Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон зимни баргузории конфронс гуфт, ки Афғонистон танҳо дар сурати берун рафтани нерӯҳои низомии Амрико ва НАТО метавонад амният ва суботро барқарор намояд.
Ҷаноби Аҳмадинажод ҳамчунин пешниҳод дошт, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ҳокимият бигзор ба давлат ва ҳукумати Афғонистон супурда шавад. Чун, давлат ва мардуми афғон барои идораи сарзамини худ қодиранд. Илова бар ин бигзор давоми 10 сол, ҳамасола 25 дарсад аз хазинаи низомиёни хориҷӣ ва НАТО дар Афғонистон ва ё 5 фисади хазинаи умумии Паймони эътилофи шимолӣ дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бигирад. Раисҷумҳури Эрон мутмаин аст, ки дар ин сурат мардуми Афғонистон сулҳу суботро дар қаламрави кишварашон барқарор ва нигоҳ хоҳанд дошт.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳайати Амрико бо раҳбарии Роберт Блейк, ёвари котиби давлатӣ ҳангоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод толорро тарк гуфтанд. Пас аз анҷоми суханронии раисҷумҳури Эрон ҳайати Амрико дубора ба ҷойи худ баргаштанд.
Дар робита ба ин Залмай Расул, вазири умури хориҷаи Афғонистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр намуд, ки суханони раиси ҷумҳури Эрон, ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажод оид ба берун кардани нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон ба фазои конфронс хеч таъсире надошт.
Дар ҳамсин маврид Фаррух Умаров, коршиноси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки конфронси RECCA 5 дар кишвари демократӣ сурат гирифта, вокуниши омрикоиҳо низ амри табиист.
Дар робита ба пешниҳоди Маҳмуди Аҳмадинажод коршиноси тоҷик гуфт, ки дар умум он пешниҳодот қобили қабул аст. Кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон бояд ҳузури иқтисодиашонро бештар кунанд, на ҳузури низомӣ. Ин воқеан ба манфиати Афғонистон аст, ки он мавриди амал қарор намегирад.
"Зеро дар сурати пардохти маблағ ва ё оғози ҳамкориҳои иқтисодии НАТО бардошт аз фаъолияти ин созмон дигар мешавад. Чунин хулосабарорӣ мешавад, ки НАТО дар Афғонистон воқеан даст ба ҷиноят зада аст. Аз ин хотир кишварҳои узви НАТО ва Амрико ҳеч вакт ин пешниҳодро қабул нахоҳанд кард", мегӯяд Фаррух Умаров.
Коршиноси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон роҳи дигари ёрии молӣ расонидан ба Афғонистонро пешниҳод намуд. Ба пешниҳоди вай барои рушди иқтисодии Афғонистон бояд як эътилофи байналмилалӣ бо шумули созмонҳои минтақавӣ (СҲШ, ЭКО) таъсис дода шавад.
Коршиноси тоҷик дар ҳоле аз ёрии молӣ ба Афғонистон мегӯяд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории конфронси RECCA 5 бештар аз амалӣ нагардидани асноди қабулшуда нигаронӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мутаасифона давоми чанд соли охир роҷеъ ба масоил ва мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зиёд баргузор гардидааст. Дар робита санадҳои зиёде қабул гардида, амалишавии онҳо ба назар намерасад.
Зимнан Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи Афғонистон қобили дарк аст.
"Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари Афғонистон ба сарзаминашон сару садои зиёде баланд мекунанд. Агарчӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ онҳо ҳазорҳо км дуртар аз Афғонистон ҷойгир шудаанд. Аммо Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст. Яъне тамоми хатари Афғонистонро ҳам мебинад ва ҳам эҳсос мекунад", илова намуд Қосими Бекмуҳаммад.
Номбурда мегӯяд, ки интиқоди раисиҷумҳур аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳони барои барқарор кардани вазъи Афғонистон ба маврид аст. Зеро зиёда аз 10 сол аст, ки созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ғарб ба зоҳир кӯмакҳое ба Афғонистон мерасонанд. Вале то имрӯз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пойдории амният ва ё аз байн бурдани терорризм дар ин кишвар мушоҳида намешавад.
Бо нишони эътироз тарк гуфтани толор аз ҷониби ҳайати Амрико зимни суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод маънои онро дорад, ки Амрикол омодаи шунидан ва пазируфтани пешниҳоди Эрон нест, мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.
Қосими Бекмуҳаммад пешниҳоди Маҳмуди Аҳмадинажодро дар мавриди кӯмак ба Афғонистон аз хазинаи НАТО-ро мантиқӣ мешуморад. Дар сурати пазируфтани ин пешниҳод НАТО исбот мекунад, ки дар масъалаи субот ва амният содиқ ҳастанд. Аммо ин пешниҳод ҳеч гоҳ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ қабул намешавад.
Дар ҳоле, ки харҷи имрӯзаи давлатҳои ғарб дар Афғониастон имрӯз 7 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Вале ин маблағ барои эҷоди инфросохтор ва ё беҳтар кардани вазъи мардуми Афғонистон масраф нашудааст.
7 млрд долларро амрикоиҳо ва кишварҳои узви НАТО бештар барои бунёди роҳҳо харҷ намуданд, ки тавассути он бештар молу маводи ниёзи низомиёнашонро мерасонанд.
Бештар аз 30 сол аст, ки Афғонистон ба унвони як нуқтаи доғи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад. Дар ин миён Амрико ва кишварҳои узви НАТО бо баҳонаи барқарор кардани авзо низомиёни худро вориди хоки Афғонистон карданд. Аммо бо "талош"-и зиёд онҳо наметавонанд вазъи Афғонистонро муътадил нигоҳ доранд. Ҳамасола теъдоди инфиҷор, қурбонӣ ва харобиҳо дар ин кишвар афзоиш меёбад. Зимнан гурӯҳе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки сулҳу субот дар Афғонистон танҳо дар сурати берун рафтани нерӯҳои хориҷӣ барқарор хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, таърихнигори тоҷик вазъ ба ин зудӣ дар Афғонистон ором нахоҳад шуд.
"Зеро тамоми абарқудратҳои ҷаҳон дар Афғонистон манфиати худро меҷӯянд. Баъид аст, ки кишварҳои абарқудрат ба хотири амният ва осоиш дар Афғонистон аз манфиати худ бигзаранд. То замоне, ки давлатҳои абарқудрат дар Афғонистон барои тақсими манфиат сари як мақсад наоянд, ин кишвар ором нахоҳад шуд", мегӯяд Нуралӣ Давлат.
Зеро Афғонистон як кишвар тарнзитӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Ҳоло кишварҳои абарқудрат талош доранд, то "Роҳи абрешим"-ро дубора эҳё созанд.
Албатта бо баҳони "барқарории сулҳ" дар Афғонистон давлатҳои ғарбӣ ҳамоишҳои зиёде баргузор намуда, маблағҳое ҳам чудо мекунанд. Аммо он ба манфиати мардуми афғон нест. Чунки асноди қабул гардида дар натиҷа чунин ҳамоишҳо ҳеч гоҳ мавриди амал қарор нахоҳад гирифт.
Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки Афғонистонро дар таърих беҳуда кишвари "мазори абарқудратҳо" наномидаанд. Номбурда ба тарки хоки Афғонистон кардани нерӯҳои низоми шубҳа дорад. Ба эҳтимоли зиёд абарқудратҳо дар Афғонистон ба як мақсад нарасида, ин кишварро ба қисмати: тоҷикнишин, паштунишин ва ӯзбаку туркманнишин пароканда кунанд. Зеро дар сурати тақсимбандӣ таҳти назорат гирифтани Афғонистон роҳат хоҳад шуд. Нуралӣ Давлат мегӯяд, ки барномаҳои сиёсии амрикоӣ барои тақсимбандии давлату миллатҳо низ кам нестанд ва онҳо дар ин ё он кишвари дунё таҷриба мешаванд.
ҳумайрои Бахтиёр