Майдончаи бозии кӯдакони «Девори Чин»-ро тахриб намуданд. Бинои баландошёнаи ба дарозо тулкашидаи кӯчаи Ҷаббор Расулов 49-и маҳаллаи 32-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маъруф бо «Девори Чин» бо доштани 252 хонаи истиқоматӣ бузургтарин бинои маскунӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Иншооти мазкур ва чанд бинои чорошёнаи дигари атрофаш ҳамагӣ як майдонча доштанд, ки аз ин ба баъд онро ҳам надоранд. Фарзандони беш аз шашсад оила дар ин майдонча, ки на он қадар азим буд, бозӣ мекарданду ҳавои тоза нафас мекашиданд. Вале ин майдонча аз ҷониби ҳукумати шаҳр барои сохтани бинои истиқоматӣ бо шароити тиҷоратӣ дар ошёнаи поён ба нафаре дода шуд. Агар чи сокинони маҳалла ҷиҳати танг гардидани атрофашон ба ҳукумати ноҳияи Сино шикоят бурданд, вале ба манфиаташон коре накардааст.
Як истиқоматкунандаи ин бино мегӯяд зимистон ва баҳор бо бориштони фаровонаш камтар ғамгин намуд, вале маҳрум гардидан аз майдонча бароямон зиёд риққатовар аст. Масоҳати майдончаи мазкур шояд аз панҷ-шаш садяк (сотик) беш набошад, аммо ягона ҷойе буд, ки сокинони биноҳои атроф онҷо нафасгирӣ ва гаштугузор мекарданд.
Сохтани маҷмаа ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар таъкид мегардад, вале чаро боз акси ин таъкидҳо тасмимгириҳо мешавад? Охири соли 2010 прездинти кишвар дар вохӯрӣ бо варзишгарон, ки дар он аъзои ҳукумат, вакилони парламент, раисони вилоят, шаҳру навоҳии кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо ва соҳибкорон низ ширкат доштанд, ба аҳамияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар солимии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аз корҳои номатлуб дур намудани ҷавонон таъкид намуда буд.
Ҳамчунин гуфта буд ҳарчанд, ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёз доранд ё ба таври мақсаднок истифода намешаванд. Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда 18 толор таъмирталаб мебошад…
Тибқи меъёрҳои сотмонӣ ва шаҳрсозӣ, кафолати таъмини шароити солими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ доштани фазои муносибе барои нафасзанӣ бояд ҳамеша ба инобат гирифта шавад.
Як сокини дигар ин бино бо нигаронӣ мегӯяд: «Наход пешниҳоди дурусти мардум аз шеваи кишвардории роҳбарият ва шаҳрдорони тоҷик бо ин ҳама нубуғи фикрӣ ва суннати мардумсолорӣ аз байн рафта бошад!? Фикр мекунем ҳар иштибоҳе рафта ва ҳар барқасдкорие сурат гирифта, аз сӯи сарони ҳукумати ноҳия аст. Зеро онҳо ҷойҳои холиро дар ин маҳалла дуруст «чену ҷоқ» накарда ва ба ҳукумати шаҳр гузориши дуруст надодаанд».
Пешрафти биносозӣ ва раванди ободоние, ки як ду соли ахир дар пойтахти кишвар ба ҳусни шаҳр зебоии дигаре зам намуда, қобили таҳсин аст, вале дар назар гирифтани меъёрҳои меъморӣ ва этикаи биносозӣ низ зарур аст, изҳор медорад ӯ. Номбурда афзуд, ки «набояд ободгардонии пойтахт ба сурате ба роҳ монда шавад, ки дигар на кӯчае боқӣ монаду на ҷое барои нафасгирӣ ва одамон ба якдигар аз балконҳо бо даст салом кунанд! Охир адлу инсоф ҳам хуб аст. Касе ба чунин корҳои беравия даст мезанад, иншоаллоҳ рӯзе фаро мерасад, ки дар пеши таърих ва миллат ҷавоб медиҳад».
Бинобар ин аз шаҳрдори Душанбе ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев сокинони «Девори Чин» ва биноҳои атрофи он дархости онро менамоянд, ки назари сокинон ба инобат гирифта шавад ва майдончаи он ҷо ба ҳолати пешина баргардонида шавад.
Сафари Халил