Дар Конститутсия Тоҷикистон кишваре демократисту ҳукумат муваззаф аст талаботи демократияро иҷро намояд, вале инак бо сипарӣ шудани 21 сол аз умри ҳукумати феълӣ хелеҳо бар ин назаранд, ки мардуми Тоҷикистон ба ин талаботи демократия даст наёфтаанду ҳукумат даст ба ислоҳоти ҷиддии сиёсие назадааст ва ҳукумат ҳатто дар иҷрои созишномаи сулҳ муваффақ ба ҷалби ризояти ҷониби дигар нашудааст. Роҷеъ ба ин масоил хабарнигори "Озодагон" тасмим гирифт бо Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ сӯҳбат намояд.
10 соли аз даст рафтаи ҳукумат
- Бо гузашти 21 сол аз истиқлолият бештари мушкилоти кишвар ҳалли худро наёфтааст аз ҷумла норасоии барқ, ин ба ноӯҳдабароии масъулин рабт дорад ва ё ба вобастагии онҳо, чун барои ба сари қудрат омадани ҳукумати феълӣ нақши Русияву ӯзбакистон эҳсос мешуд ва дар ин ду даҳсола ҳукумати мо дар тасмимгириҳои худ вобаста ба қудратҳои хориҷӣ будааст ё мустақил амал кардааст?
- Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Пеш аз ҳама ин 20 солро бояд ба 2 тақсим кард. Инсофан 10 соли аввали истиқлолият кишвари мо дучори ҷанг буд ва ҳар ҳукумате ҳам дар он шароит шояд ҳукмрон мебуд, наметавонист ба мушкилоти кишвар расидагӣ кунад. Дар бораи ин масоил мо бояд атрофи 10 соли ахир сӯҳбат намоем. Зеро аз як ҷиҳат тазод ҳам ҳаст, чун дар солҳои ҷанг кулли кишвар бо барқ таъмин буду Душанбе ҳам оби гарм дошт. Аҷиб ин аст, ки баъди итмоми ҷанг дар кишвар норасоии барқ оғоз гардиду ҳатто Душанбе ҳам дучори мушкилоти зиёде гашт. Суоли асосӣ ин бояд бошад, ки оё 10 сол барои ҳукумати Тоҷикистон кофӣ буд то ин масоилро ҳал намояд? Аз нигоҳи мо кофӣ буд, чун Тоҷикитсон чандон кишвари бузурге несту инфраструктураи давлатдорӣ дар мамлакат вуҷуд дошт ва бо вуҷуди ҳама бадиҳояш мо аз шӯравӣ як инфраструктураро ба мерос гирифтем. Агар ҳукумат аз сифр шурӯъ намекарду ҳамон боқимондаро аз даст намедод, кофӣ буд. Мушкили имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон ҳамин аст, ки ҳамин меросро ҳам аз даст доду дар ивазаш чизи наверо ҳам натавонист бисозад. Сабаби асосиро дар он мебинем, ки мо баъд аз солҳои 2000 - ум бештар дунболи зоҳири масъала рафтем ва фақат бо масоили фароғативу фарҳангӣ ва ҷашнҳо саргардон будем. Бубинед бузургтарин мушкил ва дағдағаи ҳукуматдорони мо ин омодагӣ дидан аз як ҷашн ба ҷашни дигар аст. 6 моҳ қабл аз як ҷашн омодагӣ барои 20 солагии истиқлолият эълон мешаваду баъди 20 солагӣ омодагӣ ба сессияи 16 - ум ва сессияи 16 - ум, ки тамом шуд, омодагӣ ба наврӯз ва ҳаёти мо ҳамин тавр аз як ҷашн то ҷашни дигар мегузараду тамоми нерӯи инсонӣ ва фикри ҷомеа равона шудааст ба гузаронидани ҷашнҳо. Ҳол он ки як миллат ва як кишвар танҳо аз чорабиниҳои оммавиву фарҳангӣ иборат нест ва билохира як рӯз мерақсем, ду рӯз мерақсем, аммо рӯзи севвум мебинем, ки зарурат ба роҳ, барқ, ҷои кор ва ба истеҳсолот ҳаст. Мутаасифона таваҷҷуҳи ҳукумат ба ин масоил камтар буд ва ҳарчанд акнун шурӯъ кардаанд, аммо мо фурсатро аз даст додем.
- Дар раванди тасмимгириҳое, ки ҳукумат мегирад ва ба вижа ҳангоми ба тасвиб расидани қавонин, ҲНИТ ва соири аҳзоб пешниҳодҳои худро дар хусуси иштибоҳ будани ин ё он тасмим ва паҳлӯи масъала ҳамроҳ бо роҳи ҳал ироа менамоянд, вале ин пешниҳодот муассир воқеъ намешаванд чун ҳукумат кори худро кардан мегирад, ин ба чӣ марбут мешавад? Оё ин ба маҳдуд будани фаъолияти аҳзоб рабт дорад ва ё ҳукумат беш аз ҳад такравӣ мекунад?
- Бубинед, лоиҳаҳои қонуне, ки аз тарафи ҳукумат пешниҳод мегарданд хусусан агар бо имзои президент ироа гардад, дар Парлумон танҳо метавонанд ислоҳоти таҳрирӣ ва услубӣ ҷорӣ намоянд, зеро фарҳанги сиёсии мо таврест, ки мухолифат кардан бо ин ё он лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат ва ё президент пешниҳод шуда, аз тарафи баъзеҳо ҳамчун мухолифат бо сиёсати давлату ҳукумат фаҳмида мешавад ва дар ёд ҳам надорам, ки қонуни пешниҳодшудае аз тарафи ҳукумат ва ё президентро, боре Парлумон багардонида бошад. Албатта фикрҳои мухолиф ҳастанду мешаванд, вале чун аксарият дар дасти як ҳизб аст ва он ҳизб ҳам бештар дар фикри раиси худаш, ки ҳамзамон раиси ҳукумат ҳам ҳаст, эҳтиром мегузорад ё пайравӣ мекунад аз он, бинобар ҳамин дар мо амалан имконият мавҷуд нест то Парлумон лоиҳаи қонунеро, ки аз тарафи президент омода мешавад, баргардонад. Фарқе ҳам надорад, ки ин мухолифат аз ҷониби ҲНИТ мешавад ё ҲКТ ва ё ҳар ҳизби дигаре ҳам бошад.
Худфиребиҳо дер давом нахоҳад кард
- Дар интихоботҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, аҳзоби сиёсӣ дар хусуси нодида гирифта шудани раъйҳояшон ҳамеша эътироз мекунанд аммо ин эътирозҳо муассир воқеъ намешавад ва чунин менамояд, ки дар мо ҳамаи қонунҳо дар дасти як нафар яъне роҳбарияти кишвар аст. Масъала инҷост, ки агар дар соли 2020 бори дигар ба қавонин тағирот ворид шаваду Эмомалӣ Раҳмон 7 соли дигар президент шавад, ҲНИТ чи вокунише нишон хоҳад дод? Бо вуқуъи ин иттифоқ аҳзоби мухолиф ба бунбаст намерасанд?
- Вақте шумо дар бораи соли 2020 - ум сӯҳбат мекунед, хеле пеш рафтед. Ҳоло аср асри суръат аст ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ таврест, ки мо на танҳо соли 2020, ҳатто соли 2015 - 2016 - ро ҳам пешбинӣ карда наметавонем ва фикр намекунам, ки вазъияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ то соли 2020 ҳамин тавр боқӣ бимонад. Зеро дар тамоми ҷаҳон тавассути технологияи нав иттилоърасонӣ дигар шуду маълумотҳо зуд ба ҳамаҷо паҳн мешаванд ва ман то он ҳад песимист нестам, ки дар ҷаҳон фақат мардуми Осиёи Марказӣ зери фишори ҳокимиятҳои авторитарӣ боқӣ бимонанд. Ҳатман ҳокимони мо ҳам аз ҳаводиси рух дода дар дигар кишварҳо ибрат хоҳанд гирифту қадамҳои ҷиддие ба тарафи ислоҳот хоҳанд бардошт, ки агар гузоштанд ба нафъи худашон аст, зеро худро ҳарчи зудтар аз мушкилот раҳо мекунанд. Вале агар боз ҳам пофишорӣ кунанду мисли собиқ гӯянд, ки дар мо ҳамакор дуруст асту ҳеч зарурате ба ислоҳот нест, мисли худфиребие хоҳад буд, ки дер давом нахоҳад кард.
Маҳбубияти президентро интихоботи шаффоф муайян мекунад!
- Дар Осиёи Марказӣ роҳбарон солҳои тӯлониест, ки дар сари қудратанд ба вижа роҳбари Тоҷикистон аз ҳузураш 20 сол мегузарад, таи ин солҳо президент чи кори мусбате анҷом додааст, ки боз мехоҳад дар интихоботи соли 2013 номзад шавад?- Албатта фарҳанги сиёсии муосир тақозо мекунад, ки мӯҳлати роҳбарии як нафар маҳдуд карда шавад. Вале дар инҷо омили аслӣ интихоботи шаффофу демократист ҳатто агар як нафар ба муддати тӯлонӣ ҳам роҳбар бошаду номзадии худро дубора бигзорад ва интихобот шаффофу демократӣ гузарад, ин чандон мушкили ҷиддие нест. Чун дар ин ҳолат мардум дар интихоботи шаффофу озод метавонанд раъй диҳанд ва ё баръакс надиҳанд. Зеро кам нестанд роҳбароне, ки 10 -15 сол ҳукумати як кишварро дар даст доштанд ва дар як интихоботи демократӣ муборизаро бохтанд. Магар ҳамин Саркозӣ барои мардуми Фаронса кам хидмат карда буд, ки вақте бори дуввум номзадияшро пешниҳод кард, мардуми Фаронса ба ӯ раъй надоданду гуфтанд, ки мо як чеҳраи наверо мехоҳем то бо ғайрату кушиши бештаре кор кунад ва худро нишон диҳад. Муҳим, ки интихобот шаффофу демократӣ бошад, набояд болои он тамаркуз кунем, ки як нафар 20 сол ё бештар роҳбарӣ кард. Дар сурате, ки худаш хаста нашуда бошаду омода бошад то ба мардумаш хидмати бештар кунад, бигзор ба ӯ имконият дода шавад, аммо аз ӯ бояд талаб карда шавад то, ки интихоботро одилонаву шаффоф гузаронад.
- Гуфтаниед, ки агар дар Тоҷикистон интихобот шаффоф баргузор шавад, президенти феълӣ шикаст мехӯрад?- Ман ин тавр гуфтанӣ нестам ва инро мардум муайян мекунад, ки интихоби президенти амалкунанд дар оянда ба нафъаш ҳаст ё нест. Тарозу фақат миллат аст ва бубинед ҳар як роҳбар фарқ надорад дар Тоҷикитсону дигар кишварҳо ҳатман тарафдорони худро дар ҷомеа дорад. Вақте як инсон 5 - 10 ва ё 20 сол бо мардум кору зиндагӣ мекунад, табиист, ки як қишри бузурге аз ҷомеа аз ӯ пайравӣ мекунанду тарафдораш ҳастанд. Фикр накунед президентҳое, ки дар интихобот раъй намеоранд, тарафдор надоранд. Худи Саркозӣ наздики 49 фоиз раъй овард, пас маълум мешавад, ки 49 дарсади мардуми Фаронса боз ҳам пуштибонӣ аз Саркозӣ мекунанд ва корҳои анҷомдодаи ӯро ҷонибдорӣ карданд. Ҳатто бадтарин роҳбарон ҳам дар тӯли таърих вақту замони худашон ҷонибдор доштанд ва имрӯз ҳам доранд. Ҳамин Чингизхон дар замони худаш ҷонибдор дошт ва ҳоло ҳам пайравонаш ҳастанд ҳатто Гитлер дар даврони худаш маҳбуб буд ва инак ҳам дар ҷаҳон кам нестанд касоне, ки аз Гитлер пайравӣ кунанд ва аз амир Темур ҳам ҳамчунин. Бинобарин меъёр мо нестем, балки мардум ва интихоботи шаффоф аст.
- Ихтиёроти президент дар низоми сиёсии Тоҷикистон басо зиёд аст. Президент аз раиси суд гирифта то раиси қувваҳои мусаллаҳро ба иловаи вазоифи дигар муъаян мекунад. Инҳо нишони он нест, ки салоҳиятҳои зиёде ба президент дода шудааст? Оё президенти феълии Тоҷикистон аз ин ихтиёроти додашудаи худ ба дурустӣ истифода бурдааст ва бештар ба манфиъати миллат кор кардааст ё ҳифзи ҳукуматаш?- Шояд замоне ин зарурат лозим буд то тамоми қудрат дар дасти як марказ бошаду барои ба ҳам овардани миллат, кишвар ва ҳалли мушкилот аз онҷо идора шавад, вале замона тағир меёбад ва таҷриба нишон дод, ки тамаркузи қудрат дар дасти як нафар оҳиста - оҳиста бар зарари миллат ва ҷомеа тамом мешавад. Ин фақат барои Тоҷикистон хос нест, ин як таҷрибаи ҷаҳонист ва вақти он расида то мо ҳам сари ин масъала амиқтар андеша кунем ва ҳамон тавре, ки қонуни асосӣ ҷудоии шохаҳои ҳокимиятро тақозо мекунад, бояд ин шохаҳоро амалан аз ҳам ҷудо кунем то баробарвазн шаванд ва шохаҳои судӣ, қонунгузор ва иҷроия тавонанд ҳам аз ҳамдигар мустақил бошанд ва ҳам якдигарро назорат кунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳам шохаи судӣ ва ҳам қонунбарор дар зери нуфузи шохаи ҳокимияти иҷроия мондааст.
"Омодаанд мардумро ба гурӯҳҳо тақсим кунанд"
- 15 - умин солгарди ҷашни ваҳдат ҳам гузашт аммо, ҲНИТ аз иҷро нагардидани бандҳои созишномаи сулҳ ва яктарафа баҳо додан ба он ва нодида гирифтани нақши онҳо шикоят мекунад ҳамчунин гуфта мешавад, ки 30 дарсади курсиҳо аз мухолифин гирифта шуд ва ҳамроҳи ин тӯҳмату таҳқир ва маҳдудиятҳо нисбати онҳо ба поён нарасидааст, агар чунин аст чаро бандҳои сулҳ иҷро нагардиданд ва бо мухолифин он тавре, ки онҳо мехоҳанд рафтор намекунанд. Масъалаи асосӣ инҷост, ки оё ин раванд хатаре надорад, агар дорад пас чаро ҲНИТ ва ҳукумат сари мизи гуфтугӯ наменишинанд?- Вақте мо дар бораи натоиҷи созишномаи сулҳ сӯҳбат мекунем, набояд бар рӯи 30 фоиз ва дигар бандҳои алоҳидаи созишнома тамаркузи зиёд кунем. Мо бояд ҷавҳар ва рӯҳияи он созишномаро меъёр қарор диҳем, чун он 30 дарсад ва дигар корҳои амалие, ки анҷом шуданд, василае буданд барои таҳкими ваҳдат ва мустаҳкамтар кардани сулҳу якдигарфаҳмӣ. Агар имрӯз шароите фароҳам мебуду интихоботи озод баргузор мешуд, муносибати ҳукумат бо ҳамаи ҳизбҳо баробар мебуд, дастрасии ҳамаи аҳзобу ҳаракатҳо ва мардум ба имконоти давлатӣ аз он ҷумла радио ва тиливизион, ба имконоти иқтисодӣ, тиҷорат ва дигар баробар мебуд, шояд дигар ҳеч касе дар хусуси он 30 фоиз сӯҳбат намекард, чун моҳияти худро гум мекарданд. Аммо имрӯз, ки мо дар ҷавҳари ваҳдат ва сулҳамон мушкилӣ дорем, боз ҳам мардум ҳамон 30 дарсадро баён мекунанду мегӯянд, ки агар он 30 фоиз ҳифз мешуд, ваҳдати мо комил мешуд ва ин нобаробарӣ аз байн мерафт. Ҳол он ки ман ин тавр фикр намекунам. Ҳоло ҳам касе ба мо халал нарасонидааст, ки имрӯз баъди 15 сол он арзишҳои созишномаро амалӣ намоем ва баъд ҳам он арзишҳо барои 5 солу 10 солу 20 сол навишта нашудаанд, он як ормонномаи миллат буд. Чун дар ин санад мо гуфтем, ки Тоҷикистон бояд як кишвари демократӣ бошад, баробар бошад ва интихоботҳо шаффоф гузарад, ҳамдигарро бибахшему якдигарро тӯҳмату таҳқир накунем ва ҳатто дар санади ҳамдигарбахшӣ эълон кардем, ки ғазаби Худо ва лаънати миллат бар касе бод, ки ин ҳодисаҳои ҷангро барои таблиғ бар алайҳи якдигар истифода мебарад. Вале имрӯз мебинем, ки дигар баъзеҳо на аз ғазаби Худо метарсанд ва на аз лаънати миллату мардум ва омодаанд, ки ба хотири ғаразҳои сиёсии кутоҳмуддати худ боз якбори дигар кишварро ба ҷангу ҷидол бикашанду ба гурӯҳҳо ва сиёҳу сафед тақсим кунанд. Муҳим ин аст. Агар мо имрӯз мегӯем, ки пойбанд ба он аҳдоф ҳастем, пас ҳеч кас халал нарасонидааст то ҲНИТ бо ҲХДТ сари як миз бинишинанд ва атрофи мушкилоти ҷомеа сӯҳбат намоянд. Мо омодаем, марҳамат биёянд ба дафтари кории мо, мо омода ҳастем, ки биравем ба дафтари кории онҳо. Мо мунтазир ҳастем то як маротиба ишора кунанду бигуянд, ки мо ҳам омода ҳастем. Ҳамон рӯзе, ки тарафи мӯҳтарам ё ҳар ҳизби дигар, ҳукумат бигӯяд, ки мо омодаи сӯҳбату нишастану ҳамдигарфаҳмӣ ҳастем, барои мо дигар ҷояш фарқ намекунад, сатҳаш муҳим нест. Мо иншоаллоҳ, ки омода ҳастем, чун ин заруратро дарк мекунем. Ман сабабашро намедонам барои чӣ, вале мутаасифона баъзеҳо аз муколама парҳез мекунанд ва вонамуд мекунанд, ки дар Тоҷикистон зарурат ба ҳеч муколамае нест ва ҳама бояд атрофи сухани як кас ҷамъ шаванд ва як нафарро бишнаванд. Дар ҷомеае, ки 7 миллион аҳолӣ дорад, наметавонанд ҳама тобеъ ва пайрави фикри як кас бошанд. Инҷо ҳама инсонҳо ҳастанд ва ҳар кас фикри худро дорад, танҳо дар якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум мо метавонем ҳамзистӣ кунем.
- Бо ин аҳвол оё метавон гуфт, ки ваҳдати мо устувор аст? Ояндаи ваҳдати мо чигуна хоҳад шуд, мустаҳкамтар ё шиканандатар зеро ҳар сол аз ин сана мегузараду як тараф аз ин раванд ризоият надорад?- Мо бояд байни вожаи сулҳ ва ваҳдат фарқ гузорем. Дар мо алҳамдулиллоҳ сулҳу субот ҳаст ва ин бебозгашт аст. Вале акнун бояд фикр кунем, ки оё ваҳдатамонро мустаҳкам карда метавонем ё не? Чун ваҳдат нест ва ман инро бо камоли масъулият мегӯям. Вақте баъд аз 15 соли созишнома ҳатто ба як тарафи сулҳ имконият намедиҳанд, ки ҷашни сулҳ ва ҷашни ваҳдатро баргузор кунад, ин худ саволҳоро ба вуҷуд меоварад. Ва имрӯз гуем, ки бале ваҳдат ҳаст ва мо розӣ ҳастем, пас ҳам худро фиреб кардем ва ҳам дигаронро. Бояд камбудиҳоро ошкор гуфт, вале ба хотири чи бояд гуфт? На ба хотири танқиди касе, балки ба хотири ислоҳ. Бовар кунед Наҳзати Исломии Тоҷикистон метавонад дар ҳамин шароит ҳам кор кунад, зиндагӣ кунад ва аслан шояд барои худамон чандон нигарон набошем, вале мо нигарон аз ояндаи миллату кишвар ҳастем, чун баъди чанд сол нерӯҳое ба воя мерасанд, ки дигар на ҳукуматдоронро мефаҳманд ва на моро. Агар дар вақташ Наҷибуллоҳ ва устод Раббонӣ якдигарро фаҳмида метавонистанд ва бо якдигар муколама мекарданд, дар Афғонистон толибон ба вуҷуд намеомад. Вақте толибон ба вуҷуд омад, на Наҷибуллоҳро фаҳмид ва на устод Раббониро ва вазъияти Афғонистон комилан дигар шуд. Ин барои ҳамаи мо ибрат аст. Имрӯз мо якдигарро нописандӣ мекунем, нодида мегирем, ба якдигар аз тариқи расонаҳо муколама мекунем, ҳол он ки фосила байни идораҳои мо шояд, ки 1 км бештар нест. Кӣ ба мо халал расонидааст, ки биёем ба идораи якдигар сар бизанем, бо ҳам бишинем сари як пиёла чой сӯҳбат кунем. Вақте ҷанг буд, зурамон омад ҳар ду тарафро рафтем дар Хустдеҳи Афғонистон, дар Алматто, дар Ашқобод, дар Теҳрон гуфтугӯ кардем ва дар Маскав имзо намудем. Вале имрӯз, ки ба истилоҳи тоҷикӣ "хар аз лой гузаштааст", ҳатто душворамон аст то дар 1 км масофат бо якдигар сӯҳбат кунем, бишинем, бо якдигар тилфонӣ сӯҳбат кунем ё, ки мукотаба намоем. Ман инро воқеан ҳеч тафсире надорам ҷуз он ки як каме аз фарҳанг ва рӯҳияи созишнома дур шудем.
- Чаро барои ин гуфтугӯ иқдоме аз тарафи ҳукумат сурат намегирад ба вижа президент? Ҳарчанд маҳалгароӣ дар мо зиёд асту аксари курсиҳои ҳукуматро намояндаҳои як маҳал банд кардаанд, аммо ба ҳар ҳол мо ҳама тоҷикем. Чаро президент дар ин бора иқдом намекунад?
- Хуб ин суолро бояд аз президент ё масъулини ҲХДТ бипурсед, он чизе, ки аз мо вобастааст, мо масъули ҳамон ҳастем ва мегӯем, ки мо омодаем ва баръакс мо худмон талаб карда истодаем. Магар чандин борҳо нашуд, ки мо даъват кардем ки ба як муколамаи миллӣ ниёз дорему ҳама бояд ширкат кунанд. Вале то ҳануз ягон ҷавобе аз касе нашунидем. Пас бори дигар аз мо пурсидани ин масъала фикр мекунам як каме зиёдатист.
- Ба назари шумо вақти ин муколама кай мерасад?
- Вақти муколама алакай дер шуда истодааст ва ҳар рӯзеро, ки мо аз даст медиҳем, баъдан 1 моҳ лозим мешавад то ин масъаларо ҳал намоем, шояд бештар.
Фишор болои диндорон тарси сиёсист
- Яке аз масоили ҳассос дар кишвари мо ин муносибати давлат бо дин аст, дида мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар умури динӣ дахолат мекунад ва маҳдудият ҷорӣ менамояд, сабаби ин чист? Тарси ҳукумат аз исломишавии ҷомеа аст ва ё ба фаъолияти ҲНИТ ҳам иртибот дорад, яъне исломишавии ҷомеа баҳри ба сари қудрат омадани ҲНИТ кумак мерасонад?- Шояд зиёд аз исломишавии ҷомеа тарс нест, бештар тарси сиёсист. Ҷомеаи Тоҷикистон бе ин ҳам исломист ва исломӣ хоҳад монд иншоаллоҳ. Вале чанд маротиба шиъорҳои исломиро ба майдон партофтанд, ба умеди он ки шояд мардуми диндор раъй медиҳад. Вале интихоботи 2010 нишон дод, ки чунин набудааст. Чун мардум дунболи шиъор намераванд. Мардум дунболи садоқат мераванд. Агар ҳар кӣ ба шиъораш содиқ бошад, мардум ба ӯ раъй медиҳанд. Як каме фикр мекунам аз мардум хафа ҳам шуданд, ки чаро мо ин ҳама корҳоеро ба тариқи дин анҷом додем, вале билохира дар интихобот раъйи мардум дигар буд ва инҷо фикр мекунам маҳдудиятҳо баъди ҳамин оғоз ёфт. Вале ин ҳам натиҷа нахоҳад дод, чун ҳечгуна маҳдудият дар ҳеч замон ва дар ҳеч кишваре натиҷа надодааст. Натиҷааш боз баръакс хоҳад шуд ва он иртиботе, ки байни ҳокимияту мардум аст, оҳиста - оҳиста коста мегардад. Бубинед агар воқеан мо фурсатталаб мебудем, бояд ин ҳарфҳоро нагӯем ва хомуш истем то ҳукумат ин иштибоҳҳои худро такрор кардан гирад. Ҳарчи қадар бештар иштибоҳ кардан гирад, ҳамон қадар ба нафъи мухолифин аст. Бинобар ҳамин як мақоли сиёсӣ ҳам ҳаст, ки "не мешайте ваша противникам, делать свой ошибки", вале мо намехоҳем, ки дар ин мавқеъ фурсатталаб бошем, баръакс чун мушкили ҳукумат мушкили мост, мо мехоҳем кумак кунем, мехоҳем огоҳ кунем, ки доред ба роҳи иштибоҳ меравед, худатонро ислоҳ кунед чун дар ислоҳи шумо наҷоти ҷомеа аст ва наҷоти худи мо ҳам ҳаст.
Мушкил дар ҳукумат аст на марокизи таҳқиқотиву илмӣ
- ҲХДТ ҳамеша аҳзоби дигарро ба надоштани барномаи мушаххаси стратегӣ мутаҳҳам мекунад, аслан худи ҳукумат стратегияи мушаххаси рушди Тоҷикистонро дорад?Аагар дорад чаро ин барномаҳо амалӣ намешаванд, зеро на ба амнияти озуқа расидем на ба истиқлолияти энергетикӣ ва на ба бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ. Муносибатҳоямон ҳам бо ҳамсояҳо ҳоли зоре дорад махсусан бо Русияву ӯзбакистон. Далелаш чист?
- Бубинед интизори бархе аз коршиносон ва қишре аз ҷомеа аз аҳзоби сиёсӣ он аст, ки бояд ҳатман як барнома ё стратегияи фарқкунанда аз ҳокимият дошта бошанд, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон сохтори давлатӣ ва шакли давлатдориро дигар карданӣ нестанд, ки як стратегияи фарқкунанда аз ҲХДТ ё аз ҳукумати амалкунанда дошта бошанд, танҳо кофист, ки мо дар чанд масъалаи калидӣ нигоҳи нав дошта бошем. Барои мисол, агар ҳар кадом аз аҳзоби сиёсии мухолиф мегӯяд, ки мо ба сари қудрат омадем, як интихоботҳои шаффофу демократӣ баргузор мекунем, ин хеле муҳим аст, алакай як нигоҳи нав аст. Ё агар мегӯянд, ки мо адолати судиро барқарор менамоем, мо таҷзияи ҳокимиятро байни шохаҳои ҳокимият амалан татбиқ мекунем, ин худаш хеле муҳим аст. Вале набояд интизор аз он шуд, ки як ҳизби сиёсии мухолиф бояд мисли як ҳукумати амалкунанда барномаи амалии масалан чансадсаҳифаӣ дошта бошад то онро хидмати мардум пешниҳод кунад. Аслан мардум инро намехонанд. Мардум дунболи ин нест. Барои мардум кофист, ки сари чанд масъалаи асосӣ ва муҳими ҳизби сиёсӣ назари худро бигӯяд. Ҳукумат бар хилофи ҳизбҳои сиёсӣ дар ихтиёраш даҳҳо институти тадқиқотӣ дорад, даҳҳо донишгоҳ дорад, маркази тадқиқоти стратегӣ дорад, ки аз ҳисоби буҷети давлат маош мегиранд, аз он ҷумла аз ҳисоби интихобкунандагони ҳамаи аҳзоб. Яъне амалан аъзоёни ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳукуматро ба хусус таҳлилгарони ҳукуматро хуронидаву пушонида истодаанд то ин ки барои ҳама кор кунанд. Вале ҳукумат бо ин ҳама имконоту иқтидори илмӣ ва пулияш вақте дорои як стратегияи муҳиму амалишаванда нест, аз ҳизбҳои сиёсие, ки ягон институти тадқиқотӣ надоранд ва имконоташон кам аст, онҳо интизор доранд, ки бояд стратегияи тарҳрезишудаи чанд саҳифаӣ дошта бошанд. Барои ҳизби сиёсӣ кофист, ки сари қудрат омад, ҳамон имконоти давлатиро, ҳамон марокизи тадқиқотиро дуруст роҳбарӣ карда ба онҳо супориш медиҳад, ки шумо як барномаи илман асоснок барои мо омода кунед. Бубинед мушкил дар марказҳои тадқиқотӣ ва илмии мо нест, мушкил дар худи ҳокимият аст, ки то кадом дараҷа ба ҳарфи инҳо гӯш медиҳад, мо мутахассисони кам надорем ва воқеан вақте матбуотро мехонаму дар чорабиниҳои илмӣ ширкат мекунам, бисёр фикрҳои равшан пешниҳод мегардад, вале мутаасифона дар ҳокимияти мо одат нашудааст, ки ба ҳарфи мутахассисон гӯш бидиҳанд. Дар мо фарҳанг фарқ мекунад, ҳарки ҳоким аст бояд олимон ба ҳарфи ӯ гӯш бидиҳанд ва ӯро пайравӣ кунанд. Ин ҳукуматдорон аст, ки ба картошкапарварон нишон медиҳад, ки чигуна бояд картошка парвариш кунанд. Ба варзишгар меомузад, ки чигуна бояд бидавад. Ба уламо шарҳ медиҳанд, ки чигуна бояд сӯҳбат кунанд. Ҳол он ки бояд баръакс бошад. Бояд ҳокимият ва ҳукуматдорон ба ҳарфи мутахассисон гӯш бидиҳанд, ки чӣ бояд кард.
- Ин гӯш надодани ҳукумат ба ҳарфи олимону мутахассисон ба он хотир нест, ки ҳукумати мо аз дили мардум берун набаромадааст, яъне ба воситаи ҷанг гӯем, иттифоқӣ ва ё тасодуфӣ сари қудрат омадааст?- Фарқ надорад, ки ҳукумат бо чӣ роҳ сари қудрат омад, муҳим он аст, ки ҷойгоҳи худро бишиносад ва худашро ислоҳ карда тавонад. Метавонад як ҳукумат дар ҳолати истисноӣ сари қудрат омада бошад, вале бояд қудрати тағири дохилии худро дошта бошад, худро мутобиқ бо замони нав кунад, ҳатто агар як ҳукумате бо роҳи интихоботи шаффоф ҳам сари қудрат биёяд, вале карахту шахшуда бошаду натавонад худашро мутобиқ бо шароити замон кунад, ӯ ҳам ноком хоҳад шуд. Барои хамин муҳим он аст, ки то кадом дараҷа аз ин вазъият ҳукумат метавонад берун биёяд муҳим он нест, ки чигуна сари қудрат омад.
"Ҳукумат бо корҳои майдачуйда саргардон аст"
- Бо таваҷҷуҳ ба шароити феълӣ ояндаи ҳизбҳои сиёсӣ ба вижа ҲНИТ - ро чигуна арзёбӣ мекунед, оё фаъолияташон бозтар хоҳад гашт, имконияти бештаре ба ҲНИТ дода хоҳад шуд ё маҳдудтар мекунанд?- Бубинед озодиро ба ҳеч кас ҳадя накардаанд, барои озодӣ бояд талош кард, мубориза бурд ва онро ба даст овард. Ба мо якмаротиба шӯравӣ озодӣ дод, истиқлолият дод, ба қадраш нарасидем, агар барои он озодӣ ва истиқлолият мо талош мекардем ва дар референдуми охирони горбачовӣ 3 фоиз неву ҳадди ақал 50 дарсад барои истиқлолият раъй медоданд, мо ба қадри он озодӣ мерасидем. Вале он замон ҳамагӣ 3 фоиз раъй дод ва он 3 дарсадро ҳам хоин эълон кардем. Имрӯз ҳам вазъият ҳамин аст, агар ҲНИТ ва ҳизбҳои дигар барои озодӣ ва адолати бештар талош накунанд, ҳеч кас ба мо инро ҳадя нахоҳад кард. Баръакс, ҳарчи қадар мо марзи озодиҳои худро ақиб барем, ҳамон қадар дигарон пештар мераванд. Агар бихоҳем, ки ба марзи озодиҳои мо ҳеч кас дахолат накунад, агар пеш ҳам наравем, ҳадди ақал дар ҳамон марзи қонунӣ бояд по истод ва пофишорӣ кард то ин ки дигарон ҳам онро убур накунанд. Муносибати ҳукумат бо мардум ҳам ҳамин аст, ягон ҳукумат дар дунё тарафдори он нест, ки ба мардумаш озодии бештар диҳад. Ин мардум ҳастанд, ки аз ҳукуматҳо бо роҳҳои гуногун талаб мекунанд ва озодии худро мегиранд. Чаро мардум инқилоб мекунанд, дар сурате, ки ҳукумат бо роҳи қонунӣ озодии мардумро намедиҳад. Мардум наметавонанд тавассути қонун озодии худро ба даст оваранд аз он ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва нерӯҳои ҷамъиятӣ ва кор ба ҳадди инқилоб мерасад. Набояд дар кишварҳое мисли Тоҷикистон корро ба ин ҳад расонид. Бояд, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мардум марзи худро бишиносанд. На мардум ба марзи ҳукумат ворид шавад ва дахолати зиёд дар корҳои ҳукумат кунад на ҳукумат ҳам ба худ иҷоза бидиҳад, ки дар ҳамаи корҳои майда чуйдаи мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ дахолат кунад ва мушаххас кунад, ки инҷо намоз хону онҷо нахон, инро бихуру онро нахур, инро бипӯшу онро напӯш, ин кори ҳукумат нест. Кори ҳукумат дар тамоми дунё ин обод кардан аст, сохтани роҳ аст, сохтани нерӯгоҳ аст, таъмини барқ ва зиндагии бо шарофату бо каромат аст. Вақте ҳукумат ба корҳои майдачудаи мардум саргардон шуд, табиист, ки аз корҳои асосияш мунсариф мешавад.
"Ҷавоби озодихоҳиро бо калтак медиҳанд"
- Дар Конститутсия Тоҷикистон демократисту озодиҳои диниву дигар озодиҳои мардум кафолат дода шудааст. Масъулин ҳам иддао мекунанд, ки интихоботи президентӣ шаффоф мегузарад, агар чунин аст мардуме, ки дар интихоботи президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд, метавонанд ба ӯ на таҳқиру беиҳтиромӣ балки эътироз ва интиқод кунанд ва озодона дар хусуси амалкарди Раҳмон изҳори андеша намоянд ва ба сиёсатҳояш баҳо диҳанду аз ӯ озодиҳои худро талаб намоянд, чаро мардуми Тоҷикистон озодии худро талаб намекунанд, ин ба ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ рабт дорад, ки тухми тарсро дар ҷомеа кошт?- Хуб ин табиист, вақте мо якбор озодӣ талаб кардем, ҷавоби озодӣ калтак ба сари мардум шуд, мардум дигар метарсанд, рефлекс пайдо карданд, ҳар вақт талаб кардӣ ба ҷои ҷавоб калтак хоҳӣ хурд. Ва агар талаб кардӣ ҷавоб ин аст, ки магар ин сулҳу субот барои шумо кофӣ нест, боз ҷангро мехоҳед, боз аз нав нооромиро мехоҳед. Тақрибан ҳамин хел шудааст, ки талаби бештари озодӣ ва адолат, гӯё шумо хоҳони ҷанг бошед. Барои ҳамин мардум эҳтиёт мекунанд. Шумо дар бораи Конститусия суол кардед, муносибати мо бо Сарқонун ду хел аст, як гурӯҳ фикр мекунанд, ки Конститутсия ин як санади декларативисту мо дар он ормонҳои худро эълон кардем ва мехоҳем, ки ба ин ҳадафҳо бирасем. Кай мерасем ҳануз мушаххас нест. Назари дигар ин аст, ки Конститутсия як санади ҳуқуқист, қонун ҳаст, барои ҳамин қонуни асосияш мегӯянд. Қонун бояд, ки аз рӯзи қабул шуданаш амалӣ шавад, вақте, ки қонуни асосии мо мегӯяд, ки Тоҷикитсон як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоист, ин бояд амалӣ шавад. Ин декларатсия нест, ки мо ба ӯ бояд рӯзе бирасем. Агар, ки қонуни асосӣ амалӣ нашуд, пас касе бояд барои он қонуншиканӣ ҷавоб бигӯяд. Чаро Тоҷикистон давлати демократӣ нест, пас Конститутсия вайрон шуд. Чаро Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ ва ҳуқӯқбунёд нест, пас Конститутсия вайрон шуд. Як кас барои ин қонуншиканӣ бояд ҷавоб бигӯяд. Муносибати мо бо Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқист на як декларатсияи ормонӣ, ки бояд дар оянда амалӣ шавад.
- Фикр намекунед, ки дар инҷо бояд Парлумони Тоҷикистон аз болои амалкарди шохаи иҷроия назорат кунад махсусан аз болои иҷрошавии қавонин, вале дар хусуси Парлумони мо мегӯянд, ки мустақил нест? - Ман дар бораи Парлумон чизе гуфта наметавонам, ки мустақи ҳаст ё нест, ҳамчун вакил ман мустақилам. Вале оё Парлумон мустақил ҳаст ё нест, бояд масъулини Парлумон бигӯянд. Албатта мардум баҳои худро ба Парлумон дорад медиҳад ва мардум мебинанду бо Парлумонҳои дигар муқоиса мекунанд ва ҳақ ҳам доранд, ки танқид кунанд. Вале бо риояи фарҳанги сиёсӣ иҷоза бидиҳед, ки ман бештар аз ин дар бораи Парлумон нагӯям.
Мусоҳибаи Сиёвуш ҚОСИМЗОДА