Боз як нафари дигар дар шимоли Тоҷикистон ба қаъри дарё рафта, ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои ВКД сокини 39-солаи рустои Қарақчиқуми ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом Зокирҷон Ҳакимов, аснои моҳидорӣ дар рӯдхонаи Сир ба дарё афтодааст.Пас аз кофтукоб ҷасади ӯ пайдо гардида, тафтишоти қазия идома дорад.