Ҳафт соли дигар "шукрона" мекунем?!
Оё дар интихоботи оянда Эмомалӣ Раҳмон райъи мардумро ба даст хоҳад овард?
Номзади рақами 1
ҲХДТ ва бархе аз намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли оянда Эмомалӣ Раҳмонро якуним сол қабл аз интихобот номзади худ эълон намуданд. Онҳо ҳанӯз ба бидуни алтернатива
будани лидерашон эътиқод доранд. Фикр намекунам, ки эълон намудани Раҳмон ба унвони номзад ба президентӣ дар соли 2013 барои ҷомеа хабари ғайричашмдошт ё нав намуда бошад. Зеро то аз ҷониби ҲХДТ ва ҷонибдоронаш номзад эълон шудани президенти имрӯза низ маълум буд, ки чунин хоҳад шуд. Оре, 10 сол пеш вақте бо ибтикори ҳукумат ба Сарқонуни ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва мӯҳлати президентиро ба ду ҳафтсола дароз намуданд, маънои барои ду ҳафтсолаи дигар таъмин намудани курсии мансаби раисҷумҳур барои Раҳмонро дошт. Вагарна барои миллат чӣ фарқ дошту дорад, ки мӯҳлати президентӣ ду панҷсола бошад ё ду ҳафтсола. Ҳамин тариқ, ҳоло он чиро тасаввур мекардем, шоҳиди амалӣ шуданаш гардидем, ки имрӯз Раҳмон ва командааш даъвогари асосии курсии президентӣ ҳастанд.
ҲХДТ ба интихобот омода мешавад
Тайёрӣ ба интихобот аз ҷониби ҲХДТ ва ҳукуматро метавон гуфт, ки ҳанӯз як сол қабл оғоз шуда буд. Яке аз ҳадафҳои бархӯрди ҳукумат бо диндорон ва аз ҷумла баргардонидани толибилмони макотиби динии кишварҳои мусалмонӣ ба манзури ҳамвор намудани роҳ барои интихобот буд. Яъне ҳукумат солҳои охир дар симои муллоҳо қудратро мушоҳида кард. Ва тамоми амалиёте, ки дар нисбати масоҷид, фиттаҳои амри маъруфи рӯҳониёни машҳур, ба имзо расидани қонуни масъулияти волидайн, таъини имомхатибони "ҳукуматӣ" ва ғайра анҷом ёфт, барои заъиф сохтани ин қишри ҷомеа рӯи даст гирифта шуд. Сиёҳ сохтани чеҳраҳои сиёсие, ки дар ҷомеа ба ҳадде пайравон ва ҷонибдорони худро доранд, тавассути расонаҳои давлатиро низ метавон ба омили интихобот рабт дод. Таъсиси радиои "Ховар" аз ҷониби ҳукумат ва иқдомоте мисли инро ҳам барои тарғиби "сиёсатҳои хирадмандона" ва хол гирифтан дар интихоботи оянда шумурдан мантиқӣ ба назар мерасад. Хуллас, ҳукумат барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ сахт камар бастааст. Аммо суол ин ҷост, ки Раҳмон ин бор райъи мардумро соҳиб хоҳад шуд? Манзурам овоз гирифтан аст, зеро сазовори райъи мардум шудан дигар асту ба истилоҳ дар интихобот пирӯз шудан дигар (ба хусус дар кишвари мо).
Раҳмон боз президент мешавад
Соли 2013 низ Раҳмон президент мешавад. Орои заруриро ба даст меорад ё хайр, ин мавзӯи дигар аст. Аммо, натиҷаи интихобот ба фоидаи ӯ ҳал хоҳад шуд. Инро бо назардошти воқеиятҳои кишвар мегӯям. Зеро агар рафту номзади рақиби Раҳмон дар ҷамоате ё ноҳияе 80 дарсади овозҳоро соҳиб гардад ҳам, раиси ҷамоат ва раиси ноҳия ғайрат намекунанд, ки чунин натиҷаро ба Комиссияи марказии интихобот ирсол намояд. Ба замми ин ҳам раисони ҷамоатҳо ва ҳам ҳокимони ноҳияҳо дастнишондаҳои ҳамин ҳизби ҳокиманд ва ба манфиати ҳизби дигар, ё шахси дигар амал намуданашон аз манти? дур менамояд. Бо кашфи роҳе онҳо натиҷаро ба фоидаи ҳукумат тағйир медиҳанд, то барои хеш дарди сар эҷод накунанд. Ҳукумат дар интихобот мисли интихоботҳои гузашта аз потенсиали муаллимон ба хусус директорҳои макотиб низ истифода хоҳад кард. Дар ҳақиқат воқеиятҳои ҷомеаи мо тақозо мекунанд, ки танҳо чунин андеша дошта бошем. Охир бубинед, мо наметавонем раиси хоҷагӣ ё ҷамоати худро ба хости дили хеш интихоб намоем. Интихоби раис куҷо ҳатто наметавонем ҳофизи мақбули худро аз тариқи телевизион гӯш кунем. Пас роҳе ҳаст, ки Президенти дигар интихоб кунем? Агар ба чашми воқеъбин нигарем, роҳ нест. Модом ки роҳ нест, пас ҷаноби Раҳмон боз президент мешавад. Гуфтем, ки Раҳмон президент мешавад, аммо нагуфтем, ки овоз мегирад. Чаро? Омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки миқдори зарурии овозҳоро соҳиб шудани ХХДТ ва ҳукуматро таҳти суол мебаранд.
Омилҳои дилсардии мардум
Шумо боре андеша намудаед, ки чаро идеологҳои ҳукумати Раҳмон фақат аз сулҳ кардани ӯ ҳарф мезананд ва миллати тоҷикро ба шукр кардану иддао накардан ташвиқ мекунанд? Ба назари инҷониб аз ҳад беш забонзада шудани мафҳуми сулҳ аз набудани дастовардҳоест, ки таи солҳои ҳукмронии ҲХДТ бояст ба миён меомад. Ваъдаҳои ҳукумат дар ҳеч маврид ба дараҷаи зарурӣ амалӣ нашуданд. На танҳо Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ нарасид, балки вазъи бебарқӣ шадидтар гардид. Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти комуникатсионӣ ҳам танҳо ваъда боқӣ монд. Амнияти озуқаворӣ таъмин нашуд. Шумори муҳоҷирон ба ҷои камтар шудан рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ҳанӯз ҳам ҳуқуқҳои онҳо ҳифз намешавад. Нақлиёт миёни шаҳру ноҳияҳо ва деҳот умуман вуҷуд надорад. Дар шаҳрҳо низ ин соҳа ҳеч танзим наёфт. Роҳҳои кишвар рӯз ба рӯз харобтару валангортар мешаванд…
Агар шаҳрҳои Тоҷикистон 10-15 сол қабл аз оби гарму системаи гармидиҳӣ маҳрум шуда бошанд, баъдтар газ низ ба куллӣ аз дасташон рафт. Имрӯз ҳамин оби сарде, ки дороии аслии кишварамон мешуморем, аз қабати дувуми биноҳо боло намеравад. Соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳамчунон вазъи таассуфбор дорад. Коррупсия дар тамоми соҳаҳо реша давондааст. Мардум ба мақомоти додситониву додгоҳ эътимод надоранд. Дар деҳот мардуми оддӣ аксаран на танҳо ба заминҳои ҷамъиятӣ дастрасӣ надоранд, балки бо вуҷуди ба имзо расидани фармони президент дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзил, соҳиби замин барои манзилсозӣ нашудаанд. Муносибати давлат ба дин ва диндоронро халқ қабул надорад. Ба ҳамин минвол аҳолӣ мушкилоти хеле зиёд доранд. Шояд бо вуҷуди ҳамаи ин маҳрумиятҳо қисмате аз мардум шукр кунанд ва розӣ бошанд, аммо то ҳол касеро надидаам, ки аз фаъолияти ширкати IRS розӣ бошаду шукрона кунад. Ҳатто худи мансабдорон. Ҳамчунин барои ба Чин додани порае аз марзи Ватан бовар надорам, ки кадом як тоҷике шукрона кунад. Таъини кадрҳо дар мансабҳои давлатӣ ҳам аз ҳамин қабил аст. Мушкилоте, ки зикр кардем, агар мардумро дилсард насозад ҳам, ба ҳеч ваҷҳ дилгарм нахоҳад сохт.
Роҳи ҳал ҳаст, агар…
Раҳмон барои ҳафт соли дигар президент шудан мехоҳад. Агар намехост намегузошт, ки номзадиашро эълон кунанд. Гуфтем, ки натиҷаи интихоботро ба даст оварданаш имконпазир аст. Вале оё ҳадаф танҳо дубора соҳиб шудан ба курсии президентӣ аст? Барои Раҳмон ба даст овардани дили аксарияти мардум аҳамият надорад? Дорад. Ҳадди ақал барои орому осуда ҳафт соли дигар ҳукм рондан. Аммо ин то чӣ ҳад ба ӯ муяссар хоҳад шуд? Аввалин қадамро президенти имрӯза-оянда бояд ба сӯи мардум, яъне ҷониби миллат гузорад. Кӯтоҳ шарҳ медиҳем: Ҳар чӣ мавриди қабули миллат нест, мебояд аз он даст кашад.
Ба ҷои охирсухан. 7 пешниҳод ба президенти имрӯза-оянда
Аз ин рӯ пешниҳод дорем: Якум; фаъолияти ширкати IRS пурра қатъ гардад. Дуввум; ҳамаи амалҳое, ки боиси ихтилоф дар ҷомеа мешавад ва мухолифи усулҳои ваҳдат аст, мисли сиёҳ намудани чеҳраҳои мухолифи собиқ ва имрӯз аз тариқи расонаҳо бас карда шавад. Сеюм; таъини мансабдорон ба вазифаҳои давлатӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ гардад, на аз рӯи меъёрҳои ҷуғрофию таборӣ. Чорум; дар мамлакат шароит фароҳам оварда шавад, ки бидуни пешниҳоди пора мушкили корафтодагон ҳал гардад (ангор имрӯз ҳатто барои сафари ҳаҷ пора талаб мекунанд). Панҷум; имконоти фаъолияту тиҷорат барои ҳамаи шаҳрвандон яксон фароҳам оварда шавад. Зеро имрӯз ба касе пӯшида нест, ки кулли бахшҳои марбут ба тиҷорату соҳибкории миёна ва калонро дар Тоҷикистон як гурӯҳи муайян идора мекунад. Шашум; муносибат ба дин ва диндорон ба ҷониби мусбат тағйир пазирад ва ҳамчунин ислоҳоти ҷиддӣ дар сохторҳои маорифу тандурустӣ роҳандозӣ гардад. Ҳафтум ва шояд асоситар аз ҳама: шароит ва заминаҳои доир кардани интихоботҳои озод ва шаффоф ҳадди ақал барои навбатҳои баъдӣ фароҳам оварда шавад ва барои ин бояд ҳатман қонуни интихобот ҷиддан тағйир ёбад.
Азизи НАҚИБЗОД