Маслиҳати агрономҳо фоиднокии ҳар гектарро 1540 сомонӣ бештар кардаст
Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир тавассути Барномаи кӯмакҳои касбию техникӣ дастрасии деҳқонҳои вилояти Хатлонро ба маслиҳатҳои агрономҳо васеъ кардаст.
Масъулини ин барнома изҳор медоранд, ки бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ чандин агрономи маҳаллиро таълим додаанд. Ин агрономҳо дар навбати худ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ маслиҳатҳои касбӣ медиҳанд ва охири сол ҳаққи хизматро дар ҳаҷми 40 сомонӣ аз як гектар мегиранд.
«Дар хоҷагиҳое, ки аз маслиҳати агрономҳо истифода мекунанд, соли гузашта ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 26 фоиз зиёд гардида, имсол дар назар аст, ки боз 15 фоизи дигар бештар гардад. Аз ҳар гектар замин 1540 сомонӣ маблағи иловагӣ ба даст омадаст. Ҳаққи хизматрасонии агрономҳо қисман аз ҷониби барнома рӯйпӯш мешавад. Сол ба сол саҳми барнома коҳиш ёфта, оқибат ҳаққи хизматрасонии агрономро пурра худи деҳқон пардохт хоҳад кард. Таи ин муддат деҳқонон фоидаро дида, минбаъд дар киштукор маслиҳатҳои касбиро бештар истифода хоҳанд кард».
Масъулини DFID изҳор медоранд, ки аз соли гузашта то ба ҳол шумораи хоҷагиҳое, ки аз хизматрасонӣ истифода намудаанд аз 975 то 2026 адад расид.
Дар доираи барнома инчунин имкон дорад, чанд хоҷагӣ якҷо кооператив ташкил намоянд ва зимни харидории ягон техникаи хоҷагии қишлоқ 30 фоизи арзиши онро барнома мепардозад.
Фирдавс Сафаров деҳқоне, ки худро соҳиби 26 гектар замин муаррифӣ намуд дар мавриди гирифтани фоида аз барномаи маслиҳатҳои техникию каcбӣ афзуд:
«Ман ва аксари деҳқонҳои дигар қудрати гирифтани агрономи худиро надорем. Аммо дар шароити мавҷуда, ки вазъи боду ҳаво дар ҳоли тағйирёбӣ аст, ниёз ба маслиҳати агрономҳо зиёд аст. Барои рафта омӯхтани нозукиҳои агрономӣ худи мо деҳқонҳо фурсати кофӣ намеёбем. Кор бояд кунем. Аммо агрономҳое, ки дар доираи барнома таълим гирифта, фаъолият доранд, ҳама вақт маслиҳатҳои касбӣ медиҳанд. Хабар мегиранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо як занг задан дарав ҳозир мешаванд».
Амралӣ Азизов, ки худро сарагрономи ноҳияи Бохтар муаррифӣ кард ва яке аз иштирокдорони барнома аст, усули татбиқи барномаро чунин фаҳмонд:
«Мо дар семинарҳо иштирок мекунем. Таҷрибаи пешрафтаи заминдориро меомӯзем. Баъдан ба хоҷагиҳои деҳқонӣ , ба ивази як миқдор ҳаққи хизмат, ки охири сол пардохт мешавад, маслиҳат медиҳем. Дар баробари ин аз ҳисоби барнома ҳам як миқдор маблағ мегирем. Дар доираи барнома дар назар аст, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ фоидаи истифода аз хизмати агрономҳоро дида, ба истифодаи он мепардозанд. Хамин тариқ баъди анҷоми барнома ҳам мо аз ҳисоби зиёд шудани истифодабарандагони маслиҳатҳои касбии агрономӣ бо ҷои кор таъмин хоҳем буд ва ҳам деҳқон фоида хоҳад гирифт. Мо дар ҳоли ҳозир ба ҳудуди 1790 хоҷагии деҳқонӣ хизмат мерасонем ва муроҷиатҳои нав ҳам шуда истодаанд».