Райиси дастгоҳи президенти Русия ба Тоҷикистон меояд
Як ҳайати баландпояи ҳукумати Русия имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ дод, роҳбарии ин ҳайатро Сергей Наришкин, райиси дастгоҳи президенти Русия ба зимма дошта, вазири дифоъи он кишвар Анатолий Сердюков низ ба ин гурӯҳ шомил аст. Интизор меравад, дар Душанбе мулоқоти меҳмонон бо Шералӣ Хайруллоев сурат бигирад. Ҳамзамон, пас аз зӯҳри имрӯз вохӯрии Наришкин ва Сердюков бо райисҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Масоили меҳварии матраҳшаванда дар нишастҳо ҳамкориҳои низомии дуҷониба ва масъалаи омода сохтани афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия унвон мегарданд.
Ёдрас менамоем, сафари Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия мебойист, тибқи нақшаи қаблӣ рӯзи 24-уми июн ба Душанбе анҷом мешуд, аммо бо бархе аз сабабҳо ин боздид ба имрӯз иттифоқ афтод. {jathumbnail off}