Профессор, Нодир Одилов, раиси шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдат ва Эҳёи Тоҷикистон 80 сола шуд. Ба ин муносибат нимаи аввали имрӯз, 17-уми апрел дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Маснавишиносии муосири тоҷик» конфронси илмӣ сурат пазируфт.
Муҳаммадҷон Илолов, президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон нахуст аз ҳаёт ва фаъолияти Нодир Одилов, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия сухан гуфта, қайд кард, ки Нодир Одилов дар тули фаъолияти худ ба муваффақиятҳои зиёд ноил шудааст. «Теъдоди асарҳои илмие, ки ба қалами ӯ таалуқ дорад, барои дигарон чун дастури методӣ хизмат мекунад»,-афзуд номбурда.
Ҳамзамон зикр гардид, ки асарҳои «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» (Душанбе, 1964), «Ислом дар Оинаи ақл» (Душанбе, 1971), «Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар Ислом» (Душанбе, 1974», «Ислом ва Сотсиализм» (Душанбе, 1982) аз ҷумлаи навиштаҳои таҳқиқотӣ ва илмии Нодир Одилов ба шумор мераванд. Ғайр аз ин ӯ ҳаммуалифи китоби дарсӣ доир ба таърих ва назарияи дин барои мактабҳои олӣ ва муалифи мақолаҳои зиёд дар мавзӯъҳои гуногун мебошад.
Ғафор Мирзоев, корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми кишвар гуфт, ки Нодир Одилов яке аз аввалин муҳақиқоне мебошад, ки мероси ирфонӣ-тасаввуфии Мавлоно Ҷалолиддини Румиро мавриди таҳқиқ қарор додааст: «Нодир Одилов як рисолаи илмии худро бо номи «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» таълиф кардааст, ки яке аз корҳои бунёдӣ-таҳқиқотӣ маҳсуб мешавад. Баъд аз ин дигар олимону муҳаққиқон ба омӯзиши дигар паҳлӯҳои илмиву файласуфии намояндагони ирфони тасаввуф шурӯъ кардаанд, ки хушбахтона то ба имрӯз ҳам дастовардҳои намоёне ба назар мерасад».
Ба қавли номбурда саҳми Нодир Одилов дар коркарди таърихи фалсафаи тоҷик бо навиштани асарҳо, мақолаҳо ва иштирок дар конфронсҳо ба итмом намерасад. Ӯ ин корро ба воситаи шогирдонаш идома медиҳад. Дар зери роҳбарии ӯ аспирантҳо проблемаҳои муҳими соҳаи таърихи дин ва таърихи фалсафаро таҳқиқ кардаанд.
Нодир Одилов дар омода кардани кадрҳои илмӣ ҳамчун мушовир низ хизмати бевосита кардааст. Вай ба сифати мушовир зимни муаррифии рисолаҳоии номзадии Додихудоев, Қулматов, Шамсиддинов, Захарова, Ҳасанова ва дигарон баромад кардааст. Дар конфронс ҳамчунин қайд шуд, ки Одилов дар таҳрири асарҳои илмии олимони тоҷик низ саҳми намоён гузоштааст.
Маълумоти Озодагон: Одилов Нодир Фозилович, раиси шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдат ва Эҳёи Тоҷикистон, профессор, узви пайвастаи академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Русия. Соли 1932 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1951 хатм карда ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли 1956 баъд аз хатми донишгоҳ ба шӯъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон ба ҳайси аспирант дохил шуда, соли 1965 дар иниситути фалсафаи академияи улуми СССР рисолаи намзадияшро дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» ҳимоя намудааст. Баъд аз хатми аспирантура ба симмати омӯзгор ва мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи Аграрӣ ва ноиб-ректор дар Донишкадаи забонҳо, ҳамчунин мудати ду сол мудири сектори шӯъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият кардаст.
Ибодуллоҳи Тоир