Дар ин нишаст, асосан мушкилоте, ки феълан дар рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, хусусан низоми андозбандӣ, имтиёзи соҳибкорон ҷиҳати дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии давлатӣ ба бахши хусусӣ, таҳрири бархе аз қонунҳое, ки ҳануз аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва дар ин замина мусоид намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар, баррасӣ гардид.
Кибриё Уроқова, намояндаи Бонки миллии кишвар, роҷеъ ба таъсири рушди низоми бонкӣ дар тавсеаи соҳибкорӣ сухан карда гуфт, ки қарзҳои додашудаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар соҳаҳои мухталиф дар моҳҳои январ- феврали соли равон 642,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 461,0 миллионаш ба бахши соҳибкорӣ рост меояд. Номбурда ҷиҳати беҳтар намудани шароити қарздиҳӣ барои рушди соҳибкорӣ чунин омилҳои роҳандозишударо дар кишвар таъкид намуд: «Паст намудани меъёри бозтамвил 9,8% то 9,0 (аз моҳи феврали соли 2012), коркарди санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароит барои қарздиҳӣ, кушодани сохторҳои хизматрасонӣ ва қарздиҳӣ дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои беҳтар кардани хизматрасонии бонкӣ». Кибриё Уроқова афзуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2011 дар кишвар 139 ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2010-ум 7% афзоиш ёфтааст, аз ҷумла 15 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 34 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд, 45 фонди қарзии хурд.
Бархе аз коршиносони масоили бонкдорӣ мегӯянд, айни ҳол дар низоми бонкдории кишвар мушкилиҳое ба назар мерасанд, ки дар рушди соҳибкорӣ таъсири худро мерасонад. Масъулини Бонки милли Тоҷикистон мегӯянд, мушкилоти асосии низоми бонкӣ ин боварии нокифояи аҳли ҷомеа ба бонкҳо, хусусан риояи сусти тартиби махфияти маълумот, сифати пасти хизматрасонии бонкҳо, нагузаронидани индексатсияи пасандозҳои қаблан дар бонкҳо нигоҳдошташуда, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ ва дастрасии захираҳои қарзӣ, аз ҷумла хароҷоти зиёди хизматрасонӣ, сатҳи баланди фоиз барои пасандозҳо, маҳдуд будани фаъолияти бозори молиявӣ ва ҳамчунин рақобати маҳдуд дар бонкҳо мебошанд. Ба қавли Табаралӣ Ғаниев, профессори илмҳои иқтисодӣ яке аз проблемаҳое, ки дар рушди соҳибкорӣ вуҷуд дорад, мавҷуд набудани иттилооти касбӣ барои соҳибкорон ва истифодаи технологияи навин дар фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Гузашта аз ин, номбурда иброз медорад, ки ҳавасмандкунонии соҳибкорон низ дар кишвар ба назар намерасад.
Гурӯҳе аз соҳибназарон рушд наёфтани бахши соҳибкориро дар роҳандозӣ нагардидани ислоҳоти ҷиддӣ дар ин самт арзёбӣ мекунанд. Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар суҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз намуд, ки фазои соҳибкории кишвар воқеан ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад: “Бо вуҷуди он ки ҳукумат дар ин самт барномарезӣ дорад, вале чандон ба нафъ нест. Ба хотири рушди соҳибкорӣ ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то ислоҳотро дар умури қонунгузории бонкиву молиявӣ ба роҳ монда, системаи молиявиро ҷойгузини системаи иқтисодӣ намояд». Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо барои ислоҳи вазъ корҳои зеринро бояд анҷом дод: Манъи воридоти маҳсулоте, ки дар дохили кишвар онро истеҳсол мекунанд; дуруст ба роҳ мондани сиёсати иқтисодии молиявӣ; Аз 5-6 дар сад боло набурдани фоизҳои бонкӣ барои соҳибкорони истеҳсолкунанда ва дар доираи имконоти бозоргонӣ муайян намудани тарифаҳои молиётӣ.
Алишер Зарифӣ