Ду сокини ноҳияҳои Шуроободу Муъминобод бар асари фаромадани сели шадид, ҷони худро аз даст доданд.
Ба қавли Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, боронгарии шадиди рӯзи 21-ум ба 22-юми апрел барои сокинони минтақа зарари зиёди иқтисодиву молӣ ва ҷонӣ овард. Дар натиҷаи ин боронгарӣ сатҳи оби рудхонаҳо ва обпартовҳо зиёд гашта, дар баъзе маврид соҳилро шикаста, селоба ба заминҳои кишт ва манзили зисти одамон ворид шуд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-уми апрел аз кӯҳу пӯштаҳо сел фаромада, даҳҳо гектар заминҳои кишт, хонаву ҳавлии сокинони русто ва чорвои аҳолиро ба ком кашид.
Мутаасифона, дар пайи ин офат одамон низ қурбон гаштанд. Моҳшариф Каримова, як бонуи 34-сола аз рустои Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод, шоми 21-уми апрел ҳангоми фаромадани сел ба манзили истиқоматиаш, ба берун баромада ба туғёни сел тоқат накарда, меафтад. Ба гумони наздиконаш, ки аз ҳоли ӯ бехабар монда буданд, Моҳшариф миёни тудаи одамони ваҳмзада, дар ягон кунҷи деҳа қарор гирифтаст. Танҳо нимаи дуввуми рӯзи дигар, ҷасади беҷони ин хонумро аз назди обанбори ноҳия, ки ҷӯю селпартоҳои ҳудуди ноҳия ба он ҷорӣ мегардад, пайдо кардаанд.
Ҳамчунин, зӯҳри рӯзи 21-уми апрел як сокини рустои Тӯдании ноҳияи Шурообод бо исми Нурмад Ҷомадов, ки дар навбати пода будааст, миёни дараҳои кӯҳистон миёнаи сели шадид монда, ба ҳалокат расид.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои аз кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақавӣ расида, дар пайи офати ҳамонрӯза дар ноҳияи Муъминобод 4 манзили истиқоматӣ ба пуррагӣ хароб гашта, 7 хонаи дигар қисман вайрон шудааст. Инчунин, 162 манзили дигар қисман хароб гаштаву иншоотҳои ёрирасон, оғилу деворҳо чаппагардон ва заминҳои наздиҳавлигӣ зери лойқаву санг мондаанд. Як пули нақлиётгард дар рустои Ҳанатарош низ бар асари сел чаппа гашта, даҳҳо километр роҳи мошингард зери лойқа мондааст.
40 сар ҳайвони калони шохдор, 25 сар моли майда ва 10 оилаи занбури асал ҳам тӯъмаи сел гаштаанд ва наздик ба 90 гектар замини кишти ғаллаву 15 гектар замини кишти картошка ба пуррагӣ зери лою санг мондааст.
Дар ноҳияи Шурообод бошад, дар ҷамоати Дашти Ҷам 2 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардида, 9 сар гов, 11 сар моли майда ва 16 гектар заминҳои кишт аз пайи сел вайрону валангор гаштаанд. Дар шаҳри Кӯлоб ба 76 манзили зист сел даромада, иншооти ёрирасон ва деворҳоро чаппа кардааст. Бахусус истиқоматкунандагони кӯчаҳои Хати роҳ, Корвонгузар, Куйбишев, Фрунзе, Содиқов, Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва Сино аз сел зиёдтар хисорот бардоштаанд.
Нӯралӣ, як сокини кӯчаи Куйбишев мегӯяд, шом сел ба хонаашон ворид шуд ва танҳо саҳари рӯзи дигар намояндагони ҳукумати шаҳр ба аҳволпурсияшон омаданд: «Ба раиси шаҳр Абдуғаффор Раҳмонов гуфтам, ки ба хона даромада, аз вазъияти ба сарамон омада, аз наздик шинос шавад. Аммо раис бо сабаби ҳама ҷо пур аз лойқа будан, хоҳиши даромадан накард. Гуфтам, раис шумо танҳо барои даромадан ҷуръат намекунед, бигӯед ки ману фарзандҳои хурдсолам чӣ гуна дар он даромада зиндагӣ кунем?
Раҳмонов бо ситеза гуфт, ки чаро дар самти селгузар хона сохтаед? Ҳол он, ки хонаи ман дар шафати роҳи мошингард ҳасту садҳо метр аз селпартов дур. Масъулини ҳукумати шаҳрро зарур аст, то селпартовҳоро сари вақт тоза кунанду ситам болои сокинон набошад».
Рамазон Неъматов, сардори кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, вазъ дар ноҳияи Восеъ нисбатан оромтар буд. Ҳарчанд дар рустои Гулшанобод ва Дашти дилӣ селоба ба ҳавлиҳои 74 хонаи истиқоматӣ даромада бошад ҳам, аммо зарари ҷиддие ворид накардааст.
Аслиддин Достиев