҳои буҷет дар ноҳияҳои маҳаллӣ мавриди сирқат қарор гирифтааст. Чаро бо ин ки 3 сохтор миҷумла Агентии мубориза бо фасод, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати молия аз болои иҷроиши нақшаҳои буҷет дар маҳаллаҳо назорат мебаранд, боз ҳам ин маблағҳо ба сирқат меравад?
Тафтишот заъиф аст ё дуздон "криша" доранд?Дар 6 моҳи соли 2012 на ҳама захираҳои мавҷудаи молиявӣ пурра ба буҷет ҷалб гардидаанд ва танҳо аз рӯи 5 намуди андоз ба буҷет 126 млн. сомонӣ минҷумла аз ҳисоби андоз аз фурӯши пахтаву аломиний 19,2 млн. сомонӣ (22%), андоз аз маҳсулоти коркард 1,6 млн. сомонӣ (13,8%) ва аз воридоти ғайриандозӣ бошад, 23,7 млн. сомонӣ (7,5%), аксизҳо 81,6 млн. сомонӣ, ки аксизҳои дохилӣ 5,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фаъолияти иқтисодиёти берӯна 77,5 млн сомонӣ (48,5%) ворид нашудааст. Иҷрои қисми даромади буҷет ҳам дар вилояти Хатлони ноҳияи Хуросон ба маблағи 144 ҳазор сомонӣ (3%), ноҳияи Панҷ 318 ҳазор сомонӣ (6%), буҷети худи вилоят 4,8 млн. сомонӣ, ки (23%) - ро ташкил медиҳад ва низ вилояти Суғди ноҳияи Мастчоҳ ба андозаи 15% ва шаҳри Конибодом ҳам 454,2 ҳазор сомонӣ (15%) таъмин нашудааст.
Дар 6 моҳи соли 2012 аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳру навоҳии алоҳида, ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ тафтиш гардиданд. Аз тарафи Агентии мубориза бо фасод дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо тафтиши 20 ташкилоту муассисоти буҷетии ноҳия, зарари молиявӣ 514 ҳазор сомонӣ ошкор гашт. Дар ноҳияи Восеъ ба маблағи 1 миллиону 237 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 607 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 миллиону 607 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Роғун 677 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ба буҷет ошкор гардидааст ва он маблағҳое, ки бояд ба буҷети маҳалҳо ворид мешуд, ворид нашудааст.
Ба ростӣ ин камомади буҷетҳои маҳаллӣ нишонаи чист?Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки механизми дуруст надоштани ҷарёни молиявӣ дар кадом давлате ки набошад, ин ҳолатҳоро падид меоварад ва дар дунё қоидаи ягонаи ба ҳисобгирии бухгалтерӣ ва қоидаи мақсаднок истифодабарии захираҳои молиявӣ, талаботи аввалиндараҷаи рушди иқтисодиёти давлат ё корхона ба ҳисоб меравад: "Сабаби асосӣ дар механизми дуруст надоштани идоракунии истифодабарии захираҳои молиявӣ ва дуввум дар дониши кофӣ надоштани ҳунари истифодабарии захираҳо дар ҷарёни иҷрои барномаҳост. Вақте комиссияи экспертии давлатӣ объектеро қабул менамояд, бояд арзиши воқеии онро муайян карда тавонад ва ба нуқсонҳо роҳ надиҳад. Вале ба хотири ҳамон дониши кофӣ надоштан ин ҳолатҳо сар мезанад. Дар таърихи аудити байналхалқӣ вақте 2 сол пеш дар Корея заминларза шуду хисорот ворид омад, мутахассисон таҳқиқ карданду диданд, ки дар онҷо нуқсоне будааст ва аз ҳар як сутун 3 арматураро дуздида буданд ва ба он чанд соҳибкор ҳукми қатл доданд. Шохаи севвуме, ки дар он нуқсон ҳаст, ҳукми он шахсонест, ки ба ин воситаҳо сару кор доранд, ҷазои онҳо бояд хеле сахту сангин бошад то дигар такрор нашавад".
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Абдуллоҳи Ашур ин суханонро тақвият бахшида мегӯяд, ки порахурӣ ва азхудкардани маблағҳои буҷети Тоҷикистон аз ҷониби мансабдорон чанд омил дорад: "якеш ин аст, ки маоши мансабдорони тоҷик хеле паст аст ва ба мансаби ишғолкардаашон мувофиқ нест. Дигар ин ки нафароне, ки ба дуздии пулҳои калон аз буҷет машғуланд, ҷазои сазовор намегиранд ва медонанд, ки бо додани каме аз пулҳои додаашон аз пайгарди қонунӣ раҳо хоҳанд ёфт ва ҳамин онҳоро барои бештар дуздидани маблағҳои буҷет ва гирифтани пораи калон ҳавасманд мекунад".
Акнун суол пеш меояд, ки чигуна метавон аз ба сирқат рафтани маблағҳои буҷет ҷилавгирӣ кард?
Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Абдуллоҳи Ашур мегӯяд: "асосгузори шаҳр- давлати мустақил Сингапур Ли Куан Ю, ки дар саргаҳи ҳама гуна рейтингҳои ҷаҳонӣ оид ба озодии иқтисодӣ ва набуди коррупсия қарор дорад, дар китоби хотироташ навиштааст, ки мансабдори поку ҳақиқатҷӯ бояд аз ҷиҳати молиявӣ хуб қадрдонӣ шавад. ӯ мегӯяд, ки беҳтар аст ба як мансабдори пок ва ҳақиқатҷӯ пули ду мансабдори порахурро диҳӣ".
Табаралӣ Ғаниев ҳам мегӯяд, ки вақте воситаи буҷетӣ ғорат мешавад, сар карда аз роҳбарони аввал то роҳбарони масъул бояд ба ҷазои сахт гирифтор шаванд то барои дигарон ибрат шавад. Вале мутаасифона дар Тоҷикистон намешунавем, ки як раиси ноҳия ё як вазире барои нодуруст истифода бурдани сарватҳо ҷазо дода шавад.
Ба ростӣ вақте бо вуҷуди назорат бурдани 3 ниҳод яъне Вазорати молия, Агентии фасод ва Прокуратураи генералӣ маблағҳои буҷет ба сирқат меравад, оё беҳтар нест то ин ниҳодҳо ихтисор шаванду аз болои иҷрои буҷет як ниҳод назорат барад? Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғание мегӯяд, ки дар Тоҷикистон як системаи комили идоракунии молиявӣ вуҷуд надорад ва ин нуқсон бояд дар як мӯҳлати кутоҳ бартарф карда шавад. Беҳтар кардани системаи молиявӣ, шакли қабули иҷрои хароҷотҳо ва шакли ҷазодиҳӣ барои бемақсад истифода бурдани захираҳо дар пешгирӣ аз сирқати маблағҳои буҷет муассир аст.
Воқеан магар ниҳодҳои тафтишотӣ чигуна тафтишоти худро мегузаронанд, ки сирқати маблағҳои буҷет сари вақт ошкор ва аз он пешгирӣ намегардад?
Ба гуфтаи иқтисоддонон, тафтишот аз рӯи нақшаи корӣ гузаронида мешавад ва гоҳо камбудӣ ошкор мегардад, вале бо ҳар роҳе кӯшиш карда мешавад ба санҷишгар таъсир расонида шавад то камбудиҳои ошкоргардида дар ҳуҷҷатҳои расмӣ қайд нагардад. Ба расмият надаровардани ин камбудиҳо боис мешавад то ниҳодҳои болоӣ онро ошкор кунанд. Дар Тоҷикистон низ тибқи қонунгузории амалкунанда ҳар сохтори санҷишбаранда ба сохторҳои поиниву миёна ва болоӣ ҷудо шудааст ва вақте сохтори поинӣ санҷишро мегузаронаду камбудиро пинҳон медорад, аз тарафи сохтори болоӣ ин пинҳонкорӣ ошкор мегардад. Иқтисоддон Баҳор Камаров мегӯяд, дар ин ҳолат санҷишгаре, ки бори аввал тафтишро гузарониду онро махфӣ нигоҳ дошт, бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Зеро сифати санҷишҳо ва натиҷаи онҳо аз он санҷишгароне, ки дар сохторҳои поинӣ фаъолият мекунанд, хеле вобастагӣ дорад. Чун идораҳои болоӣ имконияти аз болои ҳар сохтори поинӣ тафтиш гузарониданро надоранд. Ин ба субъектҳои соҳибкорӣ низ зарар мерасонад, чун ҳамон корхона як муддати муайян вақти худро барои рушди фаъолияташ неву барои таъмин ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо инчунин гузаронидани тафтиш сарф мекунад. Дар ин ҷо камбудӣ бештар аз ҷониби сохторҳои поинӣ ҷой дорад.
Баҳор Камаров мегӯяд, Вазорати молия ва воҳидҳои тобеъи он ҳангоми сарфи маблағҳо хеле ҳуҷҷатҳои зиёдеро ба расмият медароранду аз ташкилотҳои буҷетие, ки маблағҳои буҷетро сарф мекунанд, ҳангоми ин ё он масъала ҳуҷҷатҳои зиёдеро талаб мекунанд. Он ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ ба тариқи маълумоти пешакӣ пешниҳод мегарданд, аз ҷониби шӯъбаҳои молиявӣ қабул карда мешавад ва то кадом андоза самаранок сарф шудани маблағҳо дар давраи санҷиш ошкор мегардад, зеро ин руйдод дар нимсолаи соли ҷорӣ рух додааст, пас сохторҳои болоӣ онро муаян кардаанд.
Ба ростӣ вақте бо вуҷуди назорат бурдани 3 ниҳод яъне Вазорати молия, Агентии фасод ва Прокуратураи генералӣ маблағҳои буҷет ба сирқат меравад, оё беҳтар нест то ин ниҳодҳо ихтисор шаванду аз болои иҷрои буҷет як ниҳод назорат барад. Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғание мегӯяд, ки дар Тоҷикистон як системаи комили идоракунии молиявӣ вуҷуд надорад, Мавлоно як сухани бузург дорад: 300 асфол ҷои як чашмро иваз карда наметавонад. Мо асосгузорӣ мекунем, вале дар асл чашмҳоро бояд рӯшан кард то бинанда бошанду гушҳо шунаванда ва дилҳо соф бошанд. Ин нуқсон бояд дар як мӯҳлати кутоҳ бартарф карда шавад. Беҳтар кардани системаи молиявӣ, шакли қабули иҷроиши хароҷотҳо ва шакли ҷазодиҳӣ барои бемақсад истифода бурдани захираҳо.
Хароҷотҳои буҷет самара медиҳад?Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қисми хароҷоти буҷет 92,3% иҷро гардидааст ва нисбат ба давраи соли гузашта 211,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст, ки ин нишонаи афзоиши хароҷоти буҷет аст. Дар давраи ҳисоботӣ низ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 1 миллиорду 949 млн. сомонӣ минҷумла маориф 584 млн. сомонӣ (95,4%), тандурустӣ 295, млн. сомонӣ (92,5%), ҳифзи иҷтимоӣ 918, млн. сомонӣ (94,9%), фарҳангу варзиш 153 млн. сомонӣ (100%), кишоварзӣ 100,3 млн сомонӣ (91,1%), энергетика 641,4 млн. сомонӣ, нақлиёт 195 млн. сомонӣ ихтисос дода шудааст. Аз ҷумла ҷубронпулиҳову кумакпулиҳо ба аҳолӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ пурра таъмин гардидаанд.
Барои татбиқи рушди барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати татбиқи бехатарии озуқаворӣ низ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 17,3 млн. сомонӣ аз ҷумла барои тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ 3,5 млн. сомонӣ, чорабиниҳои эпизодӣ 2 млн. сомонӣ, мубориза зидди малах 5 млн. сомонӣ, хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ 5 млн. сомонӣ, рушди соҳаи пахтакорӣ 127 ҳазор сомонӣ ва дигар чорабиниҳои кишоварзӣ 1,7 млн. сомонӣ равона шудааст. Маблағгузории барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ба маблағи умумии 6,8 млн. сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шудааст.
Бо вуҷуди ин ҳама хароҷот ба бахши кишоварзӣ мутахассисони ин соҳа бахши кишоварзиро даромадзо намедонанд ва мӯътақиданд, ки кишоварзон аз маҳсулоташон даромади зиёд намегиранд. Заминҳои шӯру корношоям ҳам дар ҳоли зиёдшавиянд, чунончи заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар кишвар 6 миллиону 987 ҳазору 661 гектарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо соли 2011 76 ҳазору 901 гектари он кам шудааст.
Шояд барномаҳо ҷиддӣ нестанд? Барномаҳову лоиаҳое, ки аз тарафи ҳукумат қабул мегарданд, дар асл маблағгузорӣ намешаванд. Муовини вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, ки ин талаботҳои мавҷуда аз имконияти молиявии Вазорати молия зиёдтар аст: "ҳангоми баррасии ин барномаҳо самаранокии баландтари онҳо ба назар гирифта мешавад ва на ҳамаи ин талаботро Вазорати молия қонеъ гардонида метавонад. Чун агар ҳамаи ин барномаҳо қонеъ мегашт, дигар Вазорати молия Вазорати молия намешуду экспансияи буҷет ба вуҷуд меомад ва сиёсати буҷетиву монитарӣ ҷиҳати зиёд гаштани таваррум ва паст шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ оварда мерасонид. Мо ҳама вақт ба афзалиятҳо нигоҳ мекунем вале иқрор мешавем, ки барои иҷрои ҳамаи барномаҳо маблағ надорем".
Аммо иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки Тоҷикистон ҳамеша ба умеди барномаҳо ва лоиҳаҳои инвеститсиониест, ки соири кишварҳо пули онро медиҳанд. Ба ҳамин хотир масъулини кишвар дуруст ҳисоб намекунанд, ки оё тавони иҷрои ин ё он барномаро доранд ё на. Барои ҳамин ҳамеша иҷрои як барнома дар Тоҷикистон аз як сол ба соли дигар ва аз соли дигар ба соли дигараш мемонад. Аз тарафи дигар ҳамин кумакҳои хориҷӣ ҳам самаранок истифода намешаванд ва бо бӯҳрони молие, ки дар аврупо мавҷуд аст, ин кумакҳо коста хоҳанд гардид. Дар Тоҷикистон контрол нест ва иҷрои барномаҳоро одамоне бар ӯҳда мегиранд, ки аз ошноёни ҳукуматанд. Агар ҳукумат ирода кунад, метавонад пеши ба сирқат рафтани маблағҳоро гирад, вале ҳамон ниҳодҳои тафтишотиву контролкунанда ҳам аз ин чизҳо манфиъатдоранд.
Дар соли 2012 дармади буҷет 10 миллиарду 160 миллиу 60 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти он 10 миллиорду 340 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет 180 млн. сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Вазифае, ки ба Вазорати молия марбут мешавад, ин мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет аст. Пас беҳтар аст то ин ниҳод масъулияти худро ба дурустӣ анҷом диҳад. Чун 75 фоизи буҷети кишвар аз ҳисоби андоз пур мешавадуа на ҳамеша ҳама имконияти супоридани андозро доранд. Ва акнун, ки маблағҳои буҷет ба сирқат меравад, вазифаи масъулин сангинтар хоҳад буд.
Сиёвуш Қосимзода