Коҳиши содироти меваи хушк аз Тоҷикистон
Соли 2011 дар маҷмӯъ 25 миллион доллар аз ҳисоби содироти ин навъи маҳсулот ба даст омадааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2010 аз ҳисоби содироти меваи хушк ҳудуди 30 миллион доллар маблағ ворид гаштааст.
Яке аз сабабҳои коҳиши содирот ин паст будани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо дониста мешавад. Ахиран, дар мавриди сол то сол пойин рафтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров изҳори назар кард ва мушкилро дар набудани дастгоҳҳои ҳозиразамони коркард ва андози гарону санҷиши зиёди идораҳои тафтишотии давлатӣ арзёбӣ намуд. Дар ҳоле коҳиши содироти меваи хушк ба назар мерасад, ки сол то сол корхонаҳои коркарди мева бештар афзоиш меёбанд. Соли 2011дар ноҳияи Исфара як корхонаи нави дигар оид ба коркарди меваи тару хушк бо номи «Баракат» ба кор оғоз кард, ки дар шабонарӯз то 5 тон меваро коркард карда метавонад. Аммо бо ин ҳам нишондиҳандаи соли 2011 аз нишондоди соли 2010 паст аст.
Аз сӯи дигар ба андешаи таҳлилгарон сабаби коҳиши содироти меваи хушк ин таъсири таҳримҳои Русия, дар шахси Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии мебошад, ки бо баҳонаи вируси зарарнок доштани меваи хушки Тоҷикистон ба ҳукумати кишвараш тавсия дод, ки аз харидории он даст кашад. Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисоди Русия соли 2011 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону русия ҳудуи 9 фоиз кам шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд вируси меваи хушк баҳонае беш набуд, аммо барои содироти меваи хушк таъсири манфӣ расонид.
«Зиёрат»-и сохторҳои тафтишотӣ
Вале Русия танҳо кишваре нест, ки меваи хушки Тоҷикистонро харидорӣ мекунад. Меваи хушки Тоҷикистон ба Белорус, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои аврупоӣ низ содирот мешавад. Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки агар меваи хушк зиёд истеҳсол гардад, харидор дар хориҷ пайдо мегардад. Аммо сарвари иҷроияи Асотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов мушкили сари вақт содирот нашудани меваи хушкро ба таври дигар шарҳ медиҳад. Ба андешаи ӯ соҳибкорон барои содирот аз 8 то 15 нафар дар ҳамҷоягӣ фаъолият мебаранд. Вале ҳангоми ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд, ки ин ба рушди ин бахш мушкилиҳо ба бор меорад. ӯ мегӯяд, як соҳибкор барои омодасозии ҳуҷҷатҳояш якчанд ташкилотҳои дахлдорро аз ноҳия то маркази вилояти Суғд давр мезанад. Аз ҷумла палатаи савдо ва саноати вилоят, агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, идораи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, идораи санитарию эпидемиологӣ ва ғайраро бояд «зиёрат» кунад. Умуман шумораи ҳуҷҷатҳо аз 5 то ба 14 адад расида, такроран ба идораҳои номбурда пешниҳоди ҳуҷҷатҳо талаб карда мешудааст, ки аз ин сарсониҳо вақти зиёд сарф гашта, ба сари вақт содирот намудани меваи хушк мушкилиҳо эҷод менамудааст. Ба пешниҳоди вай агар ҳамин ҳуҷҷатгузориҳо тариқи почтаи электронӣ сурат мегирифт, раванди содироти меваи хушк хеле осон мегардид.
Ин бахш дар Хатлон рушд накардааст
Гуфта мешавад, ки асосан коркард ва содироти меваи хушк дар Тоҷикистон ба Суғд рост меояд ва дар маҷмӯъ бузургтарин содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ва меваи хушк ном бурда мешавад. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар як сӯҳбат гуфт, ки имконияти дучанд зиёд кардани нишондиҳандаҳо вуҷуд дорад, аммо барои ин дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот корҳо бояд вусъат ёбанд.
Вилояти Хатлон ҳам заминҳои зиёде дорад ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам аст, аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро дар коркарди мева саҳми назаррас надорад?
Ба андешаи соҳибкор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Сангалӣ Раҳимов корхонаҳои коркарди мева дар ин вилоят ба назар намерасанд ва таҷҳизоти корхонаҳо кӯҳнаву фарсуда шудаанд, ки иқтидори коркардро надоранд. Дар натиҷаи хусусигардонӣ қисме аз корхонаҳо валангор шудаву дар он макон хона бунёд шудааст. Вай иброз медорад, ки меваҳо мепазанд ва деҳқонон онҳоро ба бозор мебаранд, аммо қисми зиёди меваҳо дар як рӯз ба фурӯш намераванд ва рӯзи дигар онҳо кайфияти худро аз даст медиҳанд ва бо ҳамин исроф мешаванд. Дар ин сурат агар корхонаи коркарди мевае бошад, ки онҳоро гирифта коркард кунад ва ба шакли сок ё шарбат дар қуттиҳои замонавӣ онҳоро ҷой карда, ба бозор бароранд, ҳам ба фоидаи корхона асту ҳам ба манфиати деҳқонон. Вале аз он нигаронӣ мекунад, ки чунин корхонаҳо вуҷуд надоранд, ки деҳқононро барои парвариши меваву рушди ин соҳа ҳавасманд гардонанд.
Исфандиёр Халилӣ