Чун як талаботи рӯзноманигорӣ ироаи далелҳо мебошад, лозим аст, ки чанд мисолеро аз истисноӣ буданамон зикр кард. Чанд сол аст, ки дастгоҳҳои идеологиву таблиғотии мо рӯи чанд мафҳуми истисноӣ монёврҳои истисноӣ доштанду доранд. Яке аз он таъкид бар он, ки сиёсати ҳукумати мо хирадмандона аст. Намедонам ин таъбир ё таъриф бар пояи чи меъёрҳоест. Зеро дар таърихи инсоният беҳтарин таъриф барои сиёсат ин аст, ки он бояд одилона бошад. Вале мо бо таъриху тавсифи таърихии ин ё он мафҳум коре надорем.
Дар зимн дастгоҳҳои таблиғотӣ чунон корҳои истисноӣ мекунанд, ки ангушти ҳайрат мегазӣ. Ҳадди ақал ҳамин як талошҳои истисноии онҳоро барои пуштибонӣ аз ин ё он кор ва ё сиёҳу бадном кардани ин ё он шахсият метавон мисол овард. Таи ҳар ҳафта аз тариқи почтаи электронӣ ба идораи расонаҳо чандин мактуб аз номи муаллифони гуногун, аммо бо шаклу сабки навишти як ё ду нафар мерасад. Аммо шояд касе напурсад, ки ин мактубҳо оё воқеан ба нафъи онҳое мешавад, ки пуштибонӣ шуда ва оё воқеан пас аз хондани ин мактубҳо, масалан бар муқобили Кабирӣ ё Тӯраҷонзода, хонанда ба онҳо нафрат пайдо мекунад ё ба муаллифи мактуб? Аммо касе ба ин кор надорад, зеро мо истисноӣ ҳастем ва ҳамон тавр, ки мо хостем, ҳамон дуруст аст.
Таи як ҳафтаи ахир боз як ҳолати истисноӣ ба мушоҳида расид. Яъне ҳатто ҷинояткорҳоямон истисноӣ будаанд. Яке аз онҳо, ки перомуни садҳо ҳазор доллар сармоя доштанаш овозаҳо буд, аз як муҳоҷири меҳнатӣ 500 доллар қарз гирифта ба Тоҷикистон бармегардад, то худро таслими ниҳодҳои интизомӣ кунад. Бале манзурам ҳамон Низомхон Ҷӯраев аст, ки солҳо ниҳодҳои дахлдор натавонистанд ба Тоҷикистон баргардонандаш. Вале ӯ худ баргаштааст. Ҷолиб, ки баъди ворид шудан ба хоки Тоҷикистон эҳсос кардааст, ки як бори сангин аз рӯи шонаҳояш бордошта шуд. Охир магар ин нишони истисноӣ будан нест? Солҳо фирор мекунӣ ва бори сангине рӯи шонаҳоят. Касе нест бипурсад, ки о, бандаи Худо, чаро зудтар барнагаштӣ. Боз истисноӣ будан дар он аст, ки иқрор мекунад дигар намехост пайвандон, ба вижа модари пираш азоб бикашанд. Аммо вақте аз марзҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон гузашта ба Тоҷикистон наздик шуда, аз чи бошад ба фикри модари пираш намеуфтаду ба деҳаи Қистакуз рафта ва аз он ҷо рост ба Душанбе омадааст. Албатта касе намепурсад, ки агар ба фикри модари пират будӣ ва ба хотири ӯву хешон баргаштӣ, чаро аввал нарафтӣ ба зиёраташон? Зеро мо истисноӣ ҳастем ва ҳама чизро напурсида медонем…
Ба хотири бастани як масҷиди Тураҷонзодаҳо дар маҳаллаҳои атроф даҳҳо намозхонаро, ки ҳеч шароите барои масҷиди ҷомеъ будан надорад, масҷиди ҷомеъ эълон мекунем. Албатта коре ҳам надорем, ки шароит дорад ё не. Зеро муҳим бастани масҷиди Тураҷонзодаҳост. Бояд таъсири онҳоро дар ҷомеа заъиф кард, зеро мардумро ба иҷрои фармудаҳои Худо даъват мекунанд. Вале мо ба дунболи ин нестем. Мо худамон таъин мекунем, ки чи гуна бояд зист.
Мо аввалин миллате дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар афрӯхтем. Имрӯз ҳукумате, ки сари қудрат дорем, меросбари ҳамон ҷанги шаҳрвандист. Албатта тарафи муқобил дигар дорад ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида мешавад, зеро дар тантанаҳо бахшида ба оштӣ тамоми талош барои таблиғи як тараф, ки ҳоло ба арикаи қудрат такя зада, равона мешавад. Ҷангамон истисноӣ буду сулҳу ваҳдатамон низ истисноист.
Мансабдоромон низ истисноӣ, ки ҳама солҳои тӯлонӣ ба курсии мансаб часпидаанд. Бархе ба хотири хато аз мансаб барканор мешаванду ба мансаби дигар таъин мегарданд.
Мо истисноӣ ҳастем, ки дар минтақа аввалин роҳи пулакиро роҳандозӣ кардаем.
Мо истисноӣ ҳастем, ки дар аксари деҳоти кишвар беш аз 8-9 моҳ як ё ду соат нерӯи барқ дорему гӯё чизе нашуда бошад пайваста дар телевизион рақсу бозӣ мекунем.
Мо истисноӣ ҳастем, ки дар деҳа барқ несту барои мактаби деҳа ройона мехарем.
Мо дар ҷаҳон бузургтарину баландтарин парчамро дорем.
Мо корхонаи азимеро мақоми вижа додаему чархаи фаъолияташро дар ихтиёри як ширкати оффшорӣ гузоштаем. Медонем, ки ҳақи корхона аз истеҳсоли маҳсулот фақат як дарсади муайян, ё ҳақи истифодаи дастгоҳҳояш ҳасту бас. Вале иддао мекунем, ки фалон дарсади содироти кишвар ба маҳсулоти ин корхона тааллуқ мегирад. Ҳол он ки фоида на ба ҳисоби корхона ва на ба ҳисоби буҷа, балки ба ҳисоби он ширкати оффшорӣ меравад.
Мо дар бораи мансабдорони воломақоми худамон ҳеч чи гуфтан наметавонем, аммо дар бораи президентҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Белорус ва дигар кишварҳо чунон бо ҷасорат ҳарфҳое мегӯему менависем, ки аз ҷасоратамон ҳар паҳлавоне заҳракаф мешавад.
Мо воқеан истисноӣ ҳастем. Ҳоло ин хуб аст ё бад? Магар ҳамин ҳам ҷои пурсиш дорад?
Зафари Суфӣ