Агар гӯем, ки таи бист соли охир кишвари мо пешрафте надоштааст, аз рӯи инсоф нахоҳад буд, аммо фикри онҳоеро низ, ки барои хушомадзанӣ ба ҳукумат шароити Тоҷикистонро беҳтар аз замони Шӯравии собиқ арзёбӣ менамоянд, қабул намудан ҷуз худфиребӣ наметавонад бошад.
Онҳое, ки вақти худро сарфи тараннуми дастовардҳои замони истиқлол менамоянд, аз зиёд шудани миқдори мошинҳои сабукрав дар кишвар ва истифодаи аз ҳад беши телефони ҳамроҳ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат мисол меоранд. Аммо касе намегӯяд, ки ин мошинҳоро муҳоҷирбачаҳои тоҷик бо чӣ ранҷу машаққат ба даст овардаанд. Ин мошинҳои кӯҳнае ҳастанд, ки аксаран аз 2 то 4 ҳазор доллари амрикоӣ нарх доранд ва дар аксар маврид барои раҳоӣ ёфтан аз азоби муҳоҷират харидорӣ шудаанд. Яъне ба умеди бо роҳи кирокашӣ кашидани аробаи рӯзгор ва тарк намудани муҳоҷирати иҷборӣ. Албатта, мавридҳои аз рӯи ҳавову ҳавас харида шудани мошинҳо низ истисно нест. Аммо ба ҳеч ваҷҳ зиёд шудани миқдори ин кӯҳнамошинҳоро наметавон нишони пешрафти иқтисодиёт дар Тоҷикистон шуморид. Барои дарки он ки муҳоҷирбачаҳои тоҷик барои харидани як мошин чӣ ранҷҳоеро пушти сар намудаанд, танҳо бо чашми сар дидани рӯзгори эшон дар муҳоҷират зарур аст. Инҷониб дар сафарҳоям ба Русия борҳо аҳволи зори муҳоҷиронро дидаам. Аз ҳар як хобгоҳи муҳоҷирон, ки дидан намудам хостам акси хобгоҳ ва шароити зисташонро бигирам. Вале дар ҳама ҷо муҳоҷирон хоҳиш менамуданд, ки акси ҷои зисташонро нагирам. Яъне онҳо намехостанд, ки наздиконашон бидонанд, ки дар чунон як шароити бадтарин зиндагӣ мекунанд.
Муҳоҷир дуруст намехӯрад, намепӯшад, сарфа мекунад ва як мошинак мехарад, ба умеде, ки ба ин восита аз ранҷи дурӣ аз ёру диёр халос гардад. Оё пас аз ин метавон, зиёд шудани теъдоди мошинҳоро нишони рушди иқтсод шуморид?
Роҳбарони ҳукумат ҳам дар Тоҷикистон зимни ҳисоботҳояшон буҷаи 10-15 сол пешро бо буҷаи солҳои охир муқоиса намуданро дӯст медоранд, ки бубинед он замон чӣ қадар буҷа доштему ин замон чӣ миқдор. Аммо бародарон инсоф диҳед, ба гуфти халқ «ҳисобро муш набурдааст», мо низ медонем, ки вақте ҳукумати феълӣ сари қудрат омад кишвар буҷаи хеле ночиз дошт. Аммо давлат корхонаҳое дошт, ки миллиардҳо доллар арзиш доштанд. Оё чунин набуд?
Он замон ҳарчанд мамлакат ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ буд, аммо барқ ба таври ҳамешагӣ вуҷуд дошт. Миёни тамоми ноҳияву шаҳру деҳот нақлиёти мусофирбар фаъол буд. Шаҳрҳо бо низоми гармидиҳӣ ва гази табиӣ таъмин буданд. Аз ҳама муҳим ҳанӯз роҳҳои ҷумҳурӣ обод буданд. Ва муҳимтар аз ин ҳам Тоҷикистон қарздор набуд.
Ҳоло буҷаи давлат наздик ба 2 миллиард доллар расида, вале қарзи кишвар кайҳо марзи 2 миллиардро убур кардааст ва қарзи хориҷии Тоҷикистон наздик ба 40 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, ки аз назари коршиносон хеле нигаронкунанда мебошад. Ҳанӯз аксари аҳолӣ дар зери хати фақр ба сар мебаранд. Ҳануз ҳам дар ҷумҳурӣ синфи миёна ба вуҷуд наомада ва фисади ками дороён ҳарчӣ доротар мегарданд.
Агар масъулин солҳои қаблӣ ҳамаи камбуду норасоиҳоро бо баҳонаи «давраи гузариш» тавҷеҳ менамуданд, ҳоло тавҷеҳашон «Тоҷикистон давлати ҷавон» шуда аст. Касе аз масъулин андеша намекунад, ки охир ба ҷуз Русия ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ низ давлатҳои ҷавонанд, аммо тавонистаанд, ки мушкилоташонро бартараф созанд. Аммо роҳбарони мо то чанд домани мардумро бо ҳисобҳои аҷибу ғариб пур хоҳанд кард?
Пешрафтро бо ҳисобу ҳисобот наметавон исбот кард.Пешрафтро ба таври мушаххас, амалан бояд исбот намуд. Мардум танҳо он вақт пешрафтро эҳсос хоҳад кард, ки бо чашми хеш бубинад, ки хонааш гарм ва равшан аст. Фарзандонаш серу пуранд ва шароити хуби кору таҳсил доранд. Ҳамон вақте ҳис хоҳад кард, ки дар роҳҳои ободу ҳамвор ҳаракат намояд. Ва аз ҳама муҳимтар фарзандон дар канори гарми Ватан ҷои корӣ доимӣ ёбанду аз ранҷи ҳиҷрат озод гарданд. Хулас пешрафт вақте ба назар намоён мегардад, ки мардум зиндагии инсонвор ва дар айни рифоҳ дошта бошад.
Ё боз мо дар дарки мафҳуми пешрафт ғалат мекунем?
Азизи Нақибзод