Ҳамлакунандагон ба меҳмонхонаи "Кобул стар" дар минтақаи дипломатнишини пойтахт чанд сафоратхона, аз ҷумла сафоратхонаҳои Олмон, Бритониё, Ҷопон, дафтари намояндагии НАТО, парлумон ва ҳамчунин кохи Раёсатҷумҳурии Афғонистонро мавриди ҳамлаи рокетӣ қарор доданд. Мақомоти амниятии афғон гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо касе осеб набардоштааст.
Гурӯҳи Толибон бо пазириши ҳамлаҳои дирӯз ба пойтахт ва манотиқи мухталифи Афғонистон гуфтаанд, ки "даҳҳо бомгузори интиҳорӣ"-ро ба Кобул, Пактиё, Лугар ва Ҷалолобод ҷиҳати анҷоми амалиёти харобкорона фиристодаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба ҳамалоти дирӯзи Толибон ба манотиқи мухталифи Афғонистон онҳоро "як гурӯҳи тарсӯ" номид.
Вазорати умури хориҷаи Эрон низ хамлаҳои рӯзи якшанбе ба марказҳои давлатӣ ва дипломатӣ дар Афғонистонро маҳкум кард.
Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба хушунатҳои рӯзи якшанбе дар Афғонистон, изҳор дошт: «Теҳрон ҳамлаҳои терористӣ дар Кобул ва бархе дигар шаҳрҳои Афғонистонро маҳкум намуда ва танҳо роҳи ҳали мушкилоти амниятии Афғонистонро аз тариқи гуфтугӯ медонад».
Ин дар ҳоле аст, ки Кобул субҳи имрӯз низ бо садои чандин инфиҷори маҳиб аз хоб бедор шуд. Инфиҷорҳо ва тирандозӣ дар идомаи даргирии рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятӣ бо ҷангҷӯёни мусаллаҳи интиҳорӣ дар ду нуқтаи пойтахти Афғонистон мебошад.