Тоҷикони Қазоқистон бо китобҳои таълимӣ бо забони модарӣ таъмин мешаванд
Дар ин бора, Ойгул Савлибоева, сардори раёсати маорифи Қазоқистони Ҷанубӣ зимни анҷоми сафар ба Тоҷикистон хабар дод. Гуфта мешавад, вазорати маорифи Қазоқистон мутобиқ ба барномаи давлатӣ маблағеро барои бознашр ва таъмини толибилмони тоҷиктабори ин кишвар ҷудо кардааст.
Ойгул Савлибоева мегӯяд, муддатест, омӯзгорони тоҷикзабони Қазоқистон дар пайи таҳрир ва таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои 2 ва 11 мебошанд. Онҳо китобҳои дарсиро дар шакли электронӣ таҳия карда, акнун барои тасдиқ ва гирифтани иҷозатнома ба Тоҷикистон омадаанд. Хонуми Савлибоева роҳбарии ҳайати шашнафараи омӯзгорони Қазоқистонро бар ӯҳда дошт.
Бино бар иттилои номбурда дар вилояти ҷанубии Қазоқистон 12 мактаб бо забони тоҷикӣ фаъолият дорад, ки аз он 3 мактаб пурра ба забони тоҷикӣ буда, боқимонда бо забонҳои тоҷикӣ-қазоқӣ, русӣ ва узбакӣ мебошанд.
-Теъдоди толибилмони тоҷиктабор дар вилояти ҷанубии Қазоқистон 3018 нафарро ташкил медиҳад,-мегӯяд Рано Абдураимова, директори мактаби №18-и ба номи Садриддин Айнӣ. Мактаби мазкур дар ноҳияи Сайрағоч воқеъ аст.
Вазорати маорифи Қазоқистон бо ҷудо намудани маблағ талаб кардааст, ки 20 фисади китобҳои дарсии тоҷикони ин кишварро бояд сиёсат ва адибони қазоқ фарогир бошанд. Аз ин хотир барои иштибоҳ накардан дар таҳия ва нашри китоб ҳайати омӯзгорони Қазоқистон ба Тоҷикистон омадаанд.
Қарор аст, ки китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ нашриёти «Жазоше»-и Алмаато мунташир намояд. Эсингалӣ Равшанов, раҳбари нашриёти мазкур низ бо ҳайати омӯзгорон ба Тоҷикистон омада буд. Дар сӯҳбат бо Озодагон номбурда гуфт, ки ҳадафи аслии сафари онҳо ба Тоҷикистон машварат бо мутахассисони тоҷик мебошад. Зеро ҳукумати Қазоқистон ноширон ва масъулини маорифро вазифадор намудааст, то толибилмонро бо китобҳои босифат таъмин намоянд. Ба қавли ҷаноби Равшанов ҳарчанд аз ҷиҳати молӣ аз нашри китобҳои тоҷикӣ даромад намеёбад, аммо аз ӯҳдадорӣ барои нашри китобҳо хеле хушҳол аст.
«Мо бояд аз ҳар номгӯи китоб 200 адад нашр намоем. Инҳо китобҳои забон ва адабиёт барои синфҳои 2 то 11 ва ҳамчунин китобҳои табиатшиносӣ, таърих, санъат, ҷаҳоншиносиву риёзӣ мебошад. Баъзе аз китобҳои дақиқ-физика, кимиё ва биологияро қарор аст дубора бо забони қазоқӣ нашр намоем. Зеро фурсат то соли нави хониш хеле кам буда, ҳоло имкони пурра тарҷума ва таҳия кардани тамоми китобҳои дарсӣ вуҷуд надорад»,- илова намуд, роҳбари нашриёти «Жазоше».
Эсингалӣ Равшанов мегӯяд, ки нашриёташ дар Қазоқистон нуфузи зиёд дошта, шахсан ӯ ба нашри китобҳои босифат бисёр алоқаманд аст ва барои ҳамин бо ҳайати омӯзгорон ба Тоҷикистон сафар кардааст, то толибилмони тоҷиктаборро бо китобҳои босифат таъмин намоянд. Дар Тоҷикистон гуфтугӯи лаҳҷавӣ зиёд буда, онҳо барои тартиби китоби адабӣ аз мутахассисони тоҷик ёрӣ хостаанд.
Абдусаттор Нуралиев, роҳбари ҷамъияти «Дӯстии Тоҷикистону Қазоқистон» талаботи давлати Қазоқистонро дар ин маврид дуруст арзёбӣ мекунад: «Китобҳо бо забони тоҷикӣ, аммо бо стандарт ва меъёр қазоқӣ бояд бошанд. Бигузор намояндаҳои худро ба китобҳои дарсӣ ворид кунанд, ин иқдом қобили дастгирист. Илова бар ин тоҷиктаборон ба унвони шаҳрвандони Қазоқистон набояд дар китоб бо ибораҳои «Тоҷикистон ватани ман» дучор шаванд. Зеро ин зидди сиёсати давлатии Қазоқистон мебошад, чун онҳо шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд».
Номбурда мегӯяд, ҳафтае қабл аз омӯзгорони вилояти ҷанубии Қазоқистон номае барои мусоидат намудан ба нашри китобҳои босифат дастрас намуд. Ҳайати омӯзгорони Қазоқистон хабар додаанд, ки барои анҷоми корҳои санадӣ ҳамагӣ 1 рӯз фурсат доранд. «Пас аз гирифтани нома банда бештар дар пайи баргузории гуфтушуниди онҳо бо масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон будам. Талош кардам, то бо дасти тиҳӣ барнагарданд. Корҳои ҳуҷҷатӣ анҷом ёфт, ду се мутахассиси Тоҷикистон барои ҳамкорӣ вазифадор мешаванд»,-мегӯяд роҳбари ҷамъияти «Дӯстии Тоҷикистону Қазоқистон».
Абдусамад Муллоев, сардори идораи таҳсилоти томактабии миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон аз иқдоми ҳукумати Қазоқистон барои таъмини толибилмони тоҷиктабори ин кишвар бо китоб ба забони модарӣ ҷонибдорӣ намуда гуфт: «Фурсат барои тақризи китобҳои омӯзгорони Қазоқистон хеле кам буд. Мо танҳо нимаи дуввуми 3-юми апрел аз сафари ҳамтоёни қазоқ бохабар гаштем. Онҳо бо расидан ба Тоҷикистон бо вазири маориф ва мутахасисони ин соҳа гуфтушунид анҷом доданд. Ҳамакнун қарор аст, ки ҳайати вазорати маорифи Тоҷикистон барои боз ҳам устувор намудани ҳамкорӣ бо маорифи Қазоқистон ба вилояти ҷанубии ин кишвар сафаре анҷом бидиҳад».
Рано Абдураимова, директори мактаби №18-и ноҳияи Сайрағоч аз чунин тасмими вазорати маорифи Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард. Ба бовари номбурда ин имконияти дар оянда бо китобҳои дарсии босифат таъмин намудани тоҷиктаборони Қазоқистонро кафолат медиҳад.
Рано Абдураимова мегӯяд, шароит ва нуфузи омӯзгорон дар вилояти ҷанубии Қазоқистон бисёр хуб аст.
«Моҳонаи миёнаи омӯзгор 350 -400 ва директори мактаб 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини ниёзҳои як хонавода кофӣ аст. Илова бар ин ҳукумати Қазоқистон барои омӯзгорон заминҳои кишт ҷудо кардааст, ки аз пардохти намудҳои андоз озод шудаанд. Барои мисол омӯзгорон танҳо барои истифодаи замин ва об андоз супорида, ҳосили кишту корашонро пурра худ мегиранд. Ҳамчунин вазорати маорифи Қазоқистон барои довталабони тоҷиктабор имтиёзҳоеро барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ ҷудо кардааст. Вазорати маорифи Қазоқистон барои сафарбар намудани муҳасиллини тоҷиктабор ба кишварҳои Аврупо назири Фаронса, Англия ва Олмон мусоидат карда, ҳамчунин дар донишгоҳҳои Қазоқистон ба ҳар довталаби тоҷиктабор 10 хол илова карда мешавад»,-афзуд вай.
Маврид ба зикр аст, нашриёти «Жазоше» ва маорифи Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Маҳмадулло Лутфуллоев дар соли 2005 китоби «Алифбо»-ро бо забони тоҷикӣ барои толибилмони синфҳои 1 нашр намуданд.
Ҳумайрои Бахтиёр