Дар ҳалқаи «зиндони барфин»
Бино ба иттилои Раҷабалӣ Қулабеков, сарагрономи идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб тайи 1 моҳи охир дар ҳудуди минтақа зиёда аз ҳазор сар чорвои мардум бо ҷурми нарасидани хӯрокворӣ ҳалок гаштаанд.
Қулабеков мегӯяд, ҳарчанд шурӯъ аз соли гузашта мутахассисон таъкид мекарданд, ки зимистон сарду хунук меояду чорвопарваронро зарур аст хасу хошок ва дигар намуди хӯроки чорво захира намоянд, вале мутаасифона мардум ба он чандон аҳамият надод.
Гуфта мешавад, талафоти чорво ба хусус дар навоҳии кӯҳистон, Балҷувону Ховалинг, Муъминободу Шурообод зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола дар ин навоҳӣ ҳатто дар зимистон ҳам сокинон чорвои худро дар дашту кӯҳҳо мечарониданд. Аммо имсол до далели бориши зиёди барф, ки дар бархе минтақаҳо баландии он то 3 метр мерасад, ин кор имконнопазир шуд. Захираи хошок бошад, кайҳо ба анҷом расидаву гузашта аз ин, бо иллати поку тоза нагаштани барфу ях дар роҳҳои нақлиётгард, рустоиҳо дар «зиндони барфин» қарор гирифтаанд ва чораи баромадану харидории хасу хошок ва кунҷораву дигар хӯрокаи молро надоранд. Одамон ягона роҳи наҷоти чорвояшонро дар бо азоби алим аз барф тоза кардани талу теппаҳо ва даравидани алафи хушкшуда мебинанд.
Пирони кӯҳистонӣ мегӯянд, сардии зимистони имсола собиқа надорад. Буданд ҳолатҳое дар замони Шӯравӣ, ки миёнаи баҳор ва ҳатто дар тобистон низ барф боридааст. Аммо чорводорон азоби бехошокӣ намекашиданд. Зеро, агарчӣ хӯрокаи чорво басанда намебуд, ҳукуматдорон бо ҳар роҳу восита ба чорвопарварон кумак менамуданд ва хӯроквории чорворо таъмин мекарданд. Вале дар вазъияти имсола касе парвои одамону чорво надорад. Ҳокимони давр бошанд, ҳатто барои ошноӣ бо вазъият ва дилбардории раият назди аҳолӣ намераванд. Дигар барф медонаду одаму чорвову хасу хошок. Ягон намуди кӯмаку мадад то ба имрӯз аз ҷониби вазорати кишоварзӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои баромадан аз вазъият ба чорвопарварони минтақаи Кӯлоб нарасидааст. Ҳазорон сар гову моли мардум талаф шуда ва ин раванд идома дорад. Бояд гуфт, ҳамин мушкил дар ҳамаи ҷумҳурӣ, ҳам минтақаи Қурғонтеппаву ҳам Рашт, Бадахшону ҳам Суғд дар мушоҳида аст. Масъулин фармӯш кардаанд, ё шояд намедонанд, ки талафоти чорво дар зимистон, дар оянда ба вазъияти соҳаи хӯрокворӣ дар ҳамаи ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Нархи 1 кило гушт 10-сомонӣ
Дар ҳоли ҳозир, дар рустову қишлоқҷойҳо 1 кило гушт то ба 10 сомонӣ ва ҳатто 5 сомонӣ расидааст, вале онро ҳам харидор нест. Зеро агар аз як тараф гушти гову моли ҳалокшуда лоғару шиллиқ бошад, сабаби дигари ба савдо нарафтани гушт дар он аст, ки тақрибан дар ҳар як хонаводаи рустоӣ аз ҳамин мол даҳҳо сар фавтидааст. Рустоиҳои дурдасти кӯҳистон бо ҷурми баста шудани роҳи нақлиётгард аз барфу ях наметавонанд гушт ва ё молашонро ба минтақаи поиндашт фароварда ба савдо зананд, ҳарчанд, ки дар тагдашт ҳам эҳтиёҷ ба он надоранд. Зеро ин ҷо низ, бо ҷурми нарасидани ему хошок чорвоҳо мефавтанд. Ҳатто дар корхонаи ҳасиббарорӣ низ дигар гушт намехаранд. Кормандони ин муассисот гуфтаанд, ки ҳамарӯза гушти 3-4 сар гови лоғари ҳалокшударо ин ҷо меоранд, аммо чун қудрати истеҳсоли зиёди ҳасибро надоранд, наметавонанд ҳамаи он гуштро харидорӣ кунанд.
1 кило гушт шояд то 50-сомонӣ бирасад
Гуфта мешавад, дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, вилоятҳо, вазоратхонаҳову ҳукумати марказӣ ягон масъуле шумораи дақиқи молу чорвои дар зимистон талафшударо гуфта наметавонад. Зеро бо боварӣ мегӯем, ки ин гуна масъулиятро ҳеҷ нафаре ӯҳда накардааст ва нахоҳад кард. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ба саволи «барои пешгирӣ аз талафоти чорво чӣ чора андешидан доред», ҳамагӣ тақрибан як посух доштанд, «чорвои давлатӣ нест, ки ҳукумат чораандешӣ кунад. Молу гов карданд, худашон сарфарои кор раванд. Аз дасти мо ҳеҷ чиз намеояд».
Имрӯз, ки гӯнаҳкорони вазъяити рухдода зиёданд, вале ба гумон, касе гунаҳкор нест. Фавту муриши молу чорвои аҳоливу хоҷагиҳо ҳарчанд барои масъулин бефарқ аст, аммо тавре гуфтем, он дар оянда мушкилоти зиёде ба думбол меорад. Авлиё ва ё фолбин будан шарт нест, агар пешгӯӣ кунем, ки тобистони ҳамин сол қиммати гушт дар бозорхо то ба 40 сомониву аз он ҳам баланд меравад. Ва агар мехоҳем ё не он бевосита ба нархи дигар маҳсулоти ғизоӣ таъсир хоҳад расонид.
Аслиддин Достиев