Тайи ин муддат дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо маротиба сел барои сокинон ва майдонҳои кишт хисороти зиёд оварду низ ҳамасола овардан дорад. Аммо барои ҳамаи ин ягон масъуле муҷозот нашудаву ҳам намешавад.
Баҳори имсол 3224 манзили зисти одамон дар навоҳии минтақаи Кӯлоб аз сел хисорот бардошт. Рамазон Неъматов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб ба Озодагон гуфт, ки зарар аслан ба 4 навоҳӣ- Кӯлобу Восеъ ва Темурмалику Муъминобод расман ба кайд гирифта шудааст. Ба қавли Неъматов дар ноҳияи Муъминобод 4 хона пурра вайрону валангор шуда, манзилҳои дигар қисман хароб гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расида, ҳанӯз аввали моҳи апрел дар рустои Киблайии ноҳияи Муъминобод 34 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб шуда ва аҳли деҳа ба мавзеи бехавф кӯчонда шудаанд. Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон рӯзи 3-юми май аз ин мавзеъ дидан карда бо ҳолу аҳволи сокинони зарардида ошно гардид. Раиси вилоят ба масъулини ҳукумати ноҳия ва ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ супориш дод, ки ба ниёзмандон кӯмак расонанд.
Дар ҳоли ҳозир садҳо нафари аз сел зарардида ба кӯмак эҳтиёҷ доранд. Қабл аз ҳама ин афродро норасоии маводи ғизоӣ азият медиҳад. Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон 2-юми май барои хонаводаҳое, ки дар ин минтақа аз офати табиӣ зарар дидаанд, кӯмак фиристод, ки иборат аз 13744 кило орд, 1382 кило шакар, 13824 кг. биринҷ, 1036 литр равған, 691 кг. макарон буд. Рамазон Неъматов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, тибқи рӯйхати комиссияи махсус, ин кӯмакҳо ба 34 оила аз ноҳияи Темурмалик, 61 хонавода аз ноҳияи Восеъ, 235 оила аз ноҳияи Муъминобод ва 79 оила аз ноҳияи Кӯлоб тақсим шуд. Дар ҳамин ҳол сокинони зарардида мегӯянд, то замони гирифтани кӯмак, ки ҳукумати кишвар барояшон фиристод, аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳеч кӯмаке дарёфт накарда буданд.
Оморҳои масъулини минтақа зиду нақиз астМавриди гуфтан аст, ки бар асари боришоти зиёди борону жола ва омадани сел қисмати зиёди заминҳои кишт дар навоҳӣ зарари ҷиддӣ дидаанд. Ситоди ҳолатҳои фавкуллодаи минтақавӣ мегӯяд, омори дақиқе дар ин маврид рӯи даст надоранд. Сардори ситод полковник Неъматов мегӯяд, маълумот дар бораи хисороти заминҳои киштро ба ҳукумати вилоят, ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода пешниход намудаанд, вале нусхаи онро надоранд. Дар мавриди зарари аз сел расида масъулини ситодҳои ҳолатҳои фавқуллода, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораи омор маълумоти дақиқу якхела надоранд. Ба унвони мисол, сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлоб Субҳон Усмонов ба Озодагон гуфт, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб то якуми май 446 хона осеб дида, танҳо 22 манзили зист қисман вайрон гаштааст. Дар 182 ҳавлӣ иншооти ёрирасон, деворҳо хароб гашта, зироати киштшуда дар заминҳои наздиҳавлигии 242 манзили дигар зери лойқа мондааст. Ба иттилои вай, дар ноҳия сел ба 109 га замини пахта, 15 га кишти ғалладона, 58 га картошка, 2 га сабзавот зарар расондааст. Ҳамчунин, 37 метр қубури обгузару канализатсия, 9 симчуби хати алоқа, 12 симчуби хати барк низ вайрон гашта, сел ба таҳхонаи 34 манзили баландошёна даромада, таҷҳизоти муҳимро корношоям кардааст. Ба қавли сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода, 3 пули мошингузар, 10 километр роҳи нақлиётгард дар ҳудуди шаҳр ва 3 км роҳи маҳаллии миёнирустоӣ дар худуди ноҳия низ хароб гаштаанд.
Гузашта аз ин, тибқи маълумоте, ки идораи ободонии шаҳр ба ҳукумати маҳаллӣ, идораи омор ва ситоди ҳолатҳои фавқуллода пешниҳод кардааст, гуё дар майдони 4710 метри мукааб кӯчаву гулзорҳои шаҳр бар асари сел зарар дида бошад. Маблағи зарар 37415 сомонӣ нишон дода мешавад. Ҳаҷми умумии зарари аз сел расида дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб тибқи ҳисоби пешакӣ ва ба мақомоти болоӣ пешниҳоднамуда, зиёда аз 1646512 сомонӣ будааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон медихад, ки барои маълумоти дақиқи ҳаҷми зарари расидаро ошкор намудан, бояд комиссияи босалоҳият кор кунад. Зеро тибқи маълумоти масъулини ҳукумати маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳо, маълумоти пешниҳоднамудаи ситоди ҳолатҳои фавқуллода нодуруст мебарояд. Файзалӣ Қурбонов, муовини аввали раиси шаҳр дар сӯҳбат ба журналистон гуфта буд, танҳо дар ҷамоати деҳоти Даҳана 152 га пахта, 51га ғалла ва 12,6 га сабзавот зери лойқаву санги сел мондаанд.
Ҳамчунин ба иттилои Салим Бобохонов, раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб беш аз 300 гектор замини кишти ҷамоат дар пайи резиши жола ба пуррагӣ корношоям шудааст. Яъне, маълумоти оморӣ миёни мақомот ба таври дуруст ба рох монда нашудааст. Пурсида мешавад, ки оё зарурати пешниҳоди омори нодуруст ба мақомоти болоӣ ба чӣ хотир аст? Саволест, матраҳ…
Чаро масъулини бемасъулият муҷозот намешаванд? Масъулини вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бо сабабҳои ҳанӯз номаълум, иллати асосии селзаниро дар рудхонаву селпартовҳо аниқ кардан намехоҳанд. Ё дар ин маврид назди касеву чизе маълумот намедиҳанд. То имрӯз ягон маротиба масъуле назди шаҳрвандон ва ё тавассути ВАО ҳисобот надодааст. Коршиносон мегӯянд, иллати асосӣ дар бепарвоӣ в
а бемасъулиятии масъулони соҳа ва ҳукуматдорони маҳаллӣ аст. Ба андешаи онҳо аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, ки дар ҳамаи минтақаи Кӯлоб сою селпартовҳо тоза карда намешаванду соҳилҳои дарёҳо ва селпартовҳои ҳудуди шаҳру навоҳӣ мустаҳкам намешавад. Тайи ин муддат дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо маротиба сел барои сокинон ва майдонҳои кишт хисороти зиёд оварду низ ҳамасола овардан дорад. Аммо барои ҳамаи ин ягон масъуле муҷозот нашудаву ҳам намешавад. Дуруст аст, ки ҳар сол барои корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёву селпартовҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон маблағҳои зиёде ҷудо мегардад, вале ҳамин маблағ дар куҷо сарф шудаву ва дигар корҳои сохтмонӣ кай ва чӣ гуна ба анҷом мерасанд, назорати қатъӣ надорад. Вагарна, чӣ гуна буда метавонад, ки корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар тирамоҳ оғоз кард, дар ҳоле ки ҳамагӣ баъди 1-2 моҳ барфрезӣ сар мешаваду аввали баҳор мавсими обхезӣ аст. Дар аввалин селфароӣ дамбаҳои нимсохта шуста мешавад ва миллионҳо сомонӣ «ба дарё» меравад.
Соли 2011-ум, бино ба иттилои Рамазон Неъматов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи минтақаи Кӯлоб, барои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии 2 купруки мошингузар дар рустои Тебалай ва Боғи Ҳабиби ноҳияи Кӯлоб, дар селпартови Тебалай, ки моҳи майи соли 2010-ум бар асари селзании шадид харобу вайрон гардида буданд, аз ҷониби Вазорати нақлиёт беш аз як миллион сомонӣ ҷудо гардида, гӯё аз нав барқарор гардиданд. Аммо бо гузашти камтар аз як сол, аввали баҳори имсол, аллакай дамбаҳои сохташуда аз нав вайрон гаштав ва ба барқароркунӣ ниёз доранд. Бегумон боз ҳам маблағи зиёде лозим мешавад. Вале аз сохтмончиён ва фармоишгар, идораи роҳсозии минтақа сардораш Сафаралӣ Абдуллоев, ки воқеан барои бемасъулиятӣ ва суиистифода аз мансаб соле пештар бо фармони вазири соҳа аз вазифа ронда шудаву бо сабабҳои номаълум бо ҳукми суд аз нав ба вазифааш барқарор гашта буд, барои корҳои бесифат касе пурсиш кардан намехоҳад. Ҳамин гуна бемасъулиятӣ ва дар пайи он миллионҳо сомонии ба дарё рафтаро дар ҳамаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар рудхонаву селпартовҳо, дигар касе суроғ намекунад. Вазорати хоҷагии оби Тоҷикистон, ки сою обпартовҳо ва дарёҳои дар балансаш доштаро дар ин маврид умуман назорат намебарад ва буҷаи камбағали ҷумҳурӣ боз ҳам хароб гаштан мегирад.
Оё вақти он нарасидааст, ки ҳукумати марказӣ аз Вазорату кумитаҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор дар ин маврид пурсиш ба амал биорад ва хатари офатзаниро, ки зиёда аз 20 сол аст аҳолии кишварро азият медиҳад, бартараф намояд? Суолест, ки ҷавоб мехоҳад.
Аслиддин Достиев