Каратченко ахиран дар конфронси матбуотӣ дар Маскав гуфт: «Таҷзия ва таҳлили барномаҳои низомӣ ва ҳастаии Эрон нишон додааст, ки шароити айнӣ ҳади ақал то соли 2020 аз лиҳози таҳдиди эхтимолии мушакӣ, аз ҷониби ин кишвар Аврупоро дар маърази хатар қарор намедиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият талошҳои исроромези Амрико дар ҷиҳати таҳдид нишон додани Эрон, ки баҳонае барои густариши тарҳи сомонаҳои дифои зидди мушакии ин кишвар дар қораи Аврупо шудааст, қобили дарк нест».
Ба гуфтаи ин коршинос, дар яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи “Дифои миллӣ” таҷзия ва таҳлили дақиқе дар робита ба сенарияи эҳтимолии амалӣ шудани тарҳҳои низомии Исроил ва Амрико алайҳи Эрон сурат гирифт ва чунин натиҷагирӣ шудааст, ки иҷрои чунин сенарияе ба танҳоӣ аз ҷониби Исроил бисёр душвор хоҳад буд.
Каратченко таъкид кардааст: «Комилан возеҳ аст, ки Эрони имрӯза тавоноии онро дорад, ки на танҳо аз худ дифоъ кунад, балки агар ҳамлаи низомӣ сурат бигирад, шароитеро ба вуҷуд оварад, ки сатҳи талафоти Исроил ғайри қобили қабул бошад».
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, нобудии таъсисоти ҳастаии Эрон дар Фардӯ дарвоқеъ яке аз аҳдофи даст наёфтанӣ дар сурати ба коргирии абзори маъмулӣ барои ҳамла ба он аст ва ҳатто бомбаҳои ҷадиди амрикоӣ бо қудрати нуфузи зиёд бо таҷҳизоти мутаориф қодир ба чунин харобкорӣ нестанд. Танҳо таҷҳизоти ҳастаии фаннӣ метавонанд ин таъсисоти ҳастаиро нобуд кунанд ва дар ин сурат ҳам, ба ақидаи мо, чунин иқдоме такрори ҳодисаи дилхароши соли 1945 хоҳад шуд, ки амрикоиҳо бомбаи ҳастаии худро алайҳи Ҷопон истифода карданд.