Дар вилояти Суғд як ҳамойиши вижа барои ҷавонон сурат гирифт.
Ҳудуди 60- нафар, иборат аз хонандагони мактаб, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом ва кормандони бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом дар семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Соли мо. Овози мо» иштирок карданд.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Ҷурабой Ҷумаев, як масъули ташкилоти «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар Хуҷанд гуфт, тибқи лоиҳаи «Омӯзиши малакаҳои ҳаётии зарурӣ ба чавонон, барои фаъолноккунӣ дар иҷрои хадафҳои рушди ҳазорсола (ВНМО, ВПНМ) ва иштирок дар чорабиниҳои Соли байналхалқии ҷавонон», ки бо дасгирии Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ва аз сӯи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузори шудааст, он дар тӯли рӯзҳои 15 май то 23 уми июн дар нохияи Конибодом амалӣ карда шудааст.
Оқои Ҷурабой мегӯяд, лоиҳаи мазкур бахшида ба соли байналхалкии ҷавонон, эълон шудани соли 2010-2011 таҳти унвони «Соли мо. Овози мо» баргузор карда шудааст.
Ин семинар, ки бо баргузории озмун, тамошои филм ва викторинаҳо ҷараён дошт, умдатан, масъалахои иҷтимоӣ назири беҳдоштӣ матраҳ карда шудааст, ки дар маҷмуъ 160 нафар дар он ширкат варзиданд.
Дар қисмати ниҳоии семинар, ки бо нишасти мизи мудаввар бо ширкати чавонону наврасони шаҳри Конибодом доир карда шудааст ва гурӯҳи ташаббускори ихтиёрӣ созмон ёфтааст, ки дар раванди ҳамкорӣ бо ташкилоти Насли ҷавони Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии ин минтақа ғояҳои созандаи худро амалӣ хоҳанд кард.{jathumbnail off}