Даргузашти як мақоми баландпояи хадамоти алоқа
Валерий Бугаенко, сарвари агентии федеролии алоқа мавсум ба «Россвяз»-и Русия дар сини 61-солагӣ даргузашт.
Бино ба навиштаи хабаргузории «РИА Новости», марҳум бар асари сактаи қалб шаби гузашта дар манзили зисташ дар шаҳри Маскав вафот кардааст. Хадамоти матбуотии ин ниҳод иттилоъро дар мавриди реҳлати Бугаенко тайид карда, эълом доштааст, ки хабари расмиро дертар ба нашр хоханд расонд.
«Дар асоси фарзияҳои пешакӣ сабаби марги Валерий Бугаенко сактаи дил тахмин мешавад»,- гуфт намояндаи вазорати алоқаи Русия.
Марҳум аз соли 2004 дар мақоми роҳбарии агентии алоқа ифои вазифа мекард, қабл аз ин Бугаенко корманди низомии вазорати мудофиаи Русия буд. «Инсони наҷиб ва корманди ҳирфаӣ аз дунё даргузашт»,- иброз доштааст, вазири алоқаи Русия Игор Шеголев. Ӯ дар хотири кормандони хадамот ва тобеонаш ба таври ҳамешагӣ «қумондон» ва шахси сахтгиру серталаб боқӣ мемонад. Таслияти амиқи маро қабул кунед, илова кардааст вазир.
Валерий Бугаенко 5-уми январи соли 1951 ба дунё омада, солҳои 1968-1999 дар сафи артиш аз сарбози қаторӣ то ба рутбаи генерал-лейтенант хизмат кардааст.Хидмати ҳарбии ӯ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои зиддимушакӣ сипарӣ гаштааст.Хатмкардаи омӯзишгоҳи муҳандисӣ-низомии шаҳри Харков, академияи олии ҳарбии ба номи Дзержинский ва академияи генералии ситоди вазорати дифоъи Русия буд.