Китобҳое дар бораи дунёи сохтаи Амрико навишта шудааст, ки ин таваҳҳуми оромишбахшро барои мо эҷод мекунад, ки Амрико абарқудрати гузашта ва оянда аст. Дуруст аст, ки ИМА дар заминаи манбаъҳо, аҳолӣ, қудрати низомӣ ва сарват ҷузъи кишварҳои аввали ҷаҳон аст, аммо ақидаҳои мо тағйир карда ва моро дар ҳоли ноком гузоштан ҳастанд. Мо вазъияти дохилии бисёр хуберо пас аз пирузӣ дар ҷанги сард ба мерос бурдаем, аммо намедонем чӣ гуна бояд онро ҳифз кунем.
Гирифторӣ дар буҳронҳои низомӣ ва иқтисодӣ
Дар солҳои 80-уми асри 20 ҳам дуруст мисли имрӯз Амрико даргири шикасти низомӣ ва буҳрони иқтисодӣ шуда ва дар бораи энержӣ нигарон буд. Сарони ИМА гирифтори бесуботии сиёсӣ шуданд. Шӯравиҳо, ки аз дур ба ин буҳрон ва заифӣ нигоҳ мекарданд, эълом карданд, ки «таъодули қудрат ба фоидаи ҷабҳаи сотсиалистҳо тағйир карда ва қобили бозгашт нест». Иштибоҳ мекарданд, Амрико дубора қиём кард ва бар душвориҳои сиёсии худ ғалаба намуд, дар ҷанги сард пирӯз шуд ва 20 сол ба рушд идома дод. Шояд ин иттифоқ дубора ҳам рӯй диҳад, душманони мо набояд тавоноии демократияи амрикоиро дар бозсозии худ (пас аз шикасти ҳамаи гузинаҳо), нодида бигиранд.
Рақибони сарватмандтар ва муттаҳидони заъифтар
Аммо шароити имрӯз дақиқан мисли даҳаи 1980 нест. Рақибони мо дигар ба сустии Шӯравӣ нестанд. Муттаҳидони мо ҳам заъиф ва пароканда ҳастанд. Муҳимтар ин ки тарзи тафаккури мо дар бораи ба даст овардани қудрати миллӣ ба шакли хатарноке тағйир кардааст. Бар хилофи он чӣ маъмулан гуфта мешавад, ҳеч ҷойгузине барои давлат вуҷуд надорад, ки битавонад манобеъро ҷамъоварӣ ва барои амалӣ кардани ҳадафҳои роҳбурдӣ онҳоро идора кунад.
Амрико даргири назарияпардозиҳои ғайрикорбурдӣ
Шояд шикасти назарияҳои амрикоӣ ба сабаби рақобати идеологӣ бошад, ки (пас аз ҷанги сард) даҳсолаҳо идома пайдо кард. Шӯравӣ ба дунболи низоме буд, ки дар зиндагии тамоми мардум нуфуз дошта бошад, аммо Амрико дар пайи озодиҳои фардӣ буд. Мо талош кардем зиддиидеология бисозем, то битавонем зулмро шикаст диҳем, аммо ҷанбаҳои ин назарияҳо аз амалгароӣ бисёр фосила гирифта ва вориди дунёи шиор, ҳатто боиси нобудии худи мо шудааст. Мо монанди касе, ки аз рӯи бом пойин меафтад, дар ҳоли ҳаракат ба сӯи партгоҳ ҳастем.
Иштибоҳи Амрико дар вогузории вазифаҳои давлат ба бахши хусусӣ
Барои дарки ин ки чаро ин иттифоқ дар ҳоли шаклгирӣ аст, бояд бубинем Амрико чи гуна худро ба як қудрати ҷаҳонӣ табдил кард. Аз соли 1940 ба ин сӯ ИМА аз илм ва фановарӣ истифода кард, то дар як ҷанги ҷаҳонӣ гӯи сабқати низомиро бирабояд. Аз ин ки барои сохтани корхона ва тамоми саноат қарздори дигарон шавад тарсе надошт, ин корхонаҳо зербинои қудрати саноатӣ ва низомии Амрикоро бунёд карданд. Дар даҳаи 1950 Амрико ин рӯйкарди худро расмӣ ва созмонҳои бузургеро монанди «Ожонси тарҳҳои пештафтаи таҳқиқоти низомӣ» (DARPA) таъсис кард. Буҷаи федерол боиси ба вуҷуд омадани фановариҳои роҳбурдӣ шуд. Муҳимтар аз ҳама ин ки буҷаи федерол аз тариқи «Лоиҳаи омӯзиши дифои миллӣ» сармояҳои инсонӣ (муҳандисон ва донишмандон)-ро фароҳам кард, ки Амрикоро ба як кишвари иқтисодӣ дар заминаи фановариҳои пешрафта табдил карданд. Охирин афроди он насл акнун дар ҳоли расидан ба синни бознишастагӣ ҳастанд ва замоне ки кори худро раҳо мекунанд, касе ҷойгузини онҳо намешавад. Ҷӯшиши бузурги халлоқият, ки бо «спутник» шурӯъ шуд, дигар ба поён расидааст. Мо то замоне ки идеологияи зидди давлатии худро раҳо накунем, наметавонем дубора ин ҷарақаро бизанем. Бояд бипазирем ки бархе вазифаҳои стротегӣ, мисли сармоягузорӣ ва навовариро танҳо давлати федерол метавонад бар ӯҳда бигирад.
Бидуни сармоягузориҳои стротегӣ суқут ҳатмӣ аст
Овардани ду мисол барои исботи аҳамияти ин мушкил ба ҷо аст. Он чӣ шоҳроҳҳои Амрикоро сохт ва ба иқтисоди мо ҷараён дод, хароҷоти давлат буд, на сармоягузории хусусӣ. Ин рӯйхат ҳамчунин иборат аз ҳамаи фановариҳои дигаре мешавад, ки бидуни сармоягузории федерол ҳаргиз ба вуҷуд намеомаданд. Двойт Эйзенҳовер, раиси ҷумҳури Амрико ба далели таҷрибаҳое, ки дар даврони ҷанг карда буд, дар бораи нақшҳои ҷудогонаи давлат ва бахши хусусӣ дар тақвияти қудрати Амрико дучори сардаргумӣ ё шак нашуд. Баъд аз моҷарои варшикастагии ширкати «Солендро», ки аз давлат низ қарз гирифт, бояд аз худамон бипурсем, оё Амрико ҳанӯз ҳам тавоноии онро дорад, ки сармоягузориҳои стротегӣ кунад ё на, аммо агар ин қобилияти худро аз даст дода бошем, суқутамон ногузир хоҳад буд.
Сабаби заифшавии Амрико
Ҳаракати Амрико аз давлати федерол ба бахши хусусӣ муҷиби заифшавии ин кишвар дар пешбурди манфиатҳояш шудааст.
Чӣ гуна Амрико гирифтори идеологияе шуд, ки нуфузи ин кишварро дар ҷаҳон ба хатар андохт? Ин худ достони сиёсии аҷибе дорад. Ин назария, ки давлат кофӣ нест ва вазифаҳои муҳим бояд бар ӯҳдаи бахши хусусӣ гузошта шавад, аввалин бор дар даҳаи 1980 матраҳ шуд ва акнун ҳамагир шудааст, ҳатто миёни демократҳо. Беэътимодии ҳамешагии муҳофизакорҳо ба давлати бузург, дар натиҷаи вокуниши радикалҳо ба ҷанги Ветнам шадидтар шуд. Танқиди мантиқӣ ба дахолати иқтисодӣ Кенз, ба далели радикалҳои зидди андоз бенатиҷа монд. Пайомади ин моҷаро коҳиши доимии тавоноии мо дар иқдоми ҷамъӣ барои пешбурди манфиатҳои роҳбурдии Амрико буд.
Зарурати ислоҳоти молиёт ва муқаррарот ва коҳиши хароҷоти давлатӣ
Дар баҳсҳои умумии имрӯза набуди садоқат ба таври васеъ дида мешавад. Мушкилот ба дурустӣ шиносоӣ шудаанд, аммо роҳҳои ҳалли пешниҳодӣ барои ислоҳи онҳо воқеӣ нестанд. Хароҷоти давлат бояд коҳиш пайдо кунад, аммо ин коҳиш бояд дар дастмуздҳо бошад, ки дар ҳоли тамом кардани буҷаи федерол ҳастанд, на дар барномаҳои муфиде, ки қудрати Амрикоро афзоиш медиҳанд. Муқаррарот бояд ислоҳ шаванд, аммо набояд ин воҳимаро дошта бошем, ки Амрикои қарни 19-ум пеш аз ин муқаррарот барои шаҳрвандон кишваре амн ва хушоянд будааст. Ёфтани роҳе миёна дар муқаррарот, андозҳо ва масъалаҳои миллӣ метавонад Амрикоро қудратманд кунад. Аммо ба назар намерасад дар ҳоли ҳозир касе рағбате ба гирифтани як рӯйкарди ислоҳоте амалӣ дошта бошад.
Ногузирии бозгашти Амрико ба заъфи қарни 19-ум
Мо ҳам монанди Шӯравӣ ва устураҳояш дар бораи коргарҳои қаҳрамон, устурашиносии қаҳрамононае роҷеъ ба тоҷирон ва таъсискунандагони шуҷои ширкатҳо сохтаем, ки дарки моро латмадор кардаанд: дарки мо аз ин ки кадом сиёсатҳо воқеан фоида доранд ва кадомҳо сирфан барои асосноккунии худ ҳастанд. Манофеи шахсӣ ҷои худро дорад ва бозор (ки маҷмӯае аз ҳамин манофеи шахсии афрод ҳаст) беҳтарин роҳи ҳал барои аксари мушкилоти тиҷорӣ аст, аммо роҳи ҳалли амнияти миллӣ ва оромиши умумӣ нест. Агар гуфтумони зидди давлат фоидае дошт, мо ҳоло барои худамон ин қиссаро нақл намекардем, ки суқути кунунӣ муваққатӣ аст ва ё аслан таваҳҳум аст. Метавонем андозҳо ва муқарраротро то ҳадди қарни 19 коҳиш диҳем, аммо бояд бидонем, ки ин кор моро ба қудрат (ба истилоҳи дурустар заъф)-и қарни нуздаҳуми Амрико бармегардонад. Агар назарияҳои худро тағйир надиҳем аз ин пайомад ҷои гурез нест.