Дар як дорухат (ретсепт), ки табибон барои бемор менависанд, дар аксар маврид ду, се ва ҳатто бештар аз он доруи якхела менависанд, ки суолҳоро ба миён меорад…
Шояд истифодаи инчунин доруворӣ ва ба таври пайиҳам, барои саломатии мариз фоидаовар бошад. Дар аввал нафари аз тибу муолиҷаи тиббӣ бехабар гумон мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ табибон доруеро, ки барои саломатии бемор зарур набошад, пешниҳод намекунанд. Таври маъмул, духтурону табибон фақат ва фақат барои солим гардондани шахси бемор кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гузашта аз ин, ҳар табиб баъди хатми донишгоҳ ҳатман савганди Ҳиппократро ёд мекунад, ки танҳо барои саломатии инсонҳо кору фаъолият хоҳад намуд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки замони ахир, «меросхӯрон»-и Ҳиппократ на танҳо ба ӯ содиқ набудаанд, ки ҳатто аз саломатии маризон парво ҳам надоранд. Бо ҳар роҳу восита аз беморону наздиконашон то он ҷое, ки номусашон мебардорад, пул меситонанд. Воқеан, ман на ҳама табибонро ин ҷо мазамат карданиам, шояд бошанд нафароне, ки сидқан дилбастаи соҳаанду барои касалмандон ба таври зарурӣ ва доираи имконот кумак мерасонанд. Вале, ин гуна табибро то ҳол вонахӯрдаем. Шояд иллати асосӣ дар камии маоши эшон бошад.
Аммо дар ҳоли ҳозир аз пулситонии пизишкон не, балки рӯйи дигар мушкил сухан гуфтанием. Дар бораи он ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ духтурони тоҷик тавонистаанд аз ташкилотҳои хориҷии фарматсевтӣ ё худ дорубарор, ё шояд доруфурӯш, маблағ ситонанд.
Ҷаноби Шарипов, сардори намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар аксари ретсептҳое, ки аз ҷониби духтурони чӣ беморхонаҳо ва чӣ марказҳову дармонгоҳҳо барои шахси бемор навишта мешаванд, ҳатман 2 ва дар баъзе маврид 3-4 намуди як доруворӣ, вале бо номгӯйи гуногун, ки таъсирашон баробар мебошад, пешниҳод карда мешавад. Ҳол он ки таъсири ҳамаи ин доруҳо тақрибан якгуна аст. Аммо, ба қавли мутахассис, дар маврид шахси бемор ба ҳангоми қабули якчанд дорувории якхела, аммо бо номгӯйи дигар, на танҳо шифо намеёбад, ки ҳатто мумкин аст зиёнаш расад.Саволи пӯшида ин аст, ки чаро табибон дидаву дониста барои нафари бемор як доруро бо номгӯйи гуногун пешниҳод мекунанд? Дар ин маврид Шарипов мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир ба ҷумҳурӣ доруворӣ аз ширкатҳои гуногуни хориҷӣ дохил мегарданд. Маълум аст, ки ба савдо рафтани он низ дар пайи рақобат, мушкилтар мегардад. Дар ҳамин ҳол, намояндагони ширкатҳои доруистеҳсолкунанда, ё доруфурӯши хориҷӣ бо духтурони маҳаллӣ забон ёфта шартнома мебанданд. Яъне, ҳаройина бо зиёд ба савдо рафтани маҳсулоти дорувории кадом ширкате, духтурони маҳаллие, ки ретсепт навиштаву пешниҳоди беморон кардаанд, чанд фоизе аз маблағи савдо «ҳаққи хизмат» мегиранд.
Ҳангоми сӯҳбат сардори намояндагии Хадамоти фарматсевтӣ барои мо беш аз 10 ретсепти аз дорухонаҳои шаҳри Кӯлоб мусодирашударо нишон дод, ки (ҳарчанд мо намедонистем, ки кадом дору чӣ қобилият дорад) ба гуфтаи ӯ, дар ҳар кадоме аз 2 то 4 номгӯйи дорувории якхела навишта шуда будааст. «Ин гуна ҳолат дар ҳамаи беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳои шаҳру навоҳӣ зиёд ба мушоҳида расидааст. Дар нақша дорем, то рӯзҳои наздик дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати тиббӣ ва мақомоти ҳуқуқӣ якчанд рейдҳои санҷишӣ гузаронида, ба ин гуна ҳатулкориҳо нуқта гузорем», мегӯяд Шарипов.
Гузашта аз ин, ба иттилои кормандони намояндагии Хадамоти фарматсевтии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, ҳолатҳое ҳам кашф шудаанд, ки масъулини тиб дорувории барои кӯмак ҷудошударо ҳам ба нуқтаҳои фурӯши доруворӣ дода, баъдан ба савдо мезананд. Кормандони ҳамин хадамот дар якҷоягӣ бо масъулини шӯъбаи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нуқтаи доруфурӯшии ҶДММ «Тоҷикистон-М», ки муттаалиқ ба Миралиев М будааст, савдои дорувории зидди бемории силро, ки тибқи фармони Вазорати тандурустӣ аз 18-июли соли 2009-ум «Оид ба танзим даровардани муомилоти маводҳои дорувории зидди силӣ» фурӯши ин доруворӣ дар дорухонаҳо қатъиян манъ карда шуда будааст, ошкор намуданд. Шарипов мегӯяд, дар пайи ошкор намудани ин ҳолат, нафарони зиёде аз мудири ин дорухона пуштибонӣ карда, дархости бе ҷазо мондани ӯ гардидаанд. Аммо масъулин тавонистанд бо истифода аз моддаи 121-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ охириро муттаҳам намуда, аз ӯ ба маблағи 3500 сомонӣ ҷарима ситонанд.
Хатар ба беморон
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар дӯкону нуқтаҳои доруфурӯшӣ доруҳое низ ба савдо бароварда мешаванд, ки дорои сертификат нестанд ва гузашта аз ин, доруҳои мӯҳлати истифодабариашон гузашта низ. Мутаасифона, ба иқрори ҷаноби Шарипов, дар нимсолаи равон худи мудирони дорухонаҳо дар ҳамаи 10 навоҳии минтақа 122 номгӯй ва 675 адад дорувории мӯҳлати истифодаашон гузаштаро барои аз гардиш бозмондан ба Хадамоти фарматсевтӣ ихтиёран супоридаанд. Вале аз ҷониби кормандони ин муассиса ягон ҳолати бесифатӣ, бесертификатӣ ва ё гузаштани мӯҳлати истифодабарӣ ошкор нагаштааст. «Доруфурӯшӣ ҳам имрӯз тиҷорат аст ва доруро соҳибкорон аз ҳисоби шахсиашон харида, меоранд. Аз ин хотир, то рӯзи охирин мӯҳлати истифодабарӣ онро нигаҳ медоранд. Ҳангоми санҷишҳои корӣ ба савдогарони доруворӣ таъкид менамоем, ки баробари ба анҷом расидани мӯҳлати истифодабарии дору, ҳатман ба Хадамоти мо муроҷиат намоянд»,- меафзояд Шарипов.
Вале аз таъкидҳои намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ соҳибкорони доруфурӯш бепарвоанд. Гузашта аз ин, ба иқрори Шарипов, ҳамон 122 номгӯйи дорувории мӯҳлаташон гузашта, танҳо баъди ошкор намудани кормандони ҳамин Хадамот мусодира ё ба истилоҳ, ихтиёрӣ супорида шудааст. Вагарна, бизнес бизнес аст ва ягон тоҷир барои зарар кор нахоҳад кард, агарчӣ он ба саломатии дигарон хатарбор ҳам бошад. Ва ин хатар ҳамарӯза барои аҳолӣ, ба хусус дар навоҳии аз марказ дур, ки аз назорату санҷиш берун мондаанд, мунтазам таҳдид менамояд.
Аслиддин Достиев