Бо баланд гаштани ҳарорати ҳаво ва обшавии барф дар кӯҳу пуштаҳо хатари селзаниву фаромадани ярч сокинони навоҳии кӯҳистонро таҳдид мекунад. Ҳафтаи қабл бар асари болоравии сатҳи об дар рудхонаи Яхсу заминҳои наздиҳавлигии сокинони рустои Лоҳутии ноҳияи Ховалингзери об монда, манзили зисти як хонаводаи дигар комилан тахриб шуд.Тибқи иттилои аз ҳукумати ноҳия расида, молу амволи ин оилаҳо аз мавзеъи хатарзо берун оварда шуда, сокинони он ба минтақаи амн кӯчонида шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, шаби 25–ум ба 26-уми март сокинони деҳаи Дашти Ҷами ноҳияи Шӯрообод шаб то рӯз аз тарси канда шудани кӯҳпора ва фурӯ рехтани ярч бедорхобӣ кашида, азоби алим доштанд. Раҳматалӣ Назриев, як сокини ҳамин русто зимни як тамоси телефонӣ бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт: «Шоми 25-уми март мардум лағжиши хоку сангро дар кӯҳи болои деҳа мушоҳида карданд. Ярч оҳиста-оҳиста поён мефарояд, одамон молу колоашонро ҷамъ намуда, ба ҷойи бехавфтар мекӯчанд, вале бо фарорасии шаб, дар торикӣ дигар лағжиши хокро муайян карда намешавад. Мардум худашон прожектор оварда, ҷониби кӯҳ гардондаанд, вале бо сабаби набудани барқ, наметавон аз он истифода кард».
Ин ҳамсӯҳбати мо (Назриев) мегӯяд, раиси ноҳия Амирхон Икромов ба талаби сокинон барои кӯмак намудан дар интиқоли барқ гуфтааст, ки аз дасташ ягон кор намеояд, зеро интиқоли барқ аз онҳо вобаста набудааст. Аммо баъди як занги телефонии сокинон ба сардори идораи минтақавии «Шабакаҳои Барқи Кӯлоб» мушкили бебарқӣ дар вазъияти фавқуллода ҳалли худро ёфт.
-То субҳ бароямон барқ доданд, ки воқеан хеле бамаврид буд. Зеро дар равшании прожектор ҳам аз лағжиши ярч хабардор мегаштемва одамон ҳам тавонистанд кӯчу бандашонро ба ҷойҳои бехавф бикашанд,- мегӯяд Худойдод, як сокини дигари ҳамин русто.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 5-6 хонаи истиқоматӣ дар роҳи лағжиши ярч қарор дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба коми он равад. Гузашта аз ин, агар ярчфароӣ идома ёбад, эҳтимоли хароб намудани даҳҳо манзили зисти одамон аз эҳтимол дурр нест. Ба қавли мардуми таҳти хатар қарордошта, то ҳоли ҳозир аз масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи минтақа ва ҳукумати ноҳия ягон нафар ба суроғи эшон наомадааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Дашти Ҷам беш аз 300 оила бо шумули наздик ба 2000 нафар ба сар мебаранд. Вале ҳамин русто дар мавзеи хатарбор мавқеъ дошта, ҳар лаҳза лағжиши кӯҳ ва фаромадани ярч барои мардуми бумӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои шоҳидон, соли 1991-ум дар ин мавзеъ ярч фаромада, даҳхо манзили зисти одамон ва молу чорвои аҳолӣ зери лою гил монда буд.
Аслиддин Достиев