«Корманди ҳукумати шаҳр» 89 000 долларро ба яғмо бурд
Мавлуда Бобошоева, шаҳрванди 41-солаи кишвар бо роҳи фиреб аз сокинони пойтахт маблағи ҳангуфтеро гирифта барнагардондааст.
Аз ВКД ба «Озодагон» гуфтанд, ки дар пайи таҳқиқи аризаи шаҳрванд Бахтиёр Баймонов маълум гардидааст, ки Бобошоева худро корманди ҳукумати шаҳри Душанбе муарифӣ намуда аз боварии шаҳрвандон истифода карда маблағҳои онҳоро аз худ мекардааст. Моҳи марти соли равон Мавлуда Бобошоева дар бозори «Корвон», воқеъ дар кӯчаи Крупский бо роҳи фиреб аз Бахтиёр Баймонов 3500 доллари амрикоӣ гирифта ваъдаи аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Душанбе ба ӯ додани хонаи арзонро кардааст. Ҳамчунин, Бобошоева моҳи ноябри соли 2009-ум аз шаҳрванд Гулсуной Бутаева, истиқоматкунандаи кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, соҳибкори бозори «Корвон», 79 000 доллар ва моҳи апрел аз Лутфия Ҷоматова, сокини ноҳияи Ҳисор 6 500 доллари амрикоӣ гирифта то ҳанӯз барнагардондааст. Ба иттилои манбаъ, Бобошоева сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ буда дар ягон ҷо кор намекардааст. Қаблан, бо моддаи 247-и қонуни ҷинойӣ суд шудааст.