Хабарнигори «Форс» дар Афғонистон боздошт шуд
Абдулвоҳиди Ҳакимӣ, хабарнигори хабаргузории «Форс», ки субҳи рӯзи гузашта ба қасди таҳияи гузориш дар бораи музаи Кобул аз маҳалли кори худ хориҷ шуд, аз сӯи кормандони амниятии Афғонистон дастгир ва ба макони номаълуме интиқол ёфт.
Ба гузориши «Форс», хабарнигор ва сарпарасти дафтари ин хабаргузорӣ дар Кобул субҳи рӯзи гузашта барои таҳияи гузориш ҷои кори худро тарк намуда, дигар ба манзил бознагашт. Ҳамсари Ҳакимӣ гуфтааст, ки телефони мобили ӯ бар хилофи ҳамеша пайғом медиҳад, ки хомӯш аст: «Вай ғуруби рӯзи дирӯз дар тамоси маҳдуд ва назоратшудае ба хонаводаи худ иттилоъ дод, аз сӯи идораи амнияти миллии Афғонистон дастгир шуда аст».
Амнияти милли Афғонистон то кунун дар ин маврид изҳори назар накарда аст.
«Форс» яке аз хабаргузориҳои фаъол дар Афғонистон буда, дар шаҳри Кобул дорои дафтари сарпарастӣ мебошад. Инъикоси рӯйдодҳо ва ҳаводиси рухдода дар Афғонистон, музокира бо мақомоти давлатӣ, порлумон, коршиносони мухталифи сиёсии афғон, инъикоси тасвире аз ҷазобиятҳои фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳамчунин инъикоси зарфиятҳои ҳамгирои миёни Эрон в Афғонистон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумлаи фаъолиятҳои хабарнигори боздоштшудаи «Форс» дар Кобул мебошад.
Қазияи боздошти хабарнигори «Форс»-ро алъон ниҳодҳои марбути Эрон ва Афғонистон пайгирӣ мекунанд. Сидиқуллоҳ Тавҳидӣ, масьули расонаҳои Озоди Афғонистон гуфтааст, Ҳакимиро бод алели надоштани муҷавизи қонунӣ дастгир кардаанд.