Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Барномаҳои Федератсия аз чор ҷузъи калидӣ иборатанд: пешбурди ақида ва арзишҳои инсондӯстӣ; вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода; омодагӣ ба фоҷеаҳои табиӣ; ва саломатии ҷомеа. Раҳбарии намояндагии ин созмонро дар Тоҷикистон ҷаноби Эрик Мишел Селйе бар дӯш дорад. Ҷаноби Мишел Селйе бори сеюм аст, ки бо маъмурият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар маҷмӯъ беш аз даҳ сол умри худро сарфи хидмат ба мардуми тоҷик кардааст. Озодагон бо ҷаноби Мишел Селйе сӯҳбате анҷом дод, ки мухтасари онро пешниҳоди хонанда мегардонем.
Озодагон: Нахуст мехостем, ки дар маврди Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маълумоти бештаре бидиҳед?
Эрик Мишел Селйе: «Қабл аз ҳама ба Шумо барои таваҷҷӯҳатон ба фаъолияти мо ташаккур мегӯям. Мо ҳамеша талош мекунем, то бо расонаҳои хабарӣ ҳамкориҳои хуб роҳ биандозем ва тавассути ин расонаҳо мардумро, ки мақсаду мароми асосии фаъолияти мо ёрӣ ба мардум аст, аз фаъолиятҳои худ, комёбиҳо ва чолишҳои худ, аз нақшаҳои ояндаи худ иттилоъ бидиҳем ва ҳам арзишҳои башардӯстиро тарғиб намоем.
Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар соли 1919 дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар пайи Ҷанги аввали ҷаҳонӣ таъсис гардид. Ин ҷанг нишон дод, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх барои ҳамкории наздиктар миёни худ ниёз доштанд. Дар ҷараёни ин ҷанг Ҷамъиятҳои Салиби сурхи кишварҳо ба воситаи фаъолиятҳои башардӯстонаи худ дар қиболи асирони ҷангӣ таваҷҷӯҳи миллионҳо ихтиёриро ба худ ҷалб карданд ва ба созмонҳои нерӯманд ва пуртаҷриба мубаддал гаштанд.
Ҳенрӣ Дэйвисон, раҳбари Кумитаи марбут ба ҷангҳо дар Салиби Сурхи Амрико нахустин шуда, пешниҳод кард, то як федератсияе бо узвияти Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ташкил гардад. Як ҳамоиши байналмилалии тиббӣ, ки бо ибтикори ин мард баргузор гардид, бо таваллуди Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх анҷом ёфт. Исми ин созмонро дар моҳи октябри соли 1983 Лигаи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар карданд ва дар моҳи ноябри соли 1991 номи ҳозираи худро – яъне, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гирифт.
Ҳадафи созмони мо дар ибтидо беҳтар кардани саломатии мардум дар кишварҳое буд, ки аз ҷанг зарар дидаанд. Шиораш ҳам «ваҳдат ба хотири фаъолияти беҳтар ва бештари Ҷамъиятҳои мавҷудаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва тарғиби ташкили ҷамъиятҳои нав» буд.
Ин созмонро панҷ Ҷамъияти миллӣ: Салиби Сурхи Бритониё, Салиби Сурхи Фаронса, Салиби Сурхи Итолиё, Салиби Сурхи Ҷопон ва Салиби Сурхи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис додаанд. Шумори аъзои Федератсия хеле зуд афзоиш меёфт ва дар ҳоли ҳозир 187 Ҷамъияти миллӣ узви ин созмон мебошанд. Аз ҷумла, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар соли 1997 узви Федератсия гардид».
Озодагон: Вале худи Федератсия ба Тоҷикистон пештар омадааст, то дар баробари фаъолиятҳои дигар, ҳамчунин, ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои узвият дар Федератсия ёрӣ бидиҳад, ҳамин тавр не?
Эрик Мишел Селйе: «Оре, намояндагии Федератсия аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои нахусти ҳузурамон дар Тоҷикистон мо талош дорем, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар (ҶҲА)-и ин кишвар ёрӣ бирасонем.
Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сол аз сол Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ, ба мисли селу обхезиҳо, хушксолӣ ва камбуди ғизо, чанд офати табиии хурди дигар ва ғайра рӯидаст гирифта шуданд.
Шурӯъ аз соли 1999, Федератсия ва ҶҲАТ аз барномаҳои ёрирасонӣ ба тақвияти иқтидори созмонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳи иҷрои барномаҳои Мудирияти офатҳои табиӣ, Беҳдоштӣ, Рушди созмонӣ ва Арзишҳои Инсондӯстӣ гузаштанд».
Озодагон: Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист, метавонед дар бораи барномаҳои худ дар ин самт иттилои бештар бидиҳед? Эрик Мишел Селйе: «Шумо комилан дуруст мегӯед, ки Тоҷикистон як кишвари осебпазир аз офатҳои табиист ва сабабаш ҳам дар ҷойгиршавии ҷуғрофии ин кишвар аст. Гувоҳи равшани ин ҳарфҳо арқоми расмист, ки танҳо дар аз моҳи январи ҳамин сол бад ин сӯ дар Тоҷикистон тақрибан 200 офати табиӣ рух додааст. Мо тамоми талоши худро дар ин муддат барои расонидани ёрӣ ба шумори ҳарчӣ бештари мардуми зарардида равона кардем. Мо ахиран ба бештар аз 3,000 сокини ноҳияи дурдасти Мурғоб ёрии ғизоӣ расонидем, асосан ба оилаҳои осебпазир, ба мисли хонадонҳои серфарзанд, оилаҳое, ки саробонашон зан аст, пирони барҷомонда ва танҳо ва маъюбон. Мо имсол Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар расонидани ёрии фаврӣ, ба монанди хаймаҳо, маводи сохтмонӣ, бастаҳои ёрии аввал, бастаҳои беҳдоштӣ, ва расонидани ёрии аввалу равонӣ дар вилояти Хатлон ва водии Зарафшон дастгирӣ кардем.
Намунаи тозатарини фаъолиятҳои мо дар ҳангоми офатҳои табиӣ зилзила дар водии Рашт мебошад. Ҳамон замон ба минтақа масъулони Ҳилоли Аҳмар рафтанд, то ба мардум ёрии аввал расонанд, ниёзҳои онҳоро биомӯзанд ва вазъашонро баҳогузорӣ намоянд ва онҳоро бо маводи лозима таъмин кунанд. Ман ҳамин ахиран аз Тавилдара баргаштам ва он ҳама харобиҳоро бо чашми худ дидам. Хурсандона, ин офат пурқурбонӣ набуд, ба бахти мардум, онҳо аз зери харобаҳо ҷон ба саломат бурданд, вале, мутаассифона, онҳо ҳама чизи худро аз даст доданд – сарпаноҳи худро, сарвату дороиҳои худро, молу амвол ва гову гӯсфандҳои худро…. Мо дар ин ҷо ҳам мардуми зарардидаро бо маводи мавриди ниёзи аввалия, ба мисли бастаҳои беҳдоштӣ ва ёрии аввал, зарфҳои обкашонӣ, таҷҳизоти ошхона, болишу кӯрпа, маводи сохтмонӣ ва ғайра таъмин кардем.
Мудирияти офатҳо яке аз самтҳои бартари фаъолияти мо мебошад ва ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо дар ҷодаи мудирияти офатҳо, коҳиши хатар ва вокуниши сареъ таҷрибаи ғанӣ дорем.
Мо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ёрӣ медиҳем, то тавоноии худро ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ боло бибаранд, нерӯи зеҳниву молии Ҷамъиятро боло мебарем ва ҳамчунин, ба ҷомеаҳои осебпазири маҳаллӣ ёрӣ медиҳем, то беҳтар омода бошанд ва дониши бештар дошта бошанд. То имрӯз мо дар роҳи рушд ва тақвияти тавоноиҳои ҶҲАТ дар ин самтҳо ба комёбиҳо ноил гардидаем.
Мо мехоҳем мардуми маҳаллӣ беҳтар ва бештар омодаи вокуниш ба ҳолати изтирорӣ бошанд, мо онҳоро тамрин ва таълим медиҳем ва аз иқдомҳои марбут ба коҳиши хатари офатҳо пуштибонӣ мекунем. Мо чорабиниҳои иттилоотӣ ва огоҳсозӣ баргузор менамоем, шогирдон ва омӯзгорони мактабҳоро таълим медиҳем, ки чӣ гуна ба офатҳои баъдӣ вокуниш нишон бидиҳанд ва барои онҳо давраҳои омӯзиши омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва расонидани ёрии аввал баргузор менамоем. Мо лоиҳаҳои митигатсионӣ роҳандозӣ мекунем, то маҳаллаҳои осебпазирро аз эҳтимолияти лағзиши замин, сел, обхезӣ ва офатҳои дигар эмин доштаву, хатари офатҳоро коҳиш бидиҳад.
Дар маҷмӯъ, ҳадафи мо дар самти мудирияти офатҳо коҳиши хатари рух додани офат мебошад, мо мехоҳем ҷомеаҳо омӯзишдида ва омодаи вокуниш бошанд ва пас аз офатҳо ҳарчӣ зудтар ва осонтар эҳё бигарданд».
Озодагон: «Моҳи май нахустин маротиба дар Тоҷикистон Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар таҷлил мегардад. Агар дар тамоми ҷаҳон танҳо як рӯз - 8-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷашн бигардад, дар Тоҷикистон як моҳи пурра ба ин ҷашн бахшида шудааст. Ин як моҳ, ба андешаи Шумо, ба Ҳилоли Аҳмар чӣ медиҳад?
Эрик Мишел Селйе: «Ин Моҳвора таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро дар Тоҷикистон ба корҳои хайр ва эҳсон ҷалб мекунад, ба ниёзҳои дигарон ҷалб мекунад. Ман мутмаинам, ки то охири ин моҳ шумори ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар бештар мегардад, бидуни ихтиёриён мо наметавонистем ба ин қадар одамони зиёд ёрии худро расонем.
Ман мутмаинам, ки теъдоди одамоне, ки мехоҳанд дасти ниёзмандеро бигиранд, бештар хоҳад шуд, чун ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш Рӯдакии бузург гуфта буд, гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Ман боварӣ дорам, ки ҷавонони зиёди тоҷик ба мо ёрӣ хоҳанд дод, то ба дигарон ёрӣ бидиҳем. Чун ман медонам, ки ҷавонони тоҷик ба сарнавишти миллати худ, ҳамсояҳо, хешутабор ва дӯстони худ бепарво нестанд.
Мо ҳам ҷузъи ҳамин мардумем. Мо ҳам дарди мардумро ҳис мекунем. Ягона ниятамон ҳам ёрӣ ба мардум аст. То ки мо ба ниёзмандон ёрӣ расонида тавонем, чунин афрди хайрхоҳе мисли Шумо аз кишварҳои гуногун моро дастгирӣ мекунанд. Агар барои як пири барҷомондае дар Ишкошим доруворӣ харида тавонистем ва ё аз ятимхонае дар Хуҷанд боздид карда тавонистем, пас ин маънои онро дорад, ки дар ин иқдомҳо моро шояд кадом як хайрхоҳи дигаре аз Осло ва ё шояд Токио ёрӣ додааст. Ман ин шаҳрҳоро ҳамчун мисол оварда истодаам, вале дар маҷмӯъ, мехоҳам бигӯям, ки агар дасте барои ёрӣ дароз шуд, пас ҳатман нафаре пайдо хоҳад шуд, ки ин дасти фитодаро бигирад».