- Ҷаноби Абдуев, аввалан бигӯед, ки меъёрҳои интихоб ба ин намоишгоҳ чигуна буд ва Шумо аз рӯи кадом махсусиятҳо дар он ҳузур пайдо кардед?
- Ростӣ, банда аллакай муддати 10 - 12 сол аст, ки анқариб дар тамоми намоишгоҳҳои саноатии Русия, Чин, Туркия ва дигар кишварҳои пешрафта иштирок мекунам. Дар маҷмӯъ дар бештар аз 50 намоишгоҳи ҷаҳонӣ ширкат кардаам. Чун ширкати мо бевосита ба фурӯши маҳсулоти мебелӣ дар шакли яклухт ва чакана машғул аст, барои ҳамкорӣ намудан бо дигар соҳибкорони ҷаҳон бароямон иштирок дар чунин маъракаҳо муҳим аст. Ба Ҳиндустон ман бори аввал буд, ки аз тариқи ин намоишгоҳ сафар мекардам. Барои ширкат дар ин маърака маро яке аз дӯстони ҳиндииям Шафеъ, ки дар Тоҷикистон ӯ низ ба соҳибкорӣ машғул аст, роҳнамоӣ намуд. Баъдан бевосита сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон низ барои иштироки ман дар ин намоишгоҳ мусоидат намуд.
- Бовуҷуд, гуфтан мумкин нест, ки Шумо то ин замон дар бораи намоишгоҳи мазкур маълумоте надоштед. Агар чунин маълумоте доштед, барои чӣ иштироки худ дар онро зарур донистед?
- Дуруст аст, ки ширкат дар чунин маъракаҳо бидуни маълумоти қаблӣ маънӣ надорад. Ман ҳам то замони ширкат дар намоишгоҳ то ҷое медонистам, ки дар он чӣ маҳсулот ба тамошо гузошта мешавад ва ширкати банда ба "Атлант" чӣ манфиат меорад. Барои ман иштирок дар чунин иқдомҳо пеш аз ҳама табодули таҷриба аст. Аз ин хотир, пас аз иштирок дар чунин маъракаҳо касе гуфта наметавонад, ки манфиате ба даст наовард. Агар яке ба созишномаҳои муҳим даст ёфта бошад, дигарӣ ҳатман шарикони нави ҳамкор пайдо мекунад, ё барои тавсеаи кори худ ҳатман нуқтаҳои муҳиме дармеёбад.
- Пас бардошти умумиатон аз намоишгоҳи Ню - Деҳлӣ чигуна аст?
- Дар назари аввал чунин бардоште ҳосил мешуд, ки гӯё Намоишгоҳи маҳсулоти дастсохт ба фаъолияти тиҷоратии ман он қадар мувофиқ нест. Зеро ширкати мо бештар ва бевосита ба хариду фурӯши мебел машғул аст. Аммо дар ин намоишгоҳ хулосаи ман дигар шуд. Зеро шоҳид будам, ки ширкатҳои ҳаммонанд бо мо на танҳо ба фурӯши мебел, балки таҷҳизоти барои он зарурӣ низ машғуланд. Масалан, агар як ширкати мебелӣ агар ҳамроҳ бо корхонаҳои маҳсулоти дастсохт, аз ҷумла қолину рӯйпуш барои мебел ҳамкорӣ намояду ҳамаи онҳоро барои мизоҷон дар якҷоягӣ пешниҳод намояд, ҳам бурди ширкат мешавад ҳам аз харидор. Зеро мизоҷ дигар вақту маблағи барзиёд масраф нахоҳад кард. Дар маҷмӯъ ман бо ду- се корхона шартнома бастам, ки чунин намудҳои хидматрасониро пешниҳод мекунад. Барои ман намоишгоҳи мазкур имконияте фароҳам овард, ки бо нарх ва сифати маҳсулот аз наздик шинос шавам. Гуфтушуниҳои мо аллакай шурӯъ шудаанд ва ба воситаи Интернет идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар чунин намоишгоҳҳо хубтар мебуд бо намояндагӣ аз 6 - 8 бахши соҳибкории соҳаҳои мухталиф ширкат мекарданд. Чун ин даъфа танҳо ман ва ҳамсарам, ки муовини раҳбари корхонаи мост, иштирок доштем. Нақша дорам, бо ширкатҳои бузурги ҳиндӣ равобити ҳамкории худро тақвият бахшам. Аз ин хотир, агар сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва сафоратҳои кишварҳои дигар низ моро аз баргузории ҳамоишҳои ҳаммонанд огоҳ кунанд, бовар дорам шумораи тоҷирони тоҷик дар онҳо афзоиш хоҳад ёфт. Зеро тавре ишора кардам, ҳар кас аз чунин намоишгоҳ ҳатман чизе барои худ пайдо мекунад.
- То ҷое мо ҳам шоҳид будем, Шумо дар ин намоишгоҳ чандин ширкатҳои ҳамкор дарёфт кардед ва бо онҳо шартномаҳое низ ба имзо расондед. Ширкати "Атлант" пас аз баста шудани ин шартномаҳо боз бо кадом намудҳои нави маҳсулот ва хизматрасониҳоро пешниҳод хоҳад кард?
- Баъд аз баргашт аз ин сафар ман нияти бо бисёр корхонаҳои ҳиндӣ ба хусус кушодани як нуқтаи фурӯши либосҳои ҳиндӣ бо тамоми ороишоташро дорам. Инчунин мехоҳем як мағозаи махсуси фурӯши пойафзоли занонаро низ ифтитоҳ намоем. Зеро маро дар ин кишвар бештар аз ҳама сифати либосҳо бо нархи дастрас ба худ ҷалб кард. Вале ман якбора мехостам аз мушкилот ҳам ҳарф занам, ки садди роҳи мо соҳибкорони тоҷик ва равобити бештар бо ин кишвар шуда метавонад. Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистонро мебояд аввал аз ҳама хатти сайри тайёраҳои мустақим ба ин кишварро ҳарчӣ зудтар амалӣ кунад. Зеро айни ҳол роҳи ҳавоӣ тариқи Афғонистон ва шаҳри Алма-ато фаъол аст, вале ин талаботи соҳибкоронро қонеъ намекунад. Зеро тариқи ҳар ду ҳавопаймо тӯли 6- соат дар фурудгоҳ интизор кашидан кори осон нест. Мо роҳи оҳан ба ин кишварро низ надорем. Масъалаи боркашонӣ каме мушкил мегардад. Бубинед имрӯз чун ба шаҳрҳои гуногуни Туркия ва Чин сафар мекунам, хизматрасонии боркашонии онҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Онҳо ширкатҳои махсуси нақлиётӣ доранд, ки бевосита ба ин намуди хизматрасонӣ машғуланд. Аммо байни Ҳинду Тоҷикистон чунин намуди хизматрасонӣ вуҷуд надорад. Дар сурати ҳал шудани ин масъалаҳо мутмаинам, ки сатҳи ҳамкори байни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар хеле афзоиш меёбад. Аз ҷониби дигар, бардошти ман чунин аст, ки ниёз ба маҳсулоти ҳиндӣ дар Тоҷикистн хеле зиёд аст. Ман 18 сол аст, ки ба тиҷорат машғулам ва аксари вақт маҳсулотро аз Туркия меорам. Ҳоло мегӯям, ки сифати маҳсулоти ҳиндӣ назар ба туркӣ беҳтар аст ва бовар дорам онҳо дар Тоҷикистон харидори зиёде пайдо мекунанд. Аммо бо ҳал шудани масъалахои зикршуда мутмаинан метавон гуфт, ки бозори маҳсулоти ҳиндӣ дар Тоҷикистон ривоҷ хоҳад ёфт.
- Умуман фикри Шумо дар бораи маҳсулоти дастсохти ин кишвар чӣ гуна аст? Тавре медонем, дар гузашта Тоҷикистон собиқаи тӯлонии истифода ва истеҳсоли маҳсулоти мазкурро дошт. Вале ҳоло хеле кам аст. Оё дубора эҳё кардани ин бахши саноат то куҷо имконпазир аст ва он чи манфиатҳое барои ҷомеаи Тоҷикистон хоҳад дошт?
- Ба ин ақидаи шумо ман ҳам сад андар сад розӣ шуда метавонам. Чун маҳсулоти дастсохти ҳиндӣ хеле моҳирона ва аҷиб тайёр карда мешавад. Тоҷикистон ҳоло барои истеҳсоли чунин маҳсулот имконоти зиёде дорад. Бовар дорам ба наздикӣ соҳибкорони мо ба хулосаи қатъӣ меоянду бо истеҳсоли чунин маҳсулот дар дохил воридоти онро аз хориҷ коҳиш медиҳанд.
- То ҷое огаҳ шудам, Шумо бори аввал ба Ҳиндустон сафар намудед. Дар маҷмӯъ ин кишварро чӣ гуна дарёфтед ва ин сафар барои Шумо кадом паҳлӯҳои омӯзандаро ошкор намуд?
- Замоне дар мактаби миёна таҳсил мекардам, бештар ба фанни таърих шавқу рағбати зиёд доштам. Чун таърихи Тоҷмаҳалро ба ман муаллима нақл мекард, ман ҳамон замон андеша мекардам, ки оё имкони дидани ин ҷои бузургро Худованд ба ман насиб мегардонда бошад? Шукри Худо, ки аз тариқи ин намоишгоҳ ба ин орзуи кӯдакии худ расидам. Табиати ин кишвар ва зебоиҳои он аз як ҷониб тааҷубоваранд. Аз сӯи дигар далели он аст, ки мардумаш ба мушкилоти худ нигоҳ накарда, ҳамеша паи коранду барои рушди кишвар саҳмгузоранд. Ин далели ватанпарастии онҳост. Вагарна ба гармии тоқатфарсои Ҳиндустон на ҳар кас тоқат мекард. Ин ҳама хулосаи маро дар он бора, ки ҳар кас ва халқе, ки новобаста аз мушкилоти табииву воқеӣ мехоҳад кишвари худро рушд бидиҳад, боз ҳам тақвият дод. Танҳо меҳнат ва ватандӯстдорӣ имкони ҳалли мушкилот ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ватанро ба вуҷуд меорадСипеҳр Абдуев: Маҳсулоти ҳиндӣ метавонад ҷои моли туркиро бигирад, агар…
Чанде пеш дар шаҳри Ню - Деҳлии Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти дастсохт баргузор гардид, ки бо намояндагӣ аз ширкатҳои Точикистон раҳбари кулли ширкати "Атлант" Сипеҳр Абдуев ширкат дошт. Хабарнигори "Озодагон" Ҷамила Мирбозхонова, ки низ иштирокчии ин намоишгоҳ буд, пас аз поёни ин маърака бо мавсуф сӯҳбате анҷом дод. Фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем:
- Ҷаноби Абдуев, аввалан бигӯед, ки меъёрҳои интихоб ба ин намоишгоҳ чигуна буд ва Шумо аз рӯи кадом махсусиятҳо дар он ҳузур пайдо кардед?
- Ростӣ, банда аллакай муддати 10 - 12 сол аст, ки анқариб дар тамоми намоишгоҳҳои саноатии Русия, Чин, Туркия ва дигар кишварҳои пешрафта иштирок мекунам. Дар маҷмӯъ дар бештар аз 50 намоишгоҳи ҷаҳонӣ ширкат кардаам. Чун ширкати мо бевосита ба фурӯши маҳсулоти мебелӣ дар шакли яклухт ва чакана машғул аст, барои ҳамкорӣ намудан бо дигар соҳибкорони ҷаҳон бароямон иштирок дар чунин маъракаҳо муҳим аст. Ба Ҳиндустон ман бори аввал буд, ки аз тариқи ин намоишгоҳ сафар мекардам. Барои ширкат дар ин маърака маро яке аз дӯстони ҳиндииям Шафеъ, ки дар Тоҷикистон ӯ низ ба соҳибкорӣ машғул аст, роҳнамоӣ намуд. Баъдан бевосита сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон низ барои иштироки ман дар ин намоишгоҳ мусоидат намуд.
- Бовуҷуд, гуфтан мумкин нест, ки Шумо то ин замон дар бораи намоишгоҳи мазкур маълумоте надоштед. Агар чунин маълумоте доштед, барои чӣ иштироки худ дар онро зарур донистед?
- Дуруст аст, ки ширкат дар чунин маъракаҳо бидуни маълумоти қаблӣ маънӣ надорад. Ман ҳам то замони ширкат дар намоишгоҳ то ҷое медонистам, ки дар он чӣ маҳсулот ба тамошо гузошта мешавад ва ширкати банда ба "Атлант" чӣ манфиат меорад. Барои ман иштирок дар чунин иқдомҳо пеш аз ҳама табодули таҷриба аст. Аз ин хотир, пас аз иштирок дар чунин маъракаҳо касе гуфта наметавонад, ки манфиате ба даст наовард. Агар яке ба созишномаҳои муҳим даст ёфта бошад, дигарӣ ҳатман шарикони нави ҳамкор пайдо мекунад, ё барои тавсеаи кори худ ҳатман нуқтаҳои муҳиме дармеёбад.
- Пас бардошти умумиатон аз намоишгоҳи Ню - Деҳлӣ чигуна аст?
- Дар назари аввал чунин бардоште ҳосил мешуд, ки гӯё Намоишгоҳи маҳсулоти дастсохт ба фаъолияти тиҷоратии ман он қадар мувофиқ нест. Зеро ширкати мо бештар ва бевосита ба хариду фурӯши мебел машғул аст. Аммо дар ин намоишгоҳ хулосаи ман дигар шуд. Зеро шоҳид будам, ки ширкатҳои ҳаммонанд бо мо на танҳо ба фурӯши мебел, балки таҷҳизоти барои он зарурӣ низ машғуланд. Масалан, агар як ширкати мебелӣ агар ҳамроҳ бо корхонаҳои маҳсулоти дастсохт, аз ҷумла қолину рӯйпуш барои мебел ҳамкорӣ намояду ҳамаи онҳоро барои мизоҷон дар якҷоягӣ пешниҳод намояд, ҳам бурди ширкат мешавад ҳам аз харидор. Зеро мизоҷ дигар вақту маблағи барзиёд масраф нахоҳад кард. Дар маҷмӯъ ман бо ду- се корхона шартнома бастам, ки чунин намудҳои хидматрасониро пешниҳод мекунад. Барои ман намоишгоҳи мазкур имконияте фароҳам овард, ки бо нарх ва сифати маҳсулот аз наздик шинос шавам. Гуфтушуниҳои мо аллакай шурӯъ шудаанд ва ба воситаи Интернет идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар чунин намоишгоҳҳо хубтар мебуд бо намояндагӣ аз 6 - 8 бахши соҳибкории соҳаҳои мухталиф ширкат мекарданд. Чун ин даъфа танҳо ман ва ҳамсарам, ки муовини раҳбари корхонаи мост, иштирок доштем. Нақша дорам, бо ширкатҳои бузурги ҳиндӣ равобити ҳамкории худро тақвият бахшам. Аз ин хотир, агар сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва сафоратҳои кишварҳои дигар низ моро аз баргузории ҳамоишҳои ҳаммонанд огоҳ кунанд, бовар дорам шумораи тоҷирони тоҷик дар онҳо афзоиш хоҳад ёфт. Зеро тавре ишора кардам, ҳар кас аз чунин намоишгоҳ ҳатман чизе барои худ пайдо мекунад.
- То ҷое мо ҳам шоҳид будем, Шумо дар ин намоишгоҳ чандин ширкатҳои ҳамкор дарёфт кардед ва бо онҳо шартномаҳое низ ба имзо расондед. Ширкати "Атлант" пас аз баста шудани ин шартномаҳо боз бо кадом намудҳои нави маҳсулот ва хизматрасониҳоро пешниҳод хоҳад кард?
- Баъд аз баргашт аз ин сафар ман нияти бо бисёр корхонаҳои