Кормандони шӯъбаи мубориза бо фасод ва коррупсияи вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб аснои гирифтани ришва як ходими таваллудхонаи марказии шаҳрро боздошт намуданд.
Момодояи таваллудхонаи марказии шаҳри Кӯлоб Г.Н аз як сокини ҳамин шаҳр Г. барои кӯмак дар таваллуди фарзанд, аз наздикони ахирӣ 250 сомонӣ «мукофот» талаб намудаст. Ҳарчанд эшон ба момодоя фаҳмонданӣ мешаванд, ки оилаи камбизоатанду дар бисоташон маблағе надоранд, вале доя ҳамоно талаби «ҳаққи хизмат» мекунад ва ҳатто барои баровардани модару тифл аз таваллудхона иҷозат намедиҳад: «Ҳарчанд апаву хоҳар гуфтем, фаҳмондем, ки қудрати пардохти ин маблағро надорем, аммо бефоида. Доя мегуфт, ки ин ҳаққи хизмати кормандони таваллудхона, нигоҳубини модару кӯдак тайи ин чанд рӯз мебошад. Хоҳед нахоҳед, бояд маблағ диҳед. Маҷбур шудем аз ришвапурсии доя ба мақомот муроҷиат намоем».
Сардори шӯъбаи мубориза бо фасод ва коррупсияи минтақавӣ, полковник Умаралӣ Ясадов гуфт, баъди муроҷиати шаҳрвандон, ходими таваллудхонаро ҳангоми гирифтани ришва боздошт намудем. Дар ин маврид нисбати ходим бо моддаи 324-и кодекси ҷиноятии ҶТ (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, аз аввали сол инҷониб кормандони ҳамин шӯъба 7 ҳолати ришваситониро ошкор намуда, нисбат ба 6 нафар бо моддаи 319 (гирифтани пора) ва 1 нафари дигар бо моддаи 320 (додани пора) парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонида, ба суд ирсол намудаанд.
Пулдиҳӣ дар зоишгоҳ- расми мамулӣ?
Дар мавриди порагирӣ ва «мукофотпулӣ» дар таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб миёни сокинон ҳамарӯза норозигӣ садо медиҳад. Зайнаб, як сокини шаҳр мегӯяд, ин на аввалин ва на охирин ҳолати порагирии кормандони ин таваллудхона аст. Ҳар хонуме, ки барои таваллуд ба ин зоишгоҳ интиқол мешавад, ҳатман сар аз даромадан ба он, то рӯзи берун шудан, бо ҳар восита маҷбур аст, ки пул диҳад. Ба ҳангоми ҷавоб шудан аз таваллудхона, боз барои ҳамшира, момодоя, ходиме барои парпеч намудани тифл, хонуме, ки назди дар нишаставу даркӯшоӣ мекунад ва ахиран, нафаре, ки тифлро бардошта, то назди мошин мебарад, бояд пул диҳӣ. Ин амалиёт аллакай ба ҳукми анъана даромадааст.
Бояд гуфт, тақрибан 7 сол пеш як духтури ҳамин таваллудхонаро бо ҷурми ришваситонӣ кормандони мақомоти ҳуқуқ боздошт намудаву нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Аммо бо назардошти намояндаи мардумӣ дар маҷлиси вакилони халқ буданаш, вакилони мардумӣ барои ба суд кашидани ӯ монеъ гаштаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб 2 таваллудхона фаъолият дошта, ба онҳо на танҳо сокинони шаҳр, ки занҳои ҳомила аз рустоҳои наздики шаҳру ноҳия ва низ дигар навоҳӣ муроҷеъ мегарданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҳар ду таваллудхона ҳам барои таваллуди занон ва хизмат барояшон, кормандони он бе ягон азоби виҷдон «мукофот» мерӯёнанд. Вале аҷиб дар он аст, ки қимати мукофотро барои ҳама як хел маблағгузорӣ кардаву гузашта аз ин, мукофотро на хоҳиш, балки талаб менамоянд. Балки ҳамин мукофот ё ҳаққи хизмати ходимон, вобаста ба усули корашон, стандарт гаштааст. Ин бошад дар ҳолест, ки сар аз сӯзандору то ба бинту кулчадоруҳои зарурӣ ва дигар лавозимоти тиббиро худи занҳои ҳомила, аниқтараш наздикону пайвандони онҳо харидорӣ менамоянд.
Низомиён низ пора мегиранд…
Бо роҳи қаллобӣ, барои хизмат кардан «мукофот» гирифтан дар Точикистон усулан ба ҳукми анъана даромадааст. Кормандони прокуратураи гарнизони ҳарбии Кӯлоб бо ҳамин чурм, сардори курсҳои байниноҳиявии Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаи Кӯлоб, подполковник Маҳмадкарим Азимовро боздошт намуданд. Тибқи иттилои прокурори ҳарбии гарнизон Икром Зоиров, боздоштшуда бо роҳи фиреб аз 6 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб дар мачмӯъ беш аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъдаи таъмин бо манзили зист, ки барои зарардидагони офати табиӣ соли 2010-ум аз чониби Президенти кишвар ва ҲҶТ чудо гардида буд, мекунад. Намояндаи масъули Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ҳангоми боздошт ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст. Дар ҳамин ҳол, прокуратураи гарнизони ҳарбӣ подполковники чинояткорро на бо айби порагирӣ балки бо моддаи 247, қаллобӣ, муттаҳам карда, дар ҳабси ӯ саросема нест: «Мо аввал кӯшиши дорем то маблағҳои ситондаи подполковникро ба чабрдидагон пас гардонем. Дар ин маврид, «мукофотгир» аллакай 16 ҳазор долларро ба 2 тан чабрдида гардонд. Зиёда аз 24 ҳазор доллари дигари 4 нафар боқӣ мондааст, ки Азимов ваъдаи ҷуброн кардан додааст».
Ба қавли прокурори ҳарбӣ, дар қазияи мазкур ҳеч мумкин нест, ки як нафар даст дошта бошад. Аммо, мутаасифона, ин ҳолатро ошкор намудан номумкин аст.
«Моҳиҳо» боздошт мешаванд, аммо «наҳангҳо» не
Ҳамзамон, чанде пеш як масъули мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷурми ришвагирӣ барои додани манзили зист аз хонаҳои аз сел зарардидаи сокинони Кӯлоб аз ҷониби агентии мубориза бо фасод ва коррупсия дастгир гашта буд. Муттаҳам бо баргардонидани маблағи гирифтааш, бо ҳукми суд ҷаримабандӣ гашта, аз зиндонӣ шудан раҳо ёфта буд.
Воқеан, дар мавриди ҳатулкорӣ ва ноадолатона тақсим намудани хонаҳои бунёдёфта барои селзадагон дар шаҳри Кӯлоб (майи соли 2010) миёни аҳолӣ гапу калочаи зиёде бархоста буд. Аммо он вақт ба гуфтаву ишораи мардум масъулин бепарво буданд. Дар ҳоли ҳозир ҳам, ба андешаи мардум, ба чанг «моҳичаҳо» меғалтанд. «Наҳангҳо» бошанд, ба осонӣ раҳо ёфта, дар баҳри «пора» орому осоишта шино мекунанду нафаси осуда мекашанд…
Аслиддин Достиев