Вакилони Эрон ба Маҳмуди Аҳмадинажод бештар бо суолҳо дар мавриди сиёсати хориҷӣ, дохилӣ ва масрафи буҷаи давлатӣ муроҷиат мекарданд. Гуфта мешавад, ҷаноби Аҳмадинажод яке аз нахустин президенти Эрон аст, ки пас аз инқилоби исломӣ дар ин кишвар барои ҳисобот ба парлумон даъват шуд.
Ҳисоботи президенти Эрон назди вакилони мардумии ин кишвар аз ҷониби таҳлилгарони ба таври гуногун арзёбӣ гардид.
Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки амали ҳамтоёни эрониаш бештар хусусияти сиёсӣ дошт. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ парлумон ҳуқуқи даъвати раиси ҷумҳурро барои ҳисобот дорад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳисоботдиҳии Маҳмуди Аҳмадинажод танҳо ба хотири қоҳиши нуфузи вай миёни мардум анҷом ёфт.
"Шояд рақибони сиёсии Аҳмадинажод барои ҳисоботи президент дар назди вакилон талоши зиёд анҷом доданд. Шояд "хидмат"-и онҳо буд, ки Аҳмадинажод бо шунидани баъзе суолҳо дар ҳолати ногувор монд. Ба эҳтимоли зиёд барномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсие, ки тасмими ширкат дар интихоботи навбатии президентии Эронро доранд, тарҳрезӣ шудааст. Бо ноустувор нишон додани мавқеи Аҳмадинажод рақибонаш барои худ холҳои сиёсӣ ҷамъ карданд. Зеро вакилон аз Аҳмадинажод бештар дар мавриди мухолифаташ бо рӯҳонии Эрон Оятулло Хоманаӣ суол мекарданд", мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.
Вакили мардумии Тоҷикистон ҳамчунин даст доштани нерӯҳои хориҷиро дар ин амал баъид намедонад. Чунки дар ин авохир кишварҳои ғарб ва баъзе аз давлатҳои исломӣ талош доранд, то Эронро ҳамчун хатаре ба ҷаҳон ва минтақа муаррифӣ намоянд.
Вакилони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон суоле надоранд
Аммо дар Тоҷикистон баъд аз истиқлол бо хоҳиши вакилон ҳисобот додани раиси ҷумҳур боре ҳам таҷриба нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба парлумони Тоҷикистон паём мефиристад.
Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ки тибқи сарқонуни Тоҷикистон парлумон ҳуқуқ дорад, то барои шарҳи баъзе аз масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву иҷрои буҷаи давлатӣ аз президенти кишвар ҳисобот талаб намояд. Аммо вакилони мардумии Тоҷикистон то ба ҳол танҳо баъзе аз вузарои кишварро даъват кардаанду халос. Талаби ҳисобот аз президенти кишвар як амали қонунӣ ва ҳуқуқии вакилон мебошад.
"Албатта ин маънои онро надорад, ки дар робита ба ҳар масъала мо метавонем Эмомалӣ Раҳмонро ба парлумон даъват намоем. Барои даъвати раисҷумҳур бояд баҳонаи ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад. Аз ин ки то имрӯз парлумони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳисобот даъват накардаанд, инҷо танҳо гуноҳи вакилони мардумист. Онҳо ҳисоботи раиси ҷумҳурро дар робита ба масоили кишвар зарур нашумориданд. Агар вакилони мардумӣ то имрӯз иқдоме барои даъвати президент мекарданд, ба назир ман чунин пешниҳодашон ҳеч вақт ҷавоби манфӣ намегирифт", илова намуд Сӯҳроб Шарипов.
Дар ин маврид Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон назари дигар дорад. Ба бовари номбурда амалишавии чунин пешниҳоди парлумони Тоҷикистон шубҳаовар аст. Ба сифати далел номбурда аз рад шудани пешниҳодҳои шахсиаш ҳангоми қазияи халабони рус мисол овард. Он замон раҳбари ҲНИТ пешниҳод дошт, ки комисияи махсусе барои омӯзиши масоили муҳоҷирин таъсис ёфтаву муҳокимаи парлумонӣ бо ҳузури вазирони дахлдор баргузор гардад.
Вакилони тоҷик дар мавриди ҳисоботи президент ҳатто андеша надоранд
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки таҷрибаи парлумонии Тоҷикистон аз дигар давлатҳо фарқ дорад. Зеро давоми 10 соли охир боре ҳам нашудааст, ки сарвазири Тоҷикистон ҳатто як маротиба даъват шудаву назди вакилон ҳисобот ва ё гузориш диҳад. Дар долонҳои парлумон ҳам гуфтугузоре дар мавриди даъвати президенти Тоҷикистон барои ҳисобот нашудааст.
"Маъмулан дар парлумон вазироне даъват мешаванд, ки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар чандон нақши муҳим надоранд. Давоми ду давраи вакилӣ мушоҳида кардаам, ки барои муҳокимаи парлумонӣ ва ё ҳисоботи вазирон дар парлумон миёни вазоратҳо фарқият гузошта мешавад. Вазире, ки самт ва ҷойгоҳи хос дар ҷомеаи Тоҷикистон дорад барои ҳисобот ба парлумон даъват намешавад", илова намуд раҳбари ҲНИТ.
Дар ҳамин маврид Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон барои ҳисобот бештар ба иродаи сиёсии вакилони мардумӣ марбут аст. Дар сурати хоҳиш вакилон ҳар вақт метавонанд президенти кишварро даъват намоянд. Омилҳо барои даъвати президент низ вуҷуд дорад.
"Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар сол то сол дар ҳоли бад шудан аст. Аммо вакилони мардумии тоҷик ба ин амал даст намезананд. Онҳо барои даъват ва ҳисоботи президент чуръат нахоҳанд кард. Вале агар президент барои ин кор ташаббус нишон бидиҳад, хеле хуб мешавад", мегӯяд Абдулағанӣ Маҳмадазимов.
Раҳбари АМСТ мегӯяд, ки ҳатто дар сурати ҳозир шудани президент шубҳаовар аст, ки вакилон ошкорона фикру ақидаи худро баён созанд. Ба бовари номбурда аксари вакилон, ки барои интихобашон аз президент сипосгузоранд, дар сурати баргузор гардидани ҳисобот хомӯширо авлотар хоҳанд донист. Танҳо гурӯҳи хурди вакилон аз ҳисоби ҲНИТ, ҲКТ ва гурӯҳи ғайриҳизбӣ шояд тамоми андешаву суолҳояшонро ба президент бидиҳанд.
Барои аввалин маротиба нест, ки ҳангоми таҳлили воқеияти фаъолияти парлумон коршиносон миёни вакилони мардумӣ фарқият гузоранд. Беш аз ин бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аксари курсиҳои парлумони Тоикистонро аъзои ҲХДТ, ҳизби президент соҳиб шуданд, ки онҳо безаҳмат ва бо дастгирии ҳукумати иҷроия ба даст овардаанд. Ва ба ҳисоботдиҳӣ даъват намудани сардори давлат аз ин назар ғайримантиқӣ ва ғайривоқеӣ ба назар мерасад.
Ҳумайрои БАХТИЁР