…Қабл аз сафар ба давлати абарқудрати Амрико ман ҳамеша дар андешаи он будам, ки мардуми ин сарзамин хеле серкоранду барои тафреҳ вақти камтар доранд. Дар зеҳнам онҳоро одамони хеле ҷиддӣ, боғурур ва на он қадар меҳмондӯсту меҳрубон мепиндоштам. Аммо бо ворид шудан ба ин кишвар андешаҳоям комилан ботил баромаданд.
Ахиран дар чаҳорчӯбаи Барномаи "OpenWorld" LeandershipCenter, ки бо маблағгузории Конгреси ИМА ва бо мусоидати сафорати Амрико дар Душанбе созмон дода шуд, сафари кӯтоҳе, аммо манфиатбахш дар Вашингтон ва шаҳри Атланта, иёлати Ҷорҷиа анҷом додем. Он ягона Барномаи мубодилавӣ дар дохили шохаи қонунгузории ҳокимияти ИМА ба шумор меравад. Ҳадафи аслии Барнома ин қавӣ гардондани ҳамкорӣ байни ИМА ва Тоҷикистон ва ҳамчунин табодули таҷрибаи касбӣ низ ба шумор меравад.
Ҳамасола дар Барномаи мазкур кормандони соҳоти гуногун аз кишварҳои мухталиф ва ба хусус Тоҷикистон ширкат меварзанд. Имсол чун анъана намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кордонҳои соҳаи кишоварзӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд. Мавриди зикр аст, ки яке аз орзӯҳои аввалиндараҷаи ман ин дидани кишваре, ки дар асоси демократия фаъолият мекунад, буд. Чун қаблан инро аз дӯстони зиёди худ, ки он ҷо зиндагӣ ва кору пайкор мекунанд, шунида будам. Дар ҷараёни боздид, итминон пайдо кардам, ки тасаввуротам дар бораи воқеан демократӣ будани ин кишвар собит шуданд.
Бо поин шудан аз тайёра дар фурудгоҳи байналмилалии Вашингтон, ки аз ҳад серодам буд, хеле ором будани мардум маро дар тааҷҷуб гузошт. Масъулини фурудгоҳ бо мусофирон хеле мулоҳизакорона ва дар дараҷаи аъло хизмат мерасонданд.
"Мо аз журналистони тоҷик интизор надоштем"
Субҳи рӯзи дуввум мо бо роҳбаладии яке аз масъулони Китобхонаи Конгресси ИМА хонум Наташа маркази шаҳри Вашингтонро дидан намудем. Ҳангоми тамошо дар бораи кӯчаву пасткӯчаҳое, ки Вашингтон бо онҳо маъруфият дорад, бинои парлумони ИМА, ки бо номи Capitol маъруф аст, маълумоти ҷолибу амиқ гирифтем, ки барои мо Тоҷикистониён аз манфиат холӣ набуд. Дар як рӯз аз ин бино, ҳазорҳо сокинони маҳалливу хориҷӣ дидан мекунанд ва аз таъриху фаъолияти он аз наздики ошноӣ пайдо мекунанд. Дар канори он ҳамчунин бинои вазорати корҳои хориҷӣ, утоқи кории Ҳиллари Клитон, бинои "Садои Амрико", баландтарин бурҷ "Washington Monument" ва "Қасри сафед", ки президенти Амрико Барак Обамма он ҷо зиндагӣ ва кор мекунад, қомат афрохтааст. Хонум Наташа аз санаи мавҷудият ва аҳамияти таърихи доштани ин мавзеъҳои таърихӣ ба мо нақл намуд. Сипас ба бинои маъруфи китобхонаи Конгресси ИМА дохил шудем. Бино хеле аҷиб сохта шуда, сайёҳони зиёд ҳам барои дидани ин китобхона меомаданд.
Дар ин сафар мо бо собиқ сафири Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Грант Смит ва намояндаи вазорати корҳои хориҷии Амрико дар Осиёи Миёна ҷаноби Ҷон Ундеррианер вохӯрдем. Сӯҳбат бо эшон хеле ҷолиб гузашт. Ва ҳардуи онҳо аз баҳси зиёд муқаррароти Барномаро вайрон намуданд. Ҷаноби Ҷонро гурӯҳи рӯзноманигорон ба қавле саволборон намуданд, ки ӯ дар охир бо изҳори қаноатмандӣ гуфт: "Аз хабарнигорони тоҷикистонӣ инро интизор набудам".
Пас аз анҷоми ҳамоиш, ҳайати тоҷикистонӣ аз китобхонаи Конгресс дидан намуд.
Дари бози парлумон
Пас аз анҷом пазируфтани Барнома дар Вашингтон, панҷ ҳайат ба панҷ иёлати гуногун сафар намуданд. Гурӯҳи мо ба штати Ҷорҷия шаҳри Атланта сафар намуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Атланта моро оилаҳое пешвоз гирифтанд, ки тамоми хароҷот ва масъулияти ҳар яки моро таи 8- рӯз ба зимма доштанд. Онҳо одамони солхӯрдае буданд, ки танҳо барои рушду нумӯи дигар кишварҳо кӯмак мекарданд. Ин қишри мардум дар ИМА таҳти барномаи "The Friendship Forse of Greater Atlanta" фаъолият мебаранд ва хизмати ифтихорӣ анҷом медиҳанд. Ба қавли ҳамкасбонамон акнун мо дар Амрико низ оилаи нав пайдо кардем, вале ба муддати хеле кӯтоҳ. Баъд аз пешвоз, яъне аз фурудгоҳ мустақиман ба хона -музеи собиқ президенти Амрико Ҷимми Картер бурданд. Воқеан амрикоиҳо вақтро як чизи қимат медонанд ва то расидан ба ҷои истиқоматамон онҳо тамоми шаҳри Атлантаро ба мо нишон дода ҷойҳое, ки дар ҷаҳон маъруф ҳастанд, муаррифӣ намуданд. Таваҷуҳи маро дар ин ҷо гурӯҳи мардуме ба худ сахт ҷалб кард, ки гуё аз чизе норозӣ буданд ва бо овози баланд чизе мехонданд. Аммо чун медидам, мардуми маҳҳалӣ таваҷҷӯҳе намекарданд. Рости ман чандин сол аст, ки чунин эътирозҳои ҳатто кӯчакро дар Тоҷикистон надидаам. Фикр кардам, ҳоло маъмурони интизомӣ омада онҳоро мезананду онҳо пароканда мешаванд. Вале як полис ҳам онҳоро дунбол намекард. Ростӣ тааҷҷубзада шудам. Охир агар дар Тоҷикистон мардум чунин эътироз кунанд, фавран ба шуъбаи милиса мебаранд.
Чун мавзӯи асосии мо "Тадқиқоти журналистӣ" буд, мо аз рӯзномаҳои маъруфи ин шаҳр "The AtlantaJournal-Constitution", "Bloomberg", "CNN Newsource International", "Repoter Newspapers" дидан кардем. Ҳамкасбони амрикоӣ аз фаъолияти кории худ ба мо нақл мекарданд. Воқеан ҳамаи ҳамкасбони мо аз демократия ва журналистикаи амрикоӣ дар ҳайрат монданд. Чӣ тавре, ки онҳо мегуфтанд, мавзӯи асосии журналистони амрикоӣ, ин мавзӯи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, мавзӯи наҳваи истифодаи маблағҳои давлатӣ аз ҷониби ҳукумат хеле муҳим аст ва аз ин рӯ бештари тадқиқотҳо маҳз дар ҳамин мавзӯъҳо матраҳ шудаанд.
Ҷолибтарин паҳлӯҳои фаъолияти журналистӣ дар ИМА барои мо инҳо намудор шуданд:
- Дар баҳсҳои судии байни журналистон ва ҳукуматдорон, аксари вақт хабарнигорон ғолиб меоянд;
- Азбаски ҳукумати электронӣ дар ИМА бисёр рушд карда аст, барои дарёфти маълумоти зарурӣ журналистон фурсати зиёди худро ба корҳои дуввумдараҷае мисли муроҷиат ба мақомот, пешниҳоди дархости расмӣ барои гирифтани маълумот сарф намекунанд. Ин бозгӯкунандаи шаффофияти фаъолияти мансабдоронро дорад…
- Дар Амрико расонаҳои хабарии давлатӣ умуман нест…
- Рӯзномаҳо аксаран бе пул дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳо паҳн мешаванд. Рӯзномаҳо бештар аз ҳисоби реклама хароҷоти худро мепӯшонанд…
- Дари парлумони шаҳри Атланта барои тамоми шаҳрвандон, чӣ амрикоӣ ва чӣ хориҷӣ ҳамеша боз аст. Одамон ҳангоми ворид гардидан ба он маҷбур нестанд, ки либоси расмӣ ба бар кунанд. Дар дохили парлумон мардум метавонанд аксбардорӣ намоянд, озодона сайру гашт кунанд, бо вакилон ошкоро ва бе қарори пешакӣ сӯҳбат дошта бошанд ва аз фаъолияташон огоҳ гарданд. Вакилон ҳатто ба сифати маслиҳатчии мардум дар дилхоҳ масъала баромад менамоянд. Доираи мавзӯъҳо маҳдуд нест, он аз мавзӯи маҳрамона то сиёсиро дар бар мегирад.
Масҷид- муассисаи фарҳангӣ низ аст
Як рӯз тамоми гурӯҳ барои адои намози ҷумъа ба яке аз калонтарин масҷидҳои шаҳри Атланта, ки бо номи " Al-FarooqMasjid" машҳур аст, рафтем. Шарту шароит ва имконоти мусулмонони амрикоӣ хеле олӣ аст. Риояти ҳуқуку озодиҳо шароити эшон аз Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад. Чун дар саҳни ҳавлии масҷид бо духтари тақрибан 20- солаи ҳиндустонӣ Суматӣ, ки ҳоло муқими Амрико шудааст, вохӯрдам. ӯ гуфт, раҳбарияти ин масҷидҳоро бештари занони Ҳинду Покистон ба дӯш доранд. Занон низ имкониятии ба масҷид рафтанро доранд. Ин духтари ҷавони ҳиндӣ ба фарзандони мусалмон дарс мегуфт. Дар масҷид утоқҳои махсуси тафреҳӣ низ мавҷуд аст. Масҷиди онҳо на танҳо мазҳабист, балки онро муассисаи фарҳангӣ низ мегӯянд.
- "Мо кӯшиш мекунем аз таълимоти исломии мо ба касе зарар нарасад. Суниву шиъа ва намояндагони дигар мазҳабҳо, ки бо махсусиятҳои хоси худ ибодат мекунанд, ҳама мусулмонанд ва мо таълим медиҳем, ки барои адои намозашон касе бояд онҳоро эроду накуҳиш накунад" -мегуфт ин духтараки ҳиндӣ.
Дар анҷом зикр намудан мехоҳам, ки аз демократияи Амрико бисёр рукнҳояшро метавон омӯхт ва амалӣ кард. Танҳо агар хоҳиш самимона бошад.
Ҷамила Мирбозхонова
Душанбе- Вашингтон- Атланта- Вашингтон- Душанбе