Интихоботи сарвари Хазинаи Байналмилалии Асъор ба поён расид.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои хориҷӣ Кристин Лагард, вазири молияи Фаронса, райиси ин ниҳоди байналмилалии пул баргузида шудааст. Дар ин бора дар нишасти раёсати ХБА тасмим гирифта шуд. Бону Лагард нахустин занест, ки тайи панҷ соли оянда раҳбарии Хазинаи Байналмилалии Асъорро ба ӯҳда хоҳад дошт. Аз номзадии ӯ вазирони молияи Амрико, Русия, Чин, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва дигар мамолик пуштибонӣ карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки Доминик Стросс-Кан, райиси собиқи Сандуқи Байналмилалии Пул дар поёни моҳи майи гузашта, пас аз эъломи иттиҳоми таҷовуз ба номуси як фарроши меҳмонхона дар Ню-Йорк аз мақомаш истеъфо дода, алъон мурофиаи парвандааш идома дорад.{jathumbnail off}