Табодули амвол миёни Тоҷикистону Полша 2 миллиону 647 ҳазор долларро ташкил додааст
«Рӯзи дарҳои кушоди Полша».Таҳти чунин унвон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ семинари вижа баргузор гардид.
Дар ин ҳамойиш шиносоӣ бо вазъи иқтисодии Полша, ҳамкории сафорати Полша ба соҳибкорони ин минтақа, роҳҳои асосии рушди тиҷорат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Полша бо Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Ба иттиллои маркази матбуотии палатаи савдо ва саноати кишвар, дар семинари мазкур Стшалковски Славомир, машваратчии аршади сафири Полша дар Тоҷикистон, Азиз Гиёев, муовини раиси ВМКБ, Файз Занҷирбеков, сардори раёсати палатаи савдо ва саноат дар ВМКБ ширкат намуданд. Маврид ба ёдоварист, тибқи омори расмӣ муносибатҳои дипломатии Полша ба Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз гардида, гардиши мол миёни ин ду кишвар дар 5 моҳи ахири соли равон 2 миллиону 647 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон асосан бо давлати Полша дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳканӣ, кишоварзӣ, саноати сабук ва туризм ҳамкорӣ дорад.