ВКД: Дар муайян кардани шахсияти ҷасад кӯмак кунед
Рӯзи 24-уми июни соли равон тахминан соати 14:30 дар чарогоҳи деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдаки ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар ҳолати сӯзонидашуда дарёфт карда шуд.
Тибқи иттилои ВКД ҷасади дарёфтшуда тахминан 17- 22 сола, миллаташ таҳҷоӣ мебошад. Дар танаш куртаю поҷомаи рангаш сабзи матои комбахт, таҳпӯши ранги сафед дошта нохунҳои пояш ранги сурх карда шудааст. Дар ангушти сеюми дасти чапи ҷасад ангуштарин бо металли зард ва дар гӯшаш гӯшвори аз металли сафед бо нигинаҳои кабуд дорад.
Аз шахсоне, ки ин занро мешиносанд хоҳиш мекунем, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба ВКД хабар диҳанд. Телефон барои тамос: 227-09-01 {jathumbnail off}