Ин ки туристон бо дидани барномаҳои таблиғотӣ аз Тоҷикистон дар «Euronews» ва дигар шабакаҳо ҳаваси омадан ба кишварро мекунанд ё на, дар байни соҳибназарони соҳаҳои гуногун андешаҳои мутафовитеро ба вуҷуд овардааст. Дар ин хусус, сардабири нашрияи "Минбари халқ" Бахтиёр Ҳамдамов бар ин назар аст, ки ҳар чизи хориқулодае туристонро барои сайёҳат ҷазб мекунад. Истифода аз ҳамагуна имкониятҳо барои ҷазби туристон ба Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҳамин барномаҳои пахшгардида дар "Euronews" барои муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муассир аст. Номбурда муътақид аст, ки барои ҷалби туристон ба кишвар пеш аз ҳама боястӣ имиҷи кишвар баланд бардошта шавад, "зеро вақте касе дар пеши мо номи кишвареро мебарад, мо аз он мамлакат тасаввурот пайдо мекунем. Он гоҳ, ки аз Ҳиндустон ном мебарем, табиати зебои ин кишвар дар пеши чашм ҷилвагар мешавад. Аз Туркия, ки ном барем, савоҳили ин кишвар дар тасаввуроти мо падид меояд. Барои ҳамин ҳар вақт касе аз давлати мо ном бурд, бояд имиҷи туристии муносибе аз кишварамон дар зеҳнаш инъикос ёбад. Пахши барномаҳо аз Тоҷикистон дар шабакаҳои ҷаҳонӣ ва интернет аз фоида холӣ нест. Зеро, агар пештар туристон ба дохили кишвар омада аз наздик тасаввурот пайдо мекарданд, имрӯз метавонанд дар хонаҳои худ шинанду аз пушти шабакаҳои телевизионӣ бо кишвари мо шинос шаванд".
Дар ҳамин маврид, сардори шӯъбаи рушди соҳаи туризми Кумитаи сайёҳӣ ва варзиши назди президент Фаррух Изатуллоев мегӯяд, ки иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ сайёҳонро барои боздид аз Тоҷикистон ҳавасманд мегардонад. Ба иловаи ин дар маърази намоиш қарор додани баргаҳои таблиғотӣ, ки кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ онро дунбол мекунад, ҷазби туристонро ба кишвар осонтар мекунад. Номбурда мегӯяд, "мо ҳамчунин тавассути намояндагиҳои худ дар хориҷа туристонро барои сайру сайёҳат ба Тоҷикистон ташвиқ менамоем. Тамоми тавоноиҳоямонро ҷиҳати ҷазби туристон равона кардаем".
Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки фақат парчами баландтарин наметавонад ҷаҳонгардонро ба Тоҷикистон ҷалб намояд. «Барои ҷалби туристон пеш аз ҳама бояд дар дохили кишвар шароити маъишиву истироҳатии муносибе фароҳам овард. Вақте ҷаҳонгард ба Тоҷикистон меояд, бояд тавонад саломатии худро ба даст овараду истироҳати ороме дошта бошад. Дар бахши саломативу беҳдошт мо онқадар пешрафт надоштаем ва шояд ақибмондатарин кишвари дунё бошем. Аммо ин монеъи ҷазби туристон ба кишвари мо намегардад. Агар ман туристи хориҷӣ мебудам ба Тоҷикистон танҳо барои офтоб хӯрдан ва истироҳат дар лаби дарёи "Варзоб" ё рӯди "Кофарниҳон" меомадам, ки барои саломатии инсон фавоиди зиёде дорад. Зеро ингуна манзараҳои табиӣ дар дунё тақрибан, ки боқӣ намонда ва аз байн рафтааст. Аммо мо метавонем бо истифода аз табиати кишвари худ туристонро ба кишвар бикашонем. Он боде, ки дар савоҳили дарёҳои Тоҷикистон мевазад, шамоли "брил" ном дорад. Брил аз зумраи бодҳоест, ки барои саломатии инсон фоида дорад. Танҳо бо чунин роҳҳо имконияти ҷалби туристонро дорем. На парчам ва на тоқиҳои Тоҷикистон нақше дар ҷазби сайёҳони хориҷӣ надорад"-мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён.
Номбурда бар ин бовар аст, ки «намоиши Тоикистон дар "Euronews" барои мардуми кишвар аҷиб аст, вале барои мардумони соири кишварҳо ин як чизи оддиву муқаррарист ва ҳеч ҷолибияте надорад. Шояд мардуми мо аз пахши кишвари худ дар "Euronews" ифтихор кунанд, аммо ин чиз маънои омадани тамоми туристон ба Тоҷикистонро надорад. Ин танҳо як барномаи лаҳзаист, ки яке мебинаду дигаре намебинад ва дидагӣ ҳам дар ин ҳолат наметавонад ба дидааш эътимод кунад. Афкори мардуми мо афкори кӯҳнаест ва ҳарчанд наздики 6 млн аҳолии кишвар телефони мобилӣ дошта бошанд ҳам, тафаккури мардумони дигар кишварҳо, минҷумла Аврупоро надоранд. Пахши барномаҳо аз кишвар наметавонад таассуроти амиқеро дар зеҳни бинанда эҷод намояд. Пеш аз ҳама бояд манотиқи тафреҳиву истироҳатӣ эҷод кунем то туристон барои омадан ба Тоҷикистон ангеза пайдо кунанд».
Бахтиёр Ҳамдамов ҳам мӯътақид аст, ки дар пахши барномаҳои ба Тоҷикистон рабт дошта бояд эҳтиёт кард. Зеро пахши барномаҳое дар хусуси норасоии барқ ва ё касалиҳои мухталиф метавонад имиҷи манфие аз кишвар дар азҳон падид оварард ва туристонро аз омадан ба кишвар дилсард гардонад. Аммо бо ҳамаи инҳо ҳамсӯҳбатамон пахши наворҳову тасвирҳо дар бораи Тоҷикистонро барои ҷазби туристон муҳим арзёбӣ мекунад.
Аммо боз пурсиши асосӣ ин аст, ки оё чунин чорабиниҳои таблиғотӣ дар расонаҳое мисли «Euronews» метавонанд туристонро шефтаи Тоҷикистон гардонанд? Агар посух мусбат бошад чаро шумори туристоне, ки ба кишвари мо сафар мекунанд, зиёд нест?
Сиёвуш Қосимзода