Ш. Зуҳуров: Парлумон кори ҳукуматро анҷом намедиҳад
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки нусхаи он мактуби Ҷумъахон Давлатов унвони Эмомалӣ Раҳмонро рӯйи даст дорад, аммо намехоҳад, ки тамоми суханони дар он зикршударо ошкор намояд.
«Муҳтарам Ҷумъахон Давлатов шумо ба президент гуфтед, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар вақти баррасӣ гӯиё бо як қатор мақомоти дахлдор, аз ҷумла Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи амният, Вазорати энержӣ ва саноат ва вазорати тандурустӣ мувофиқа нашудааст. Шумо хоҳиш кардед, ки бо назардошти ин асосҳо қонуни қабул кардаи МН (Маҷлиси Намояндагон) аз ММ (Маҷлиси Миллӣ) баргардонида шавад». Раиси парлумони Тоҷикистон гуфт, ки аъзои Шӯрои парлумонӣ ёд доранд, ки тақрибан ду моҳ қабл шахсан худи вай барои баргардонидани ин қонун хоҳиш кард. Он замон Ҷумъахон Давлатов гуфтааст, ки ин кори онҳо буда, лоиҳаи қонунро ҳатман бармегардонад. «Аммо шумо қонуни пешниҳодшударо баргардонида натавонистед, чунки ММ аз рӯи дастури муштарак бо МН рафтор карда, он санадро мавриди баррасӣ қарор дод»- таъкид кард раиси парлумон.
Шукурҷон Зуҳуров ба Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки МН мақомоти олии қонунгузории кишвар буда, мушкилоте, ки дар ҳукумат ҳал намешаванду замони баррасии он шумо ва ҳуқуқшиносон ба он аҳамият намедиҳед, баргардонидани он бо чунин норасоиҳо ба воситаи ММ ба МН кори чандон хубе нест. Ба гуфтаи раиси парлумон вакилони мардумӣ ба баррасии ин масъала дубора даст заданд. Онҳо банди бисёр муҳими ин қонун, қисми 5, моддаи 131 Кодекси Гумрукро бо раҳбарони мақомоти дар боло зикр шуда баррасӣ намуданд. Вале он замон ин гурӯҳ ба хулосае наомада, хостори таъсиси комиссияи созиш аз ҷониби муовини аввали сарвазири кишвар шуданд. Зеро иштибоҳе, ки зимнии баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар дастгоҳи иҷроия содир шудааст, онро дар парлумон ҳал карда наметавонанд. «Эроди шумо дар мавриди мавҷуд набудани хулосаи кумитаи парлумон дар ин маврид асос надорад, он хулосаро ман дар даст дорам. Мо кори худро анҷом медиҳем. Аммо вазиронро даъват кардаву онҳоро ба мувофиқа расонида наметавонем. Ин кори ҳукумат аст. Мо кори ҳукуматро анҷом додани нестем ва наметавонем»,- илова намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Ҷ. Давлатов: Дастур бояд риоя шавад
Баъдан раиси парлумон ба вакилони мардумӣ муроҷиат карда гуфт, ки Ҷумъахон Давлатов мушовири давлатӣ буда, корҳои мекардаашро ба хубӣ медонад. Ҳол он, ки ман дар хулосаи кумита навиштам, ки аз сабаби мавҷудии ихтилоф баррасии қонун қатъ шуда, он барои такмил ба субъекти ҳуқуқи ташабусси қонунгузорӣ баргардонида шавад. Зеро ин қонунро ба МН ҳукумати Тоҷикистон ирсол намудааст. Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки ба эродҳои Шукурҷон Зуҳуров мухолифат надорад.
«Тартиби баррасии қонуни мазкур дар дастурҳои ҳукумат, МН ва дигар асноди меъёри ҳуқуқӣ пешниҳод карда нашудааст. Гуфта шудааст, ки қонуне, ки аз ҷониби ММ баргардонида шуд бо кадом тартиб баррасӣ карда мешавад ё ветои ММ бартараф гардида бо овози зиёдтар дубора баргардонида мешавад. Ҳамчунин эрод ба инобат гирифта шуда, комиссияи созиш таъсис ёфта масъала бояд ҳали худро пайдо намояд. Ман бо хулосаи кумита ошно нестам ва дастур ҳатман риоя шавад»,гуфт Ҷумъахон Давлатов.
А. Миралиев: Вакилон тими Ҷаноби Олӣ
Дар ҳамин маврид Амиршо Миралиев, вакили мардумӣ гуфт, ки ҳама командаи Ҷаноби Олӣ буда, инро ҳама медонад. Лекин сабаб дар чист, ки Шумо (Ҷ. Давлатов) қонуне, ки аз тарафи ҳукумат пешниҳод шудааст дар МН тарафдорӣ ёфту дар ММ ҳамчун мушовири давлатии президент, намояндаи комилҳуқуқ дар Маҷлиси Олӣ онро муҳофизат карда натавонистед? Инҷо айби вакилони мардумӣ чист?
Дар ҷавоб ба саволи Амиршо Миралиев Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки сабабҳо дар нома ба Эмомалӣ Раҳмон зикр шудаанд.
Дар идома Шукурҷон Зуҳуров бо нороҳатӣ ба вакил Азизмат Имомов гуфт, ки кор дигар шуда истодааст. Парлумони феълӣ корҳоеро анҷом медиҳад, ки дар даҳ соли охир беназиранд. Парлумон масъалаҳои зиёдеро ба баррасӣ мегирад, ки ин чизҳо қаблан набуда, чунин ҳолат қаблан ба вуҷуд намеомад. Шукурҷон Зуҳуров ба Азизмат Имомов супориш дод, ки то рӯзи душанбе (23-04-2012) дастуре бо тағйиру илова омода карда, ба аъзои Шӯрои парлумон пешниҳод намояд. Ҳарчанд на дар мактуби Ҷумъахон Давлатов ва на дар эроди ММ пешниҳоди дақиқе дар мавриди ихтилофи бандҳои кодекс зикр нашудааст. Аз ин рӯ бояд комиссияи созиш бо иштироки намояндагони МН ва ММ таъсис ёфта, тамоми ихтилоф то рӯзи баррасии қонун бартараф карда шавад.
Ш. Зуҳуров: Агар лозим бошад худам президентро огоҳ мекунам
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки агар парлумон баррасии қонунро қатъ намояд, дигар дар ҳудуди Тоҷикистон нафаре ҳуқуқи дида баромадани онро надорад, ҳатто ҳукумат. Дар он ҳолат қонун танҳо дар таҳрир ва пешниҳоди нав мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз ин хотир феълан мо-вакилон аз рӯзномаи ҷаласаи 18-04-2012 масъалаи 4-ум Дар бораи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Тоҷикистон»-ро бекор мекунем. Ин қонун дар тамоми кумитаҳои парлумон бори дигар мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре ки Ҷумъахон Давлатов талаб кардааст, мо аз рафти баррасии он дар Шӯрои парлумон, кумитаҳо протокол тартиб медиҳем.
Шукурҷон Зуҳуров дар идома гуфт, ки агар мушовири давлатӣ ин қадар кунҷков бошад, пас парлумон низ аз ин ба баъд тамоми ҳарфҳои худро қонунӣ мекунад. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар охир гуфт, ки агар зарур бошад шахсан президенти кишварро аз рафти ин масъала огоҳ хоҳад намуд.
Ба ҳар сурат ин таври бархӯрд дар парлумони кишвар аввалин бор сурат мегирад. Ҳоло пурсиши матраҳ ин аст, ки сабаби асосӣ дар падид омадани чунин вазъият дар чист. Шояд иштибоҳи як шахси мансабдор аст? Ё шояд аз фаъолияти парлумон ҳокимияти иҷроия розӣ нест? Шояд ба командаи Раҳмон будани ҳама таъкид кардани Амиршо Миралиев беҳуда набошад?
Ҳумайрои Бахтиёр