Хадамоти назорати ветеринарӣ ва фитосанитарии Русия («Росселхознадзор») сар аз имрӯз, 16-уми апрел барои мусофирон аз Тоҷикистон овардаи меваю сабзавотро дар борхалтаҳои дастии худ манъ кардаст.
Дар бораи ин маҳдудият, ки ҳамчунин ба Ӯзбекистону Озарбойҷон дахл дорад, ВАО-и Русия бо такя ба изҳороти «Росселхознадзор» иттилоъ медиҳанд.
Масъулини «Росселхознадзор» сабаби роҳандозии маҳдудиятро ба зиёд шудани ҳолатҳои дарёфти зараррасонҳо дар боғоҷи дастии мусофирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рабт медиҳанд.
Тибқи иттилои «Росселхознадзор» шумораи аз ҳама зиёди воридшавии маводи зеркарантинӣ аз самти Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст: «Аз соли 2011 то моҳи марти соли ҷорӣ зимни воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон, асосан дар бағоҷи дастӣ 228 ҳолати интиқоли маводи зеркарантинӣ ба қайд гирифта шудаст. Аз Ӯзбекистон таи ин муддат 130 ҳолати воридоти маводи зеркарантинӣ ва аз Озарбойҷон 9 ҳолат ошкор шудаанд».
Аз Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки эҳтимоли гузаштани маводи зеркарантинӣ дар боғоҷи дастӣ зиёд аст. Ба гуфтаи манбаъ аз сабаби зиёд будани мусофирону хатсайрҳо, ташхиси меваю сабзавоти ҳамаи боғоҷу сумкаҳои дастӣ ғайриимкон аст: «Аслан, шахсе, ки дар борхалтааш маводи зеркарантинӣ дорад, бояд худаш нозиронро огоҳ кунад, то он маҳсулот ҳуҷҷатгузорӣ гардад».
«Росселхознадзор» бо роҳбарии Сергей Данкверт бори аввал воридоти меваю сабзавотро аз Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 мамнӯъ эълон карда, моҳи июли он сол бекор карда буд. Маротибаи дуюм манъи воридоти меваю сабзавоти Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба гуфтаи коршиносон заминаи сиёсӣ дошта, барои фишор дар ҳалли қазияи халабонҳо истифода мешуд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, таҷрибаи панҷ соли охир нишон дода истодааст, ки масъулини Русия, мушкилоти сиёсияшонро бо кишварҳои гуногун бори додугирифти иқтисодӣ бо ин кишвар мекунанд. Дар чанд соли охир Русия дар пасманзари тезутунд шудани муносибатҳои сиёсиаш бо Гурҷистон, Молдова, Украина ва Белорус маҳдудиятҳои гуногуни иқтисодиро роҳандозӣ намуда буд. Аз ҷумла чанде пеш сарфи назар аз узви Иттиҳоди гумрукӣ будани Белорус, дар паи бад будани муносиботи сиёсияшон бо Русия миёнашон ҳудуди 40 маҳдудияти иқтисодӣ амал мекард. Айни ҳол Русия ташаббускори барномаҳои бузурги баҳамоӣ дар ҳудуди АвруОсиё ва ИДМ -Иттифоқи АвруОсиё буда, таъкид мекунад, ки он хусусияти сирф иқтисодӣ дорад.