Бархӯрдҳои дугунаи ИМА ва Покистон
Дар поёни соли 2011 дар пайи он чй ки сардии робитаҳо миёни Амрико ва Покистон гуфта шуд, шабакаи шимол кушода шуд, то лавозимот ва тачҳизоти мавриди ниёзи низомиёни ғарбии дар Афғонистон буда, интиқол дода шаванд. Ин иқдом баъд аз он сурат гирифт, ки ҳавопаймоҳои НАТО бо ҳамла ба як постгоҳи марзбонии Покистон, даҳҳо марзбони покистонро ба ҳалокат расонданд. 26 ноябри соли 2011 ҳавопаймоҳои НАТО бо ҳамла ба як пости марзбонии Пикистон, дар марзи миёни ин кишвар бо Афғонистон, 24 сарбози неруҳои марзбонии Покистонро ба қатл расонаданд. Баъд аз ин ҳодиса Юсуф Ризо Гелонй, нахуставзири Покистон дар як нишасти фавқулодда бо ҳукумат ва намояндагони низомӣ эълом кард, ки дар барномаҳо, фаъолиятҳо ва тавофуқоти дипломатӣ, сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ бо Амрико ва НАТО тачдиди назар хоҳад кард. Аз ҷумлаи пайомадҳои ин ҳодиса он буд, ки Амрико дар навбати аввал пойгоҳи низомии худ бо номи "Шамсӣ", воқеъ дар ҷануб-ғарби Покистонро барчид. Исломобод ҳамчунин марзи худро бар рӯи мошинҳои НАТО, ки озими Афғонистон буданд, баст.Албатта, сардии муносибатҳои миёни Покистон аз як сӯ ва Амрико ва НАТО аз суи дигар, баъд аз кушта шудани Бин Лодан, оғоз шуд. Дар 2 майи соли 2011 десантҳои амрикойӣ ба махфигоҳи Усома бин Лодан ҳамла карданд ва ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар куштанд. Амрико доираҳое дар Покистонро муттаҳам кард, ки аз маҳалли пинҳонии бин Лодан хабар доштаанд. Кушта шудани 24 (бар асоси бархе оморҳо 26) низомии Покистон тавассути НАТО, бар сардии равобит миёни Покистон ва Амрико афзуд ва масири тронзити мошинҳои НАТО ва Амрико ба Афғонистон тавассути қаламрави Покистон баста шуд. Ин боиси он шуд, ки Амрико барои таъмини ниёзҳои низомиёни ғарбии дар Афғонистон буда масири чадиде аз тариқи қаламрави Русия ва Осиёи Марказй боз кунад. Дар ҳамин росто моҳи августи соли 2011 Марк Гросман, намояндаи вижаи Амрико дар Покистон ва Афғонистон тайи як сафари давраи ба минтақа, наҳваи тронзит аз ин қаламрав ва пардохти ҳақи тронзитро бо масъулони кишварҳо баррасӣ кард. Албатта қабл аз ин ҳама Амрико бо Русия тавофуқномаҳои заруриро имзо карда буд.
Марги Лодан ва нақшаҳои баъдии Амрико
Агарчй кушта шудани Бин Лодан тавассути неруҳои амрикоиро метавон бахше аз барномаҳои ба истилоҳ зиддитерористии Ғарб дар минтақа тавсиф кард, аммо ҳамла ба постгоҳи марзй ва кушта шудани даҳҳо марзбони Покистонро ҳаргиз наметавон як иттифоқ ё иштибоҳ арзёбй кард.Зеро дар ҳоле ки ҳузури бин Лодан сарфи назар аз махфикориҳои зиёд, тавассути хадамоти вижаи Амрико бо истифода аз пешрафтатарин тачҳизот ташхис дода шуд, оё метавон бовар кард ки ҳамла ба марзбонони покистонй як тасодуф буд?!Нигоҳе ба пайомадҳои ин ҳодиса ба хубй нишон медиҳад ки ин амр шабеҳи ҳамла ба бурҷҳои тиҷорат дар Ню Йорк (сентябри соли 2001) аст, ки заминаи лашкаркашии Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон ва Ироқро фароҳам кард.Ба баёни дигар ин саҳнасозй ба он хотир анчом шуд, ки баҳонае барои боз кардани масири бозгашти низомиёни ғарбй аз Афғонистон тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй, фароҳам шавад.Мақомоти мухталифи Амрико ҳар аз гоҳе ошкоро ё зимнй таъкид кардаанд, ки баъд аз соли 2014 низ дар минтақа хоҳанд монд.Аммо ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй ворид шудани он даста аз низомиёни НАТО, ки дар Афғонистон чангидаанд, кори соддае нест ва ба мухолифати шадиди Русия ру ба ру хоҳад шуд.Аз ин ру Ғарб ба истилоҳ равобити худ бо Покистонро сард кард, то бозгашти низомиёнаш аз Афғонистон ба воситаи қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро ба унвони як зарурат, асоснок карда бошад. Таътил шудани пойгоҳи "Шамсй"-и Амрико дар Покистон робитаи мустақим бо мавзуи тамдиди кардани замони фаъолияти "Манас" дар Қирғизистон дорад ва сафари ғайримунтазираи вазири дифоъи Амрико ба минтақа дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.Аммо ин ҳама иттифоқот замоне шакл гирифт, ки Путин - мухолифи сарсахти ҳузури Ғарб дар қаламрави Шӯравии собиқ, ҳанӯз дар пушти дарвозаҳои Кремл буд. Акнун Владимир Путин райисҷумҳури Русия аст ва барномаҳои ҳамгаройӣ дар минтақаро дар ростои эҳёи нуфузи Русия, ба марҳалаи ичро гузошта аст.Дар чунин шароите ин вокунишҳои Русия ба иқдомоти Амрико ҳастанд, ки дар таҳаввулоти минтақа нақшофаринӣ хоҳанд кард.
Аъзами Хуҷаста