Шодӣ Абдураҳимов, мудири китобхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод дар сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, шӯъбаи фарҳанги ноҳия қудрати харидории адабиёт ва китобҳои соҳавиро надорад: «Аввали ҳамин сол 87 нусха китобҳои аҳамияти сиёсӣ доштаро бароямон ройгон оварданд. Ҳамчунин, 100 нусха китоби «Адабиёт ва санъати ноҳияи Мӯъминобод»-ро, ки аз таъриху санъати ноҳия ва сокинони он хабар медиҳад, хостем харидорӣ намоем. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин шумораи китобро дар даст дорем, вале мутаасифона, маблағи пардохти онро надорем. Аз ин хотир, намедонем онро бигирем, ё не».
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар 20 бахши китобхонаҳои ноҳия 88. 067 нусха китоб мавҷуд будааст, ки ҳамагӣ адабиёти бадеиву сиёсии давраи Шӯрваӣ мебошанд. Аз ин шумора 9619 нусха адабиёти ҳизби коммунистӣ ва асарҳои Ленину Марксу Энгелс буда, наздики 42 ҳазори дигар китобҳои соҳавӣ мебошанд. Боқӣ адабиёти бадеии тоҷикиву русӣ ва узбакии нимаи асри гузашта будааст. Китобҳои замонавӣ тақрибан дар ягон китобхона нест. Абдураҳимов ҳатто намедонад, ки барои харидории китоб барои китобхонаҳо аз ҷониби буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо мешавад ё не?
-Шояд маблағ ҷудо шавад, аммо он ба ихтиёри мо нест. Дар шӯъбаи фарҳанг шояд хабар дошта бошанд,-мегӯяд ӯ.
Дар шӯъбаи фарҳанги ноҳия бошад, мудир ва муҳосибро дарёфт карда натавонистем. Сармутахассиси шӯъба Муродалӣ Давлатов гуфт, бо иллати нав ба кор таъин шуданаш, дар ин бора чизе намедонад. Дар ҳукумати ноҳия низ ба ин савол ягон масъуле ҷавоб надод.
Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи фарҳанг худ дар як бинои садамавӣ қарор доштаву ҳамагӣ як утоқи корӣ дораду бас. Бинои фарҳанг ончунон коставу вайрону чиркину дилгир аст, ки табъи бинанда ба як бор аз «фарҳанг»-и мӯминободиҳо хаста мегардад. Клуби фарҳангӣ бошад, дар як хоначаи гилину лойини дар дарозии 8 метру бари 4 метр ҷой гирифтаву ҳамагӣ камтар аз 20 ҷойи нишаст дорад. Гумони ғолиб бар он аст, ки дар ин клуб дар 100 соли охир ягон барномаи фарҳангӣ намоиш дода нашудаасту дар оянда ҳам нахоҳад дод.
Кормандони шӯъба то ҳол намедонанд, ки барои рушди фарҳанг аз буҷаи маҳаллӣ маблағ пардохт мегардад ё не. Аммо Давлатхӯҷа Мираҳмадов, сардори Раёсати молияи ноҳия мегӯяд, ки ҳамасола ба шуъбаи фарҳанг на камтар аз ним милён сомонӣ аз ҳисоби буҷа ҷудо мегардад ва он сари вақт маблағгузорӣ мешавад: «Тибқи нақша пешакӣ, барои соли 2012-ум ба ҳамин шӯъба 59.5510 сомонӣ ҷудо гардида аст. Гузашта аз ин, аз ҳисоби бақияпулиҳои даромад барои рушди фарҳанг боз ҳам ба қадри имкон маблағ мегузаронем», мегӯяд Мираҳмадов.
Ба гуфтаи кормандони шӯъба, тайи 3 моҳи фаъолият раиси тозатаъини ноҳия Пирмад Зарифов аз ин шӯъба, ки ҳамагӣ дар масофаи камтар аз 100 қадам аз утоқи кори раис ҷойгир аст, боре назар накардааст. Дар ҳоле, ки раиси ноҳия аз соҳаи муҳим бехабар асту гузашта аз ин, парвои он надорад, мусаллам аст, ки он аз таҳти назорат дур мондаву маблағҳои зиёди ҷудомешуда бо ҳамин иллат, беназоратӣ ва бемасъулиятӣ, низ назорат намешаванд. Вале деворҳои бинои шӯъбаи фарҳанг бошад аз 3 тараф чаппа шудан дораду аз тарафи чорум, соҳибкорон онро ғасб кардаву мағозаву ошхона бунёд кардаанд, аммо кормандони шӯъба бошанд, ҳамагӣ дар як утоқчае болои ҳам нишаста, гӯё фаъолият мекунанд.
Аслиддин Достиев